ЛАҲНИ ДИПЛОМАТИИ ФУТБОЛ

Идораи хидмати дипломатии ВКХ Ӯзбекистон якҷоя бо Кумитаи миллии олимпӣ ва Ассотсиатсияи футболи ҷумҳурӣ мусобиқоти навбатӣ – XVI-ро байни намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии сабти ном дар Ӯзбекистон оид ба мини-футбол баргузор намуд.

Пас аз тамоми бозиҳои гурӯҳӣ дар нимфинал ҷамоаҳои ВКХ ҶӮ, ЮНИСЕФ ва сафоратҳои ИМА ва Кувайт бо ҳам қувва озмуданд. Ғолибони онҳо Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва сафорати ИМА байни ҳам қувва озмуданд ва ин талоши дипломатҳо ба ҳисоби 3:0 бо ғалабаи дипломатҳои Ӯзбекистон анҷом ёфт. Барои ҷойи сеюм ЮНИСЕФ ва дипломатҳои Кувайт талош намуданд ва ин бозӣ бо пирӯзии ЮНИСЕФ анҷом ёфт.
Беҳтарин бозингари мусобиқа Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, беҳтарин дарвозабон аз ҳайати дипломатҳои Арабистони Саудӣ Мишал ал-Энайзӣ шинохта шуданд. Аз ҷамоаи дипломатҳои Тоҷикистон дар номгӯйи бозингари ҷавонтарин Иқбол Имомӣ шинохта шуд.
– Мо пас аз панҷ соли танаффус дубора ҷамъ омадем ва ин мусобиқаро ташкил намудем, ки барои 13 ҷамоаи иштирокнамуда ба як ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфт, – мегӯяд муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Дилшод Аҳатов.

Э. ЗАЙНУДДИНОВА-МУРУВВАТОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: