Дар Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба баррасии лоиҳаи Барномаи давлатӣ барои соли 2019 – «Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ» сӯҳбати «мизи мудаввар» ба амал омад.
Чорабиниро Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Маркази «Стратегияи рушд» созмон дод.
Муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон С. Отамуродов, раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, сармояҳои хориҷӣ ва сайёҳии Сенат А. Курманов, раиси Кумитаи оид ба идораҳои демократӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрвандони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис А. Саидов ва дигарон зикр намуданд, ки дар лоиҳаи барномаи давлатӣ, ки аз 253 боб иборат мебошад, ғоя ва таклифҳои асосии Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис аз 28 декабри соли 2018-ум, ҳамчунин вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба самтҳои бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд, инъикос ёфтаанд.
Аз ҷумла, дар ҳуҷҷат иқдомҳои мушаххасе, ки соли равон дар самтҳои зиёд, чунончи, такмил додани низоми сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, таъмин кардани волоияти қонун, амният, кушодадилии динӣ ва ҳамдилии байнимиллӣ, ислоҳсозии низоми суду ҳуқуқ, озодкунии иқтисодиёт, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, татбиқ кардани сиёсати муназзам, муфиди тарафайн ва пурмуҳтавои хориҷӣ амалӣ мешаванд, таҷассум ёфтаанд.
Лоиҳаи барномаи давлатӣ дар веб-сайти 2019.strategy.uz ва портали муҳокимаи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ regulation.gov.uz. ҷойгузин шудааст. То имрӯз ба веб-сайт 2019.strategy.uz беш аз 2 ҳазор таклиф, ба портали муҳокимаи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ бошад, зиёда аз 300 пешниҳод ворид гардид. Баъди қабул шудани баъзе таклифҳо барои соли 2019-ум аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли гузашта аз ҷониби Маркази «Стратегияи рушд» пурсиши афкори умум гузаронида шуд, аз созмонҳои байналхалқие, ки дар мамлакат амал мекунанд, ғояҳои нав расиданд. Онҳо дар барномаи кунунии давлатӣ акси худро ёфтаанд.
Бинобар масъалаҳои таъмин кардани афзалияти қонун ва ислоҳсозии минбаъдаи низоми суду ҳуқуқ, ки аҳолиро ба ташвиш овардаанд, 247 пешниҳод ва тавсияҳо расиданд. Аз ҷумла ҷорӣ намудани режими соддаи шиносномавӣ, бекор кардани қайди доимӣ ва маҳдуд, ки ба хариди манзил дар бозори такрории шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд алоқаманд мебошанд, таҷдиди қонунгузории соҳаҳои ҷиноӣ ва ҷиноиву просесуалӣ, ҷорӣ намудани ба қайдгирии ҳатмии нотариалии баъзе хариду фурӯшҳо пешниҳод карда мешавад.
Мувофиқи барномаи сол ба амалиёт ҷорӣ кардани тасдиқи аъзои ҳукумат аз ҷониби Олий Маҷлис, роҳбарони мақомоти ҳудудии давлатӣ аз ҷониби Кенгашҳои дахлдори депутатҳои халқӣ пешниҳод мегардад. Иштирокдорони чорабинӣ қайд намуданд, ки таҷрибаи мазкур ба баланд шудани масъулияти вазоратҳо ва мансабдорони маҳалҳо дар назди парлумон ва ҷамъият имконият фароҳам меоварад. Ҳамчунин ҷорӣ намудани механизми нав имкон медиҳад иштирок дар ҷараёнҳои демократии ҳизбҳо, ки номзадҳоро ба мансабҳои баланд тайёр мекунанд, фаъолонатар таъмин карда шавад. Вобаста ба ин дар бораи ҷиҳатҳои амали самарабахши механизми ҷоришаванда фикру ақидаҳо иброз гардиданд.
Дар ҳуҷҷати баррасишаванда ба пешрафти иқтисодиёт ва ҷалби сармояҳо эътибори махсус дода шудааст. Аз ҷумла, як қатор чораҳои васеъмиқёс, ки ба куллан бозсозӣ кардани иқтисодиёти мамлакат, таъмин намудани мустақимии муносибатҳои байнибуҷавӣ, эътидоли нарх барои молҳои истеъмолӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои нави ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ, таъмин сохтани самаранокии ислоҳоти татбиқшаванда нигаронида шудаанд, пешбинӣ гардидаанд.
Дар байни онҳо пурра ҷорӣ кардани низоми замонавии ҳисобҳои миллӣ аз 1 январи соли 2020, то 1 сентябри соли 2019-ум бошад, коркарди таҳрири нави Кодекси андоз, ки бекор кардани имтиёз ва сабукиҳоро оид ба андоз пешбинӣ менамояд, Консепсияи миллии иқтисодиёти рақамӣ, таҳрири нави Қонун «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», ислоҳсозӣ ва тезонидани рушди бозори суғурта мавҷуданд.
Ғайр аз ин дар барнома кори баланд бардоштани рейтинги байналхалқии воми мамлакат ва ворид шудани он ба рейтинги рақобатбардори ҷаҳонӣ аз тариқи татбиқ намудани мубориза бо иқтисодиёти «сиёҳ» ва қатъиян коҳиш додани саҳми он ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ мегардад. Ба ҷуз ин иштирокдорони чорабинӣ кори оид ба рушди минбаъдаи соҳаҳои молияву бонк, солимгардонии муҳити соҳибкорӣ аз ҳисоби коҳиш додани саҳми давлат дар иқтисодиёт, зиёд кардани иқтидори содиротии мамлакат аз тариқи қаробат ба бозори ҷаҳонӣ ва мустаҳкам кардани мустақилии минтақаҳо, сарфакорона истифода бурдани захираҳои замину об аз тариқи куллан ислоҳсозии хоҷагии қишлоқ, таъмин намудани истиқлолияти хӯрокворӣ бо роҳи ҷорӣ кардани технологияҳои пешқадамро дастгирӣ намуданд.
Муҳимияти Консепсияи рушди соҳаи сайёҳии солҳои 2019-2025 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба минбаъд такмил додани инфрасохтори сайёҳӣ, диверсификатсияи маҳсулот ва хидматҳои сайёҳӣ, ба мамлакат ҷалб намудани шабакаҳои машҳури сайёҳии байналхалқӣ, ҳамчунин татбиқ сохтани барномаи дарозмӯҳлаи сохтмони меҳмонхонаҳо, беҳтар намудани низоми тайёркунии мутахассисони баландихтисос барои соҳаи сайёҳӣ нигаронида шудаанд, таъкид гардид.
Дар лоиҳа ба таъмин сохтани рӯшодии фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии кори онҳо, такмил додани ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, аз байн бардоштани муаммоҳои самти мазкур низ эътибори махсус дода мешавад. Чораҳо бобати кӯмакрасонӣ ба одамоне, ки ба манзил ниёз доранд, ёрии моддӣ ба оилаҳои камтаъмин, аз ҷумла, пешниҳоди манзили имтиёзнок, ҳифзи саломатии аҳолӣ пешбинӣ шудаанд.
Иштирокдорони чорабинӣ самтҳои бартаринок дар соҳаи таъмин сохтани амният, ҳамдилии байнимиллӣ ва кушодадилии диниро низ ҳамаҷониба муҳокима карданд. Чораҳои мушаххас бинобар мустаҳкам кардани иқтидори мудофиаи мамлакат, боло бардоштани иқтидори ҳарбии Нирӯҳои Мусаллаҳ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ ва рушди контенти миллӣ дар шабакаҳои интернет дастгирӣ гардиданд.
Истифодаи сарфакоронаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, ба роҳ мондани ҳудудҳои нави муҳофизатшаванда, аз ҷумла дар ҳудудҳои табиии назди сарҳадии минтақаи Наздиарал, ки самти муҳими барномаи давлатии соли 2019-ум ба шумор меравад, низ таъкид гардид.
Зикр шуд, ки коркард ва қабул намудани қонун дар бораи тасдиқ кардани Консепсияи фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бешубҳа, ба пешбурди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии мамлакат дар арсаи байналхалқӣ, такмил додани фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва сиёсии давлат хидмат хоҳад кард.
Иштирокдорони суҳбати «мизи мудаввар» бинобар тамоми бобҳои лоиҳаи барномаи давлатӣ фикру ақидаҳои худро изҳор намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби коршиносон таклифҳои конструктивие, ки аз шаҳрвандон ба воситаи веб-сайти 2019 strategy.uz ва regulation.gov.uz. расидаанд, баррасӣ шуданд.
Дар поёни ҷамъомад бобати такмил додан ва қабул кардани лоиҳа тавсияҳо пешниҳод шуданд.
Нурилло НАСРИЕВ, хабарнигори ӮзА.