15 феврали соли 1989 қӯшунҳои маҳдуди шӯравӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуданд. Қаҳрамони ин гузориш Илҳомҷон Ваҳҳобов дар хориҷ намудани он бевосита ширкат намудааст.
Соле, ки накӯст
Илҳомҷон Ваҳҳобов дар мактаби рақами 41-уми зодгоҳаш – деҳаи Талибарзу таҳсил мегирифт ва пайваста бо варзиш машғул мегашт. Аз комёбиҳои ӯ на танҳо мураббиён, инчунин волидайну маъмурияти мактаб низ меболиданду фахр мекарданд. Мутолиаи китобҳои бадеиро дӯст медошт.
Аз имтиҳонҳо гузашту донишҷӯйи факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Ғайр аз таҳсил пайваста бо варзиш машғул шуд ва дар корҳои ҷамоатии донишгоҳ фаъол иштирок кард. Дар арафаи гирифтани дипломи мактаби олӣ ӯро ба идораи бехатарии давлатӣ даъват намуданд.
– Мо, шумо ва аҳли оилаатонро чанд муддат омӯхтем, – гуфт яке аз масъулони ин ташкилот. – Тавсифномаҳо — аъло. Акнун бо роҳхат ба пойтахти Белоруссия – Минск рафта, дар мактаби махсуси тайёрӣ таҷриба зиёд мекунед. Баъд ба куҷо ва чӣ кор карданатон ба Маскав вобаста аст.
Курси кӯтоҳмуддат зинаи аввали омӯзиш ва аз худ кардани хислатҳои пуртоқатӣ, интизом, қатъият, сайқал додани маҳорати ҳарбӣ будааст. Вай душворӣ мекашид, аммо муаллимони сахтгир, вале дилсӯз ба дилу дидаи шогирд роҳ ёфта, ӯро бо суханҳои гарм рӯҳбаланд менамуданд.
Илҳомҷон бо тавсифномаи хуб ба Самарқанд баргашт. Дере нагузашта боз ба Маскав рафт. Ӯро дар идораи кумитаи бехатарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфтанд.
– Шумо бояд ба Эрон мерафтед, – гуфт ходиме, ки рутбаи генералӣ дошт, – аммо қарорамон тағйир ёфт. Ба Афғонистон меравед.
– Чӣ хел? – ҳайрон шуд Илҳомҷон. – Ду нафар кӯдак ва ҳамсар дорам. Сониян додарам дар Афғонистон аст.
– Шумо узви ташкилоти ҷавонон, – лабханд зад генерал, – ҳуқуқи сартобӣ аз амри ҳизб ва Ватанро надоред. Фаҳмо?!
Илҳомҷон ба гирдоби андеша фурӯ рафт. Аз як тараф бо амри тақдир, мабодо, ятим мондани фарзандонашро фикр мекарду аз тарафи дигар бо додараш Бахтиёрҷон дида ба дидор расиданашро пеши назар меовард.
– Пас аз се рӯз аз Тошканд ба Кобул парвоз мекунед, – гуфтани мусоҳибаш ӯро ба худ овард, – Худо ёратон бод!
Ҷон дар кафи даст
Тайёраи омодаи парвоз, аввал аз шиддати ҳаракати муҳаррикҳо ларзиду сипас хеле тохта якбора ба соҳати осмони ситоразор бол зад. Дар дохили он ҳарбиён даст ба дуо бардошта, ба якдигар сафари бехатар талабиданд.
Ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кобул нишаст. Мусофирон борхалта дар китф берун омаданд. Ҳаво сард буд, шамоли сахт мевазид. Рӯзи дигар онҳо ба ду-се гурӯҳ тақсим шуда, аз хоначаҳои махсуси сабуксохт, ки дар як гӯшаи фурудгоҳ буд, ҷой гирифтанд. Рӯзи дигар мебоист ба минтақаҳои муайяншуда парвоз кунанд, аммо «харидорон» наомаданд. Посе аз шаб гузашта буд. Кобул шоми зебо ва дилнавозе доштааст. Дар осмони беғубори он ҳилоли моҳ чун камони абрӯ ба чашм мехӯрд. Илҳомҷон аз тирезача ба он менигаристу вохӯрии худро бо додараш пеши назар меовард. Нохост дар самти шимол чунон таркиши шадиде ба амал омад, ки пайкари замин ва заминиён ларзид. Дафъаи дигар чизе ба боми хонаи онҳо расиду Илҳомҷон аз шиддати он бо кати хоб ба фарши хона афтод. Дару тиреза ва деворҳои чӯбини ҳуҷра шикастанд. Таркиш чун балои осмонӣ ҳамаро ба по хезонд. Шоҳиди он шуданд, ки ду нафар ҳамхонаи Илҳомҷон ҷоми шаҳодат чашида, пешонӣ ва дасти худи ӯ каме лат хӯрдааст.
Илҳомҷон аз рӯйи тақсимот мебоист ба нуқтаи ниҳоят «доғ» – Қандаҳор ва баъд ба Лашкаргоҳ равад. Аммо ҳамоно нақлиёт набуд. Пас аз ду рӯз самолёти «Ан–2» омад, ки ба ҳамон самт парвоз мекард.
– Ман бо шумоён меравам, – гуфт ӯ ба сарнишини он, – дигар тоқати ин ҷо нишастан надорам.
– Барои шумо парашут надорем, – фаҳмонд командир, – агар дар осмон воқеаи нохуш рух диҳад, ба сиҳҳат мондани шумо кафолат нест.
– Аз пешона, – якравӣ кард Илҳомҷон. – Илтимос, не нагӯед. Дар ин ҷо бекор истодан ба дилам зад. Ана ҳуҷҷатам.
Командир китф дарҳам кашид ва ба дари самолёт ишора намуд.
Сарбози самарқандӣ, гӯё аз осмон чалпак борида бошад, аз ҳосил шудани муродаш хурсанд гардида аз шафати ҷавони резапайкари хурдҷусса ҷой гирифт. Тайёра чароғашро фирӯзон накарда парвоз менамуд, то ки ҳадафи душманон нагардад. Вале пас аз чанд дақиқа лампаи сабзи дохили он ба сурх табдил ёфт, ки аломати тайёрӣ ба ҷаҳиш будааст. Ҳозирон ҳама парашути худро омода карданд. Командир назди дар омад, ки агар ҳавопаймо аз тири ногаҳонӣ оташ гирад, онро кушояд ва ҳама худро ба замин партоянд. Ин ҳолатро дида, Илҳомҷон батамом моту мабҳут шуд, мӯйҳои сараш якбора рост гардиданд, вуҷудаш ба ларза даромад, панҷаҳояш беихтиёр гиреҳ шуданд. Пичирросзанон калима гардонд. Сипас, аз ҳамшафаташ хоҳиш кард, ки дар ноомади кор ҳамроҳ бо як парашут худро ба замин мепартоянд. Он ҷавон норозиёна ҷояшро иваз намуд.
Хушбахтона, боз чароғи хиратоби сабз фурӯзон гашт. Вай оҳи сабук кашид.
Як бому ду ҳаво
Лашкаргоҳ манзиле буд, ки онро дарёча ба ду тақсим мекард. Аҷибаш ин, ки як соҳили он сабзу ҷониби дигараш регзори беохир буд ва то сарҳади Покистон тӯл мекашид.
Фасли тобистон расид. Супориш шуд, ки дар яке аз деҳаҳои ҳамшафат ифротиён камин гирифта, аҳолии маҳаллиро азоб медиҳанд. Амалиёти озодкунӣ оғоз ёфт. Он рӯз ҳаво ба мисли оташдон тафсон буд. Гурӯҳ ба роҳ баромад. «Болои сӯхта намакоб» осмони беканор батамом соф буд ва на боде мевазиду на гунҷишке пар мезад. Нақлиёт аз роҳи пурчангу ғубор ва ноҳамвор хеззанону ба чапу рост алвонҷхӯрон ба манзил расид. Сарбозони шӯравӣ аз тирезаи мошини зиреҳпӯш ба атроф зеҳн монданд, касе наменамуду хатаре набуд. Онҳо аз нақлиёт берун баромада сӯйи ҳавлии девораш похсагин равона шуданд. Аз шафати он ҷӯйчаи морпеч мегузашт, ки обаш зулолу шаффоф буд, яқинан аз кадом як чашма меомад. Илҳомҷон пеш аз ҷаҳидан аз девор хам шуд, то ки аз он оби дилкаш ва ташнашикан нӯши ҷон кунад, дасту рӯяшро шӯяд. Фурсати хам шуда як каф об нӯшидан аз болои сараш тире гузашту ба девор бархӯрд ва дар он ҷо сӯрохи каллаи асп барин калон пайдо гашт. Сарбозон зуд камин гирифтанд ва автоматҳо ба «хониш» даромаданд. Маълум гардид, ки нишонзане дар болои дарахт камин гирифта будааст. Лаҳзае нагузашту вай мисли халтаи пурбор ба шохҳо бархӯрда ба замин афтид.
Сипас, чанд нафаре, ки дар ҳавлӣ буданд, низ бо замин яксон гардиданд. Дар бозгашт ағбае пеш омад. Сарбози роҳбалад, ки аз болои мошини зиреҳпӯш ба атроф зеҳн мемонд, аз тири ногаҳонӣ оҳ гӯён афтид.
Бо фармони командир ҳама аз нақлиёт фаромада камин гирифтанд. Ҷанги шадид оғоз ёфт. Илҳомҷон ҳамяроқи захмдорашро кашолакунон сӯйи мошин меовард, ки снаряди душман таркида мошин чаппа шуд. Ӯ дигар чизеро дар хотир надорад. Зеро пас аз чанд муддат ба худ омада чашм кушоду худро дар госпитал дид. Сиҳҳат ёфт ва боз ба қисм баргашт. Аммо ба ӯ унвону рухсатӣ ба Ватан доданд. Он се рӯз, ки интизори чархбол буд, гӯё ба се соли беохир табдил ёфт. Ниҳоят якбора ду чархбол омад. Мутаассифона, як ҷой доштаасту халос. Зани рус, ки мебоист бо зарурат ба зодгоҳ равад, аз ӯ бо ашки шашқатор илтиҷоомез талаб намуд, ки ҷояшро диҳад. Чанд нафар аз ҳозирон зани алоқачиро дастгирӣ намуданд. Сарбози самарқандӣ писару духтараш, ҳамсару волидайнашро дар тӯли якуним сол хеле пазмон шуда бошад ҳам, ноилоҷ кӯлворашро аз дохили чархбол кашолакунон бо димоғи сӯхта сӯйи хобгоҳ баргашт. Аз байн ҳамагӣ 10-15 дақиқа нагузашта, пасу пеш ҳар ду чархбол таркиданд.
– Оҳ тақдир! – якбора нидо доданд чанд нафар, ки шоҳидони зиндаи фоҷиаи ҳавоӣ буданд... Ҷасадҳои сӯхтаро ба тобутҳои оҳанин гузоштанд.
Дидор ба қиёмат монд
Илҳомҷон пас аз рухсатӣ боз ба қисми ҳарбӣ омад. Вай дар тӯли хидмат дар бисёр амалиётҳои пурхатар ширкат варзид. Худои меҳрубон ӯро дар паноҳи худ нигоҳ медошт.
– Илҳомҷон, додари ҳамсангари ман, – гӯён командир ӯро ба оғӯш кашид. – Ту мард бош. Ҳозир хати нохуш расид. Додарат дар атрофи шаҳри Бағлон шаҳид шудааст. Ҳамдардии моро қабул кун.
Ӯро гӯё барқ зада бошад, дар ҷояш ҳайкал шуд. Чӣ гуфтан ва чӣ кор карданро намедонист. Ҳамяроқон як-як омада ҳамдардӣ баён мекарданду бо чашмони маҳзун сӯяш менигаристанд. Командир фармон дод, ки ӯро ду нафар то қисми ҳарбӣ роҳбаладӣ намоянд. Илҳомҷони мусибатзада аз фармондеҳ илтимос намуд, ки барои ба Бағлон рафтан иҷозат диҳад. Хоҳиши ӯ иҷро шуд, вале аллакай ҷасади шаҳидро ба Самарқанд фиристода будаанд. Фақат баъди се рӯз ӯ ба зодгоҳ омад.
Наздикону пайвандон бо чашмони ашколуду мӯйҳои парешон, навҳаю шеван ҷисми сарбозро ба хок супорида, интизори ӯ буданд, вайро дида аламу ғамашон тоза шуд. Ҳавлӣ гӯё аз доду фиғон метаркид. Илҳомҷон аз ғаму мусибат чӣ тавр даҳ рӯз гузаштанашро нафаҳмид. Вақте ки боз озими сафар мешуд, алалхусус модари азизу кӯдакони аз кори олам бехабар ба гарданаш ҳамел шуда, ӯро иҷозати рафтан намедоданд. Сарвари оила ба онҳо таскин медод ва мегуфт, ки писараш то охири муҳлат хидмат хоҳад кард. Зеро амри Ватан ҳамин аст.
Воқеан, вай ҳамроҳи генерал Громов дар амалиёти аз хоки Афғонистон баровардани сарбозон ширкат варзида, ба бехатарии онҳо саҳм гузошт.
Полковники бознишаста Илҳомҷон Ваҳҳобов, пас аз адои вазифаи ҷавонмардӣ, дар ҳокимияти ноҳияи Самарқанд ва чанд соли охир ҳамчун сардори шуъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳия кор кард.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.