ЛОИҲАИ НАВ МУВОФИҚИ ТАШАББУСИ ПАНҶУМ БА КОР САР КАРД

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Миндонобод»-и ноҳияи Фарғона ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Нозли сарой маскани» ба истифода супурда шуд.

Дар мамлакатамон бобати ба амал татбиқ намудани панҷ ташаббус, ки чорабиниҳои маҷмӯии фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи ҷавонон ва бо кор таъмин намудани бонувон нигаронида шудаанд, корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Дар вилояти Фарғона доир ба ҳар як ташаббус лоиҳаи барномаи чорабиниҳо коркард шудааст. Корхонаи дӯзандагиву трикотажи навтаъсис ҳам аз ин ҷумла мебошад.
Дар мавзеи «Миндонобод» низ дар асоси лоиҳаҳои нави намунавӣ объектҳои иҷтимоӣ ва истиқоматӣ қад меафрозанд. Дар ин ҷо бештар оилаҳои эҳтиёҷманд, шахсони ногиро ва бонувон соҳиби хонаҳои нав шуданд. Ташкил гардидани чунин корхона, ки маҳсулоти дӯзандагиву трикотажӣ истеҳсол мекунад, барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ аҳамияти зиёд дорад.
– Баробари ба кор даромадани корхона тақрибан 120 нафар бонувон бо кор таъмин шуданд,– мегӯяд роҳбари ҷамъият Наргиза Асқарова. – Наздикии корхона ба ҳудуди истиқоматӣ ва дар назди онҳо будани фарзандонашон ба занон - модарон маъқул шуд. Дар ин ҷо технологияҳои замонавӣ ва дастгоҳҳои русуми охирини дӯзандагӣ насб шудаанд, ки дар натиҷа маҳсулоти харидорбоб ва хушсифат дар пояи супоришот тайёр карда мешаванд.
Ба қарибӣ истиқоматкунандаи деҳаи Оқбилоли ноҳияи Фарғона, ногирои гурӯҳи дуюм Муҳайё Абдуқаҳҳорова ба хонаи арзони дуҳуҷрадор кӯч баст. Ҳоло вай дар сехи дӯзандагии назди хонааш  кор мекунад. Муҳайё аз пайдо шудани имконияти кор ва туфайли он пардохтани воми боқимондаи хона хурсанд шуд.
– Дар курсҳои камзӯлдӯзӣ таҳсил карда, ин ҳунарро хуб омӯхтам,– мегӯяд Муҳайё. – Аз Президентамон барои мо барин ногироҳоро дастгирӣ карданашон миннатдорем.
Бинобар ташаббуси панҷум тӯли солҳои 2019-2020 дар ҳар кадом ноҳия сохтани ин гуна  корхонаҳо ва фароҳам овардани ҷойи кор барои бонувон пешбинӣ шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи корхона ҳокими вилояти Фарғона Ш. Ғаниев иштирок кард.

М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: