ЛАҲЗАҲОИ ДИЛОВАРӢ

Фарзанди асили Самарқанд, Аълочии таълими халқ, сарбози байналмилал, соҳиби ордени «Ситораи сурх» Шавкатилло Ҳалимов ба шасти камолот расид.

Фарзанди асили Самарқанд, Аълочии таълими халқ, сарбози байналмилал, соҳиби ордени «Ситораи сурх»  Шавкатилло Ҳалимов ба шасти камолот расид.
Рӯзи 13-уми июл ёру дӯстон, хешу пайвандон, ҳамкасбону шогирдон, ҳамсангару ҳамяроқон ҷамъ омада, зодрӯзи ӯро тантанавор таҷлил мекунанд. Мо бо ҳамин муносибат чанд лаҳзаи ҳаёти соҳибҷашнро ба қайд гирифтем, ки муште аз хирвор аст.
Фасли гулрезу гулафзои соли 1987. Сарҳади Афғонистону Покистон манзараи дилфиреб дошт. Ҷӯйборҳо пуроб, сабзаҳо шодоб. Лолаҳои арғувонӣ лаб ба ханда моил ва паррандаҳо нағмасоро. Осмони беканор батамом софу беғубор буду ҳокими мутлақ – хуршеди нурполо шӯълапошӣ мекард.
Ба қисми онҳо супориш шуд, ки пеши роҳи корвони яроқу аслиҳаи душманро бигиранд, то ки ба ин силоҳ  мардуми бегуноҳи афғон ба ҳалокат нарасанд. Командири соҳибтаҷриба бист нафар сарбозонро интихоб карда, дар соҳили дарёи Гелмед мавзеъҳои муносибро пайдо карда, камин гирифтанд. Онҳо хобу осоишро фаромӯш карда, интизори «меҳмонони нохонда» шуданд. Ҳар лаҳзаи ҳаёти сарбозон, ба қавли Бедил «ҳамчун ашке дар сари мижгон»  хатарнок буд. Шавкатилло маҳз дар Афғонистон ба қадру қимати дӯстию бародарӣ, ёрии ҳамдигарӣ расид ва  дарси садоқату вафодориро омӯхт. Командир Сергей Зверёв тавассути ратсия ба марказ доир ба мавқеи ишғолкарда  хабар мерасонд.
Субҳидам корвони нақлиёти боркашони «Тойота» аз ҷониби Покистон гузашт. Фурсате нагузашта бо фармони командир муборизаи шадид оғоз ёфт. Ба ҷойи паррандаҳои хушхон автомату туфангҳо «ба сайр» даромаданд. Таркишҳо оромии субҳи содиқро халалдор карданд. Воқеан, сарбози самарқандӣ ба ҷойи таъиншуда омадан ҳамоно зуд ба муҳити нав одат кард, вазъияти ҳарбиро омӯхта, бо ҳамяроқон риштаи дӯстиро мустаҳкам сохт. Ҳамсангарҳо аз нигоҳи якдигар рамуз гирифта, амалиёти ҳарбиро идома медоданд. Онҳо бо минамётҳои худ фосила ба фосила оташ мекушоданд. Хушбахтона, чанд адад чархбол ба мадад омад ва душман торумор гардид. Бисёр силоҳу аслиҳаи душман мусодира шуд, ки истеҳсоли Англия ва Амрико буд. Шавкатилло Ҳалимов барои ҷасорат ва диловарӣ ба ордени «Ситораи сурх» тавсия гардид. Ӯ аз командираш, ҷавони рус Сергей миннатдор буд, ки бо вуҷуди сахтгир, қатъӣ, ҷиддӣ будан, ниҳоят дилсӯз, адолатпараст, ҷавонмарди бо аҳду вафо буду ба дилу дидаи ҳамяроқон роҳ ёфта метавонист. Ҷидду ҷаҳди зердастонро дида ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки онҳоро рӯҳбаланд созад. 
Шавкатилло худ надонист, ки чӣ тавр ду соли хизмат гузашт. Зеро вақту замон пуртаҳлука буда, дар гирду атроф якчанд дастаи душманон мегашт. Аҳолии деҳот, ки аз таҳдиду шиканҷаҳои нохалафон хаста шуда буданд, дар хусуси ҳуҷуми гурӯҳҳои душманон маълумот меоварданд. Шавкатилло бо онҳо ба забони модариашон сӯҳбат ороста, ба муҳтоҷон кӯмаки ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ мерасонд.
Дар Афғонистон заду хӯрдҳо пуршиддат, душвору фоҷиавӣ буданд. Афсӯс, ки вай шоҳиди шаҳид шудани чанд нафар ҳамсангарон гардид, ашки ҳасрат низ рехт. Ҳамсари вафодораш Гулнора Наимова нахустфарзандаш Шерозро сахт ба оғӯш кашида, аз офаридгор ба ивази муҳаббати поку самимӣ илтиҷо мекард, ки ҳамсараш сиҳҳату саломат ба оғӯши оила баргардад.
Хушбахтона, Шавкатилло Ҳалимов бо рутбаи лейтенанти калон ба зодгоҳ омад ва он рӯз хурсандии аҳли оила интиҳо надошт. Ҳама шодӣ мекарданд, шукрона мегуфтанд, ки писари азизашон сиҳҳату саломат баргаштааст. 
Шавкатилло дар ташкилоти ҷавонони ноҳияи Самарқанд фаъолияти меҳнатиашро идома дод. Барои дар рӯҳи ватанпарварӣ тарбия кардани насли наврас саҳми арзанда гузошт. Ҳамон солҳо дар ноҳия иттиҳодияи ҷанговарони байналмилал бо номи «Сиёвуш» таъсис ёфт. Вай яке аз фаъолони он гардид. Дар шаҳраки Гулобод хиёбони шаҳидон бунёд шуд, ки асосгузори он ҳокими ноҳия Раҳима Ҳакимова буд.
Ҳоло Шавкатилло Ҳалимов дар мактаби рақами 47-уми ноҳияи Самарқанд ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат аст. Инчунин ба толибилмон аз фанни риёзӣ сабақ медиҳад. Чанд нафар шогирдонаш ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамсари омӯзгораш Гулнора Наимова чор нафар фарзандонро таълиму тарбия додаанд. 
– Шавкатилло Ҳалимов дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол аст, – мегӯяд собиқ раиси иттиҳодияи ҷанговарони байналмилал Ҷаъфар Ҷабборӣ. Инсони ниҳоят хоксору дилёб, савобталабу шуҷоъ мебошад. Зимни иҷрои вазифаи байналмилалӣ дар сарзамини афғон таҷрибаю малакаи ҷавонмардӣ андӯхтааст. Лаҳзаҳои диловарии ин родмарди Ватан  барои насли наврас дарси ибрат, дарси садоқат аст. 

Мусаввара 
ДАВРОНОВА,
сарвари таълимгоҳи рақами 47-уми 
ноҳияи Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: