ЛОИҲАИ НОДИР ДАР ТАЪРИХИ ТИББИИ МО

Дар пойтахт Маркази миллии тиббии кӯдакон, ки дар пояи дастовардҳои замонавитарини тиббӣ ва илму фан бунёд гардидааст, ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар пойтахт Маркази миллии тиббии кӯдакон, ки дар пояи дастовардҳои замонавитарини тиббӣ ва илму фан бунёд гардидааст, ба фаъолият шурӯъ кард. 

Ин маркази тиббӣ , ки бо арзиши лоиҳавии 130 миллион доллар сохта шуд, дар ҳамдастӣ бо бунёди рушди иқтисодиву ҳамкории Ҷумҳурии Куриё (EDCF) қад рост кард. 
Роҳбари давлат 20 майи соли равон ба ин марказ, ки сохтмонаш анҷом ёфтааст, ташриф оварда, таклиф ва тавсияҳои заруриро дода буд. 
Дар чорабинии тантанавие, ки ба муносибати оғози фаъолияти марказ ташкил гардид, кормандони тиббӣ, меҳмонони куриёӣ, намояндагони ҷамоаҳои васеъ иштирок карданд. 
Дар маркази мазкур, ки бинобар технологияҳои олӣ хидмат мерасонад, шуъбаҳои кардиоҷарроҳӣ, нейроҷарроҳӣ, ортопедия ва ҷарроҳии палстикӣ, ҷарроҳии умумӣ, онкология, офталмология, ЛОР, педиатрия, гемодиализ ва эҳё амал мекунанд. 
Бинои чаҳорошёнаи табобатӣ дорои 280 ҷой буда, поликлиникаи таркиби он рӯзе 250 нафар беморонро қабул карда метавонад. Марказ бо лабораторияҳои замонавии томография, компутер-томографияи мултиспирал, инчунин асбобу воситаҳое, ки мавҷудияти бемориҳои онкологиро чанд сол пештар муайян карда метавонанд, муҷаҳҳаз шудааст.  Дар ин муассисаи тиббӣ соле беш аз 1500 амалиёти мураккабу нодир гузаронида мешаванд. 
Барои такмили ихтисоси кадрҳои марказ дар доираи лоиҳаҳои иловагӣ зиёда аз 100 нафар шифокор ва ҳамшираҳо, мутахассисони оид ба техникаи тиббӣ ва технологияҳои ахбор ба Ҷумҳурии Куриё рафта омаданд.
Дар марказ бинобар самтҳои гуногуни табобати бачагон имконияти ҷустуҷӯҳои инноватсионӣ, бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ баргузор кардани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ва ба роҳ мондани муолиҷа бо кӯмаки технологияҳои олӣ, афзудани ихтисоси мутахассисони тиббӣ мавҷуданд. Аз тариқи тибби телевизионӣ ба кӯдакони минтақаҳои дурдаст низ хидмат расонида мешавад.
Мувофиқи маълумотҳо минбаъд дар ҳудуди марказ бо ҳамкории Ҷумҳурии Куриё пойгоҳи замонавии онкологӣ дар асоси технологияҳои олӣ ва мактаби олии тиббӣ сохта мешаванд. Бунёди чунин маҷмаъи бузурги тиббӣ ҳам барои илми тиб ва ҳам баҳри бинобар меъёрҳои дараҷаи олӣ баргузор кардани амалиёт хидмат мекунад. 
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Беҳзод Мусаев, вазири нигаҳдории тандурустӣ Алишер Шодмонов, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Куриё дар Ӯзбекистон  Кан Чже Квон иштирок карданд.

Моҳигул Қосимова, хабарнигори ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: