ЛАБОРАТОРИЯИ ТАШХИСГУЗОРИИ САРАТОН ДАР БУХОРО

Имрӯз дар олам усули иммуногистокимиёвии ташхисгузорӣ ба бемориҳои саратон ҳамчун яке аз роҳҳои боварибахштарин ва замонавӣ эътироф гардидааст.

Имрӯз дар олам усули иммуногистокимиёвии ташхисгузорӣ ба бемориҳои саратон ҳамчун яке аз роҳҳои боварибахштарин ва замонавӣ эътироф гардидааст.

Дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар қатори аввалинҳо дар мамлакат лабораторияи иммуногистокимиё созмон ёфт ва он бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардид. Гуфтан ҷоиз аст, ки бо ин усул намудҳои гуногун ва ҳолати бемориҳои онкологӣ тавассути онкомаркёрҳо ва роҳҳои муолиҷаи онҳо муайян карда мешавад. Табиист, ки фақат мутахассисони салоҳиятноку дорои дониши қавӣ ва малакаи воло метавонанд, самаранокии кори лабораторияро таъмин созанд. Бо ҳамин мақсад гурӯҳи олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Шимолию ғарбии ба номи И. Мечникови Русия бо сардории профессори кафедраи анатомияи патологии ҳамин донишгоҳ Р. Деев ба Бухоро омада дар давоми ду ҳафта ба мутахассисони оянда дар курсҳои таълимии татбиқи усули иммуногистокимиё сабақ омӯхтанд. Дар ин курсҳо баробари донишандӯзони донишкадаҳои тиббии  Бухорою Самарқанд кормандони шуъбаи вилоятии Маркази илмию амалии ихтисосонидашудаи ҷумҳуриявии онкология ва радиология таҳсил гирифтанд, аз дарсҳои маҳорати олимони хориҷӣ баҳрабардорӣ карданд.
Ин лаборатория бобати саривақт муайян кардани беморӣ ва муолиҷаи он, сарфаю сариштаи вақту маблағи беморон аҳамият дорад.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: