ЛОИҲАИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ ДУ БАРОБАР КОҲИШ ДОДАНИ БЕКОРИРО ДАР БАЙНИ ЗАНОН ПЕШБИНӢ МЕНАМОЯД

11 январи соли 2022 ҷамъомади Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерии Сенат баргузор шуд.

11 январи соли 2022 ҷамъомади Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерии Сенат баргузор шуд. Дар чорабинӣ сенаторон, коршиносони Кумита, раисони комиссияҳои доимии Шӯрои маҳаллӣ оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, занон ва баробарии гендерӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои ҳудудии онҳо ва расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Дар ҷамъомад лоиҳаи Фармони Президент «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» баррасӣ шуд.
Тавре ки маълум аст, Стратегияи рушд ва «харитаи амалиёт» бинобар татбиқ намудани он дар соли 2022 муваффақ шудан ба тақрибан 100 ҳадафи ҷиддан коркардшуда дар доираи 7 самти бартариноки рушди мамлакатро пешбинӣ мекунад.
Солҳои охир бобати баланд бардоштани фаъолнокии занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакат корҳои бузург анҷом ёфтанд, барои соҳиби маълумот ва касбҳо шудани онҳо ва бо шуғл таъмин кардан, дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои соҳибкории бонувон, ҳаллу фасли масъалаҳои заноне, ки дар «дафтари занон» дохил шудаанд, мунтазам омӯхтан ва ҳаллу фасли нишонадори талабот ва манфиатҳои онҳо ҳамаҷониба кумак расонида шуд. Муҳим аст, ки минбаъд низ корҳои дар ин самт оғоз шуда мунтазам идома ёбанд.
Алҳол нисфи аҳолии мамлакатро занон ташкил медиҳанд. Бидуни шубҳа, баробари табақаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, дар лоиҳаи Фармон механизмҳои мушаххаси дастгирии ҳамаҷонибаи бонувон, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии онҳо, бо шуғл таъмин кардан ва ба соҳибкорӣ васеъ ҷалб намудани занон зикр шудаанд. 
Аз ҷумла, дар байни онҳо чунин вазифаҳои муҳим, зиёд кардани давраи 3-сола то ба 6 сол, ки бо назардошти тамоми давраи дар рухсатӣ будан бинобар нигоҳубини кӯдак ба собиқаи меҳнатӣ, ҳангоми таъиноти нафақа дохил карда мешавад, ташаккул додани пойгоҳи махсуси маълумот дар бораи занон, ҷавонон ва ногироҳо дар низоми Реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла онҳое, ки ба «дафтари оҳанин», «дафтари ҷавонон» ва «дафтари занон» бо Реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ дохил карда шуданд, пешбинӣ мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки лоиҳаи Фармон дар такмил додани низоми хидматрасонии баланди кумаки тиббӣ ба занони синну соли репродуктивӣ ва ҳомила, ба кӯдакон, ҳангоми ба дараҷаи нав бардоштани кор бобати ҳифзи саломатии репродуктивии занон, профилактика ва пешгирии бемориҳои  модарон ва перинаталӣ нақши муҳим мебозад. Вобаста ба ин бунёди 46 маркази байниноҳиявии перинаталӣ, бо кадрҳо, таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва маснуот таъмин кардани онҳо ба нақша гирифта шудааст.
Масъалаҳои бо шуғл таъмин сохтани занон дар кишвари мо, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои баланд бардоштани манфиатдории моддии онҳо, таъмин кардани бонувон бо манбаи доимии даромад моҳияти ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодии дар кишвари мо татбиқшудаистодаро ташкил медиҳад. Бинобар ин дар лоиҳа ба масъалаи бо шуғл таъмин намудани занон эътибори махсус дода мешавад.
Чунончи, 2 баробар коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар байни занон, танҳо дар соли 2022-юм татбиқ намудани механизмҳои мушаххаси бозомӯзонии касбии беш аз 80 ҳазор занони бекор аз ҳисоби давлат пешбинӣ шудааст.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки ба мақсади коркарди барномаи бозомӯзонии касбӣ ва бо шуғл таъмин намудани бонувоне, ки ба таъминоти ҳарсолаи супоришоти давлатӣ барои тайёрии касбӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисос дохил карда шудаанд, сол аз сол зиёд намудани саҳми бонувоне, ки касб омӯзонида мешаванд, ба роҳ мондани таълими касбии занон ва фаъолияти соҳибкории онҳо, вусъат додани миқёси лоиҳаҳо барои ҷудо кардани субсидияҳо, аз ҷумла барои бо воситаҳои меҳнати занона таъмин кардани бонувоне, ки хоҳиши кор кардан доранд, ҳамчунин кумакрасонӣ барои бо шуғл фаро гирифтани занон аз тариқи бозомӯзонии онҳо якҷо бо созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ пешбинӣ мегардад.
Баробари ин татбиқ сохтани маҷмӯи чораҳо бинобар соҳибкории занон ва бо шуғл фаргирии занони бекор, коркард ва дар дар сатҳи ҳукумат тасдиқ кардани барномаи рушди соҳибкории занона дар ҳар кадом минтақа дар сатҳи Ҳукумат пешбинӣ мешавад. Мувофиқи ин дар минтақаҳо «Марказҳои соҳибкории занона» ва кластерҳо ташкил мешаванд, ҳамчунин барои беҳтар кардани фаъолияти марказҳои соҳибкории занона марказҳои минтақавӣ кушода шуда, кор бинобар кумакрасонӣ барои фурӯши маҳсулоте, ки занон – бонувони соҳибкор истеҳсол кардаанд, таълими занон барои тадбиркорӣ ва ба тиҷорат ҷалб кардани онҳо фаъолтар карда мешаванд.
Дар ҷамъомад қайд шуд, ки лоиҳаи Фармон  манфиати минтақаҳоро пурра фаро мегирад ва имкониятҳое, ки барои бонувон фароҳам оварда мешаванд, ба минбаъд беҳтар гардидани тарзи ҳаёти онҳо мусоидат менамояд.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: