ЛОИҲАИ КОРКАРДИ ПАРТОВҲО МУҲОКИМА ГАРДИД

Гурӯҳи кории Донишкадаи саноати муҳити атроф ва технологияи Ҷумҳурии Куриё ба вилояти Ҷиззах ташриф оварданд.

Гурӯҳи кории Донишкадаи саноати муҳити атроф ва технологияи Ҷумҳурии Куриё ба вилояти Ҷиззах ташриф оварданд.

Онҳо бо роҳбари Садорати экология ва ҳифзи муҳити зисти вилоят Эркин Холматов вохӯрда масъалаи пиёда сохтани лоиҳаҳои азнавкоркарди партовҳои маиширо мавриди муҳокима қарор доданд. Тасвиб гардидани лоиҳаҳо хусусан, дар партовгоҳҳои шаҳри Ҷиззах ва ноҳияи Зомин баррасӣ гардид. Меҳмонон бо муовини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои савдо ва сармояи хориҷӣ Азим Аҳмадхӯҷаев сӯҳбат оростанд. Дар бораи ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: