Ду ҳамсоязан суҳбат доранд.
– Шавҳарам баъди тӯй дигаргун шуд, – ба шикоят оғоз намуд яке, – барои шумо ҷонам фидо, мегуфту ба салони зебоӣ меравам гӯям, бе пардоз ҳам зебо ҳастед, гуфта як сӯм надод, нокас.
Ҷароҳати дили зани дуюм тоза гашт:
– Мардҳо ҳама як гӯр. Ба салони зебоӣ рафтанӣ будам, гӯям ба ту ягон салони зебоӣ ёрдам намедиҳад, овора шуда чӣ кор мекунӣ, мегӯяд шавҳари пасту пачақи ман.
***
Меҳмонро ба дастархон таклиф карда мизбон мулозимат намуд:
– Гиред аз ин писта ва бодом, шиканед, хӯред. Шарм надоред! Меҳмононе, ки ба хонаамон меоянд, ҳар рӯз яккилоӣ пистаю бодом мешикананд. Бовар накунед, пучоқи аз меҳмони аввал мондаро нишон медиҳам.
– Бовар мекунам, бовар мекунам. Хеле сахӣ ва меҳмондӯст менамоед, – хушомад намуд меҳмон.
– Лекин, медонед, ҳозир нархи пистаю бодом дар бозор чанд пул...
***
Пагоҳирӯзӣ ба оина нигариста, шавҳар ба зан гуфт:
– Таҳи чашмам кабуд шудааст. Сахт, ки маст будам, бо кӣ ҷанг карданамро дар хотир надорам. Аз ин ҳол ҳайрон нашав, ҷавонӣ-да...
– Ман ҳайрон нестам, – гуфт зан бепарво. – Лекин ҳамсояҳо чӣ мегуфта бошанд? Шаб вақти маст ба хона баргаштанатон зери чашмҳоятон кабуд набуд.
***
Эълон дар дӯкон:
«Ба касе, ки аз дӯконамон лижаи кӯҳнавардӣ харид менамояд, як ҷуфт асобағал ройгон дода мешавад».
***
Зан:
– Нагуфта будам, ки берун аз меъёр нанӯшед.
Мард:
– Як шиша ба се нафар меъёр нест-чӣ?
– Гапатон рост бошад, ба ин аҳвол намеафтодед.
– Ҳар ду шарикам наомад. Шиша хафа нашавад гуфтам.
***
Роҳбар латифа мегуфт. Ҳама қоҳ-қоҳзанон механдиданд. Фақат як ходим намехандид. Роҳбар пурсид:
– Чаро шумо намехандед? Ё маънои латифаро нафаҳмидед?
– Ман аз пагоҳ дар ин идора кор намекунам, – гуфт ходим.
***
Шифокор аз бемор пурсид:
– Хоб чӣ хел?
– Хеле нағз,– гуфт бемор. – Ба аввали шаб хобида, бевақт хестан одат кардаам. Маза карда мехобам.
– Кор дар куҷо?
– Посбони шабонаам.
Тарҷума ва таҳияи Ш.ГУЛРУХСОР.