Лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд дар давраи то соли 2045 баррасӣ шуд

  • Лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд дар давраи то соли 2045 баррасӣ шуд
  • Лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд дар давраи то соли 2045 баррасӣ шуд
  • Лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд дар давраи то соли 2045 баррасӣ шуд
  • Лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд дар давраи то соли 2045 баррасӣ шуд
  • Лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд дар давраи то соли 2045 баррасӣ шуд
  • Лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд дар давраи то соли 2045 баррасӣ шуд
  • Лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд дар давраи то соли 2045 баррасӣ шуд
  • Лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд дар давраи то соли 2045 баррасӣ шуд

Президент Шавкат Мирзиёев 18 октябр аз корхонаи давлатии унитарии «Тошкентбошплан ЛИТИ» боздид ба амал овард ва бо лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд то соли 2045-ум шинос шуд.

– Тошканд пойтахти зебои мо, шаҳри бузургтарини кишвар мебошад. Тӯли 5 сол мо барои сармоягузорӣ ва соҳибкорон шароит фароҳам овардем, хонаҳои нав, иншооти замонавӣ бунёд шуданд. Акнун бояд дар бораи оянда фикр кунем ва стратегияи онро дақиқ муайян намоем, бар акси ҳол пас аз даҳ сол ҳаёт дар шаҳр мураккабтар мегардад. Инфрасохтор ба бори иловагӣ тоб оварда наметавонад. Минбаъд мо ҳаққи хато кардан надорем. Агар мо лоиҳаеро, ки 50 соли минбаъдаро пешбинӣ менамояд, тамоми қулаиҳоро барои мардум ба инобат мегирад, таҳия накунем, шаҳр аз меъморӣ, иқтисод ва экология бозмемонад, – гуфт Президент.

Алҳол ҳудуди шаҳри Тошканд 43 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, аҳолӣ ба се миллион нафар наздик мешавад. Бори инфрасохтор зиёд шуд. Ҳар рӯз миқдори нақлиёт меафзояд, рафтуои роҳҳо торафт мураккаб мегардад. Чангу ғубор ба муҳити атроф таъсири нохуш мерасонад.

Президент ба масъалаи мазкур эътибори махсус дода, вазифа гузошт, ки симои меъмории пойтахт нигоҳ дошта шавад, сохтмони минбаъда дар беруни шаҳр сурат бигирад. Аз ҷумла, соли гузашта дар маросими кушодашавии боғи «Янги Ӯзбекистон» ва дар вохӯрӣ бо интихобкунандагони Тошканд дар бораи консепсияи рушди минбаъдаи шаҳр, ки коркард мешавад, сухан рафт.

Кормандон ба вазифа муносибати ҷиддӣ ва ҳамаҷониба зоҳир карданд. Дар корхонаи давлатии унитарии «Тошкентбошплан ЛИТИ» тӯли ду сол лоиҳасозони хориҷӣ ва ватанӣ болои ин лоиҳа кор бурданд. Суръати афзоиши аҳолӣ, ҳолати коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва муҳандисӣ, тағирёбии иқлим таҳлил шуданд, дар асоси ин стратегияи рушди гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин кор карда баромада шуд.

Дар ҷараёни муаррифӣ ба Президент дар бораи ин стратегия маълумот дода шуд.

Пеш аз ҳама рақамикунонии кадастри шаҳри Тошканд ба нақша гирифта мешавад ва дар бораи навъҳои замин маълумоти пурра пешкаш мегардад. Истифодабарандагон, аз ҷумла, онҳое, ки мехоҳанд тиҷорати худро ба роҳ монанд, метавонанд аз тариқи интернет донанд, ки ин ё он қитъаи замин ба кадом навъ дохил мешавад.

Мушкилоти тирбандӣ дар роҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаллу фасл ва такмил дода хоҳад шуд. Мавҷудияти истгоҳҳо дар масофаи на камтар аз 15 дақиқаи пиёдагардӣ аз хона ҳатмӣ мегардад. Ҳамчунин дар гӯшаҳои шаҳр бинобар раванди «Park and ride» дар шафати истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойҳои мошиннигоҳдорӣ ташкил карда мешаванд.

Боз як тадбири муҳим ин муқаррар кардани талаботи иҷтимоӣ барои биноҳост. Чунончи, ҳангоми лоиҳагирии биноҳои бисёрошёна вобаста ба навъи онҳо бобати мавҷудияти мактабҳо, кӯдакистонҳо, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, ҷой-ҳои мошингузорӣ, ҳамчунин майдонҳо барои кабудизоркунӣ меъёрҳо муқаррар карда мешаванд.

Дар лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳри Тошканд то соли 2045 консепсияи «Тошканди Нав» мавқеъ дорад. Ин шаҳри нав дар шарқи пойтахт, дар байни дарёҳои Чирчиқ ва Қарасув сохта хоҳад шуд. Вай барои буду боши 500 ҳазор нафар пешбинӣ мегардад.

Бо дарназардошти ин, ноҳияҳои пешомадноки пешрафт ва сохтмон, нақшаи роҳҳои асосӣ, ки пойтахтро бо шаҳри нав вобаста мекунанд, коркард шудаанд. Дар давраи аввал бунёди 6 ҳазор гектар ба нақша гирифта шудааст.

Кабудизоркунӣ дар замони кунунии гармшавии ҷаҳонӣ аҳамияти бузург дорад. Ҳоли ҳозир дар шаҳри Тошканд 7 ҳазор гектар минтақаҳои сабз ҳастанд. Бо дарназардошти лоиҳаи умумимиллии аз ҷониби Президент андешидашуда – «Макони сабз» дар лоиҳаи нақшаи генералӣ бунёди «Камарбанди сабз» дар атрофи роҳи калони халқавӣ, ба роҳ мондани  хиёбонҳои зебо дар канори  рӯдҳое, ки аз тариқи шаҳр ҷорӣ мешаванд, пешбинӣ гардидааст. Умуман, то ба 25 ҳазор гектар расондани майдони ҳудуди сабз ба нақша гирифта шудааст.

– Стратегияи рушди моро бинобар шаҳр коршиносони бонуфузи ҷаҳон низ маъқул донистаанд. Акнун бинобар ҳар кадом сохтмон бояд фикру ақи-даи одамон ба эътибор гирифта шавад, сохтмонҳо босифат бунёд шаванд. Шаҳри нав бояд сазовори мардуми мо, мувофиқи иқлим, замонавӣ бошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Зарурати ба лоиҳа ҷалб намудани мутахассисони ҷавон, афзудани  таҷрибаи онҳо, ба эътидол овардани рушди симои меъмории ноҳияҳо ва шаҳрҳо таъкид гардид. Супориш дода шуд, ки бо ин мақсад марказҳои лоиҳакашӣ дар Самарқанд, Бухоро, Қӯқанд, Намангон ва шаҳрҳои дигар кушода шаванд.

Ҳамчунин муаррифии лоиҳаҳо бинобар таҷдиди Осорхонаи давлатии санъати тасвирӣ ва таърихи ҳунармандии Ӯзбекистон, бозсозии симои меъмории маркази маъмурии ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхандарё баргузор шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: