ЛАҲЗАҲОИ ФАРОМӮШНОПАЗИР

Бардошт аз маҳфили шеъру суруд ва шоми дӯстӣ бахшида ба 110-умин солгарди рӯзи таваллуди шоири маъруфи тоҷик, восифи сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии зодрӯзи шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ, ки Маркази миллию мадании тоҷикони ҷумҳурӣ, бахши вилоятии он бо ҳамкории ҳокимияти вилояти Ҷиззах, ҳокимияти ноҳияи Фориш ва шуъбаи таълими халқи ноҳия дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 14-уми деҳаи Ӯхм баргузор карданд.

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!..
  Лоиқ.
Бардошт аз маҳфили шеъру суруд ва шоми дӯстӣ бахшида ба 
110-умин солгарди рӯзи таваллуди шоири маъруфи тоҷик, восифи сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии зодрӯзи шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ, ки Маркази миллию мадании тоҷикони ҷумҳурӣ, бахши вилоятии он бо ҳамкории ҳокимияти вилояти Ҷиззах, ҳокимияти ноҳияи Фориш ва шуъбаи таълими халқи ноҳия дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 14-уми деҳаи Ӯхм баргузор карданд.
 
Мирзо Турсунзода аз зумраи шоиронест, ки як умр сулҳу дӯстиро тараннум намудааст. Вай дар адабиёти муосири тоҷик хидмати бемисл карда, яъне корҳои шоёну шоистаи Устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуровро андар шинохти халқи тоҷик дар масири таърих идома бахшидааст. Шоир ҳар куҷое, ки мерафт, ӯро мардуми шеърпараст гарм пазироӣ мекарданд. Ба таъбири шоири маъруф, шодравон Бозор Собир:
Халқ бар шеъри тару бар 
гармии дидори ӯ,
Чун ба иқлими Ватан бисёр 
 одат карда буд.
Ҳар куҷое буд Турсунзода 
Мирзо халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, 
Мирзои Турсунзода буд.
Мирзо Турсунзода шеъру достонҳои бисёре гуфтааст, ки дар онҳо мавзӯи дӯстии халқҳо ҷойгоҳи сазовор дорад. Аз ин рӯ ӯро сарояндаи дӯстиву шоири сулҳпарвар меномиданд.
Дигар ин ки Мирзо Турсунзода ҳамеша аз ҷавонони боҳунару соҳибистеъдод пуштибонӣ мекард. Барои ба саҳни бузурги адабиёт ворид шудани онҳо кӯмак мерасонд. Яке аз чунин ҷавонон, бешубҳа Лоиқ Шералӣ буд. Баъдтар худи Лоиқ дар ин бора чунин ёдовар шудааст: «Фурсате, ки бо устод Мирзо Турсунзода бори нахуст вохӯрдам, барои ман лаҳзаи фаромӯшнопазир мебошад». 
Лоиқ Шералӣ ягона шоирест, ки ҳанӯз китобе чоп накарда, бо шеъри «Ба модарам» ба узвияти Иттиҳоди нависандагон пазируфта шудааст.
Ашъори Лоиқ Шералӣ ба дараҷае ҷаззоб аст, ки қариб ҳар як фарди тоҷик аз онҳо пораеро аз ёд медонад. Ҳофизони зиёд шеърҳояшро ба оҳанг дароварда сурудаанд.
Маҳфили шеъру суруд ва шоми дӯстиро раиси Маркази миллию мадании тоҷикони вилоят Абдукарим Шарифов бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас ҳокими ноҳия Икром Матиев дар бораи аҳамияти ин қабил маҳфилҳо  барои мустаҳкамсозии дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии халқҳо чанд сухан гуфт. «Бародарони тоҷики мо ҳам баҳри равнақу пешрафти кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Дар ноҳияи мо ҳам нуфузи онҳо назаррас аст», – гуфт ӯ.
Раиси Маркази миллию мадании тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова дар бораи решаҳои амиқу қарини ин ду халқи бародар суханони самимӣ гуфт.
– Хушбахтона, равобиту ҳамкории миёни ду кишвар тайи солҳои ахир бо ташаббуси сарварони ду давлат ва ба хусус ибтикори Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев беҳтар гардид. Ва ин ҳамкориҳоро мо дар ҷодаи фарҳангу адабиёт низ мушоҳида мекунем, – гуфт ӯ. – Ду намояндаи барҷастаи адабиёти тоҷик барои рушду инкишофи он саҳми босазо гузоштаанд.
Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, барандаи орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯст-лик»-и ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, шоир Паймон дар бораи мавқеи ин ду шоири зиндаёд чанд ҳарф зад:
«Мирзо Турсунзода то соли 1947 шоири тоҷикистонӣ буд. Вақте ӯ ба Ҳиндустон рафту як силсила шеъру достонҳо оид ба ин кишвар эҷод кард, ба шоири ҷаҳонӣ табдил ёфт, шоири байналмилалӣ гардид. Лоиқ низ чун шогирди муносиби устодаш Мирзо Турсунзода сермаҳсул эҷод кард. Шеъру достонҳои «Писари Ватан», «Ман аз Шарқи озод», «Қиссаи Ҳиндустон», «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», «Ҷони ширин» ва дигари устод дар байни мардум ҳар қадар маҳбубият пайдо карда бошанд, маҷмӯаҳои шеърии устод Лоиқ «Нӯшбод», «Соҳилҳо», «Хоки Ватан», «Хонаи дил», «Хонаи чашм», «Офтобборон»,» Дасти дуои модар» ва ғайра ҳамон андоза аз ҷониби ҳаводорони шеър бо дилгармиву муҳаббат истиқбол шудаанд».
Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, соҳиби медали «Шуҳрат», масъули бахши адабиёт ва ҳунари рӯзномаи «Овози тоҷик», шоир Абдулло Субҳон ҳам бо такя ба шунидаву хондаҳои хеш нисбат ба ин ду суханвари бузург гуфт, ки агар гӯем Тоҷикистон ва умуман Осиёи Миёнаро аҳли олам тавассути Мирзо Турсунзода мешинохтанд, муболиға намешавад. Ба ин гуфтааш як нақлро аз рӯзгори академики шодравон Муҳаммад Осимӣ мисол овард, ки баъди ба забон гирифтани номи Мирзо Турсунзода дар тайёра  ҳамсуҳбаташ аз Тоҷикистон вуқуфият пайдо мекунад.
Қироати шеърҳо аз ҷониби Паймон ва Абдулло Субҳон ба ҳозирин шавқу завқ бахшид.
Мушоираи хонандагони синфҳои болоии на танҳо мактаби мизбон, балки макотиби меҳмон аз деҳаҳои Синтобу Соб чунон тӯл кашид, ки хонандагони чор мактаби дигар шеърҳои аз бар намудаашонро натавонистанд қироат кунанд. Дурии роҳ ва маҳдудияти вақт ба идомаи тӯлонии лаҳзаҳои гуворо монеъ гашт. Мо умед мекунем, ки онҳо ҳаргиз рӯҳафтода намешаванд. Муҳим он аст, ки онҳо бисоти худро бо якчанд шеъри ин устодони сухан ғанӣ гардониданд.
Ҳунарнамоии  гурӯҳи машҳури ҳунарии «Мавригӣ»-и Бухоро ва овозхони хушсалиқа Дилмурод Қузиеву писараш Фирдавс, рақсҳои ҷолиби раққосадухтарон ба маҳфил ҳусну шукӯҳ бахшид.
Дар охир ифтихорномаҳо ва зиёда аз 400 китоби тозанашр аз ҷониби Маркази миллию мадании тоҷикони ҷумҳурӣ ва ҳокимияти ноҳияи Фориш ба хонандагони шеърхону китобхонаҳои мактабҳо тақдим карда шуданд. Китоб ва ифтихорномаҳоро ба якояки хонандагон, роҳбарону китобдорони фаъолу мактабҳо ҳокими ноҳия Икром Матиев, раиси Маркази миллию мадании ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова ва раиси Маркази миллию мадании вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов супурданд. 
Шубҳае нест, ки ин лаҳзаҳои фаромӯшнопазир дер гоҳ аз хотири толибилмону омӯзгорони мактабҳо ва иштирокдорони дигар зудуда намешаваду ному эҷодиёти ин шоирони шаҳир дар дили ҳаводорони шеър ҷовидон хоҳад монд.
Зеро, беҳуда нагуфтаанд:
Зиндаву ҷовид монд ҳар 
кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр 
зинда кунад номро,..
 
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах.
 
Суратгир: 
Р. ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: