ЛАФЗИ АНБИЁ

Муҳаммад ШОДӢ

Забони ту забони ном ҳам нанг,
Забоншоҳест, к-онро Ҳафт авранг,
Забоне, ки чу гулдастаст хушранг,
Забони хос бар дунёи фарҳанг. 

Забони ту забони шоҳасарҳо,
Дурахши тоза бар чашми гуҳарҳо.
Натанҳо кабки рав, кӯҳу камарҳо
Дуохон бо забони ту саҳарҳо.

Забонро дӯст дорӣ, боварӣ ҳаст,
Ки инсонию инсонигарӣ ҳаст.
Либоси ҳарфҳоят оҳарӣ ҳаст,
Туро эҳсоси миллатпарварӣ ҳаст.

Забон андар даҳони туст то пок,
Ту покии дилу ҷон соз идрок.
Заминӣ гар, забон бишмор афлок,
Сиҳат то монад он, бинмой дил чок!

Дарӣ, пиндор, лафзи анбиё аст,
Забони покзоди авлиё аст.
Забони илму ирфону зиё аст,
Беҳин мерос бар мо аз ниё аст.

Ба дил мегӯ, дарӣ ин дилбариҳост,
Забони ҳуру ғилмону париҳост,
Баланд аз арш он бо муштариҳост,
Ҳамово қудс ҳар ҷо бо дариҳост.

Шакар ҳар ҷову қанди порс камёб,
На бӯйи гул, сипанди порс камёб.
Каломи дилписанди порс камёб,
Суханҳои баланди порс камёб.

Ба сар бигзор, эй тоҷик, тоҷат,
Барори тоза бар рушду ривоҷат.
Чӣ асли ту, ба гуфтан нест ҳоҷат,
Вале мафрӯш баҳри эҳтиёҷат –

Забонро, к-он нишон аз модари туст,
Забони модари меҳрофари туст!
Дили тоҷик, к-он гӯё бари туст –
Забони модари ҷонпарвари туст...  

Ба вазъе ҳам, ки ҳоли туст душвор,
Ба зери бор ҳастӣ ё таҳи дор,
Макун тоҷикии худ ҳеҷ инкор –
Иваз манмой “пӯст”-и хеш зинҳор.

Ту мафрӯш ин зару ин зеваратро,
Наафтон қадри дур(р)у гавҳаратро.
Ту бинмо ҳифз ин тоҷи саратро –
Забони сарбаланди модаратро!

***
Ҳамон, к-ӯ з-ӯ сухан абгор гардид,
Ба таври худ сухансолор гардид.

Пару боли сухан барканд оне
Навопардоз дар гулзор гардид.

Ҳамоне, ки суханро зери по сохт,
Баромад бар сару сардор гардид.

Сухан нагрифт оне, ки ба як пул,
Ғуруру фахри пулбозор гардид.

Суханро ҳар касе беобрӯ кард,
Гирифт оби рӯ – унвондор гардид.

Суханро, ки фурӯ аҳли шикам бурд,
Бимурд аҳли диле, ки хор гардид.

Ҳамон ки сӯхт бар дарди сухан, сар
ба болин монд, дилбемор гардид...

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: