Лоиҳаи қонун «Дар бораи роҳҳои автомобилгард» дар портали лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба муҳокима пешниҳод карда шуд.
Таҳрири нави қонун аз 6 боб ва 47 модда иборат аст.
Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:
ташкил ва истифодаи шабакаи роҳҳои автомобилгард ба манфиати истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, соҳибони роҳҳои автомобтлгард ва давлат, муайян кардани асосҳои амалигардонии фаъолияти роҳ;
такмил додани хоҷагии роҳ;
таъмини бехатарӣ ва рушди роҳҳои истифодаи умум, беҳтар намудани ҳолати техникии онҳо;
ҳавасмандгардонии ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва стандартҳо дар соҳаи фаъолияти роҳ;
таъмини рақобати муассир ва одилона дар бозори кор ва (ё) хизматрасонӣ дар соҳаи фаъолияти роҳ;
беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи истифодаи роҳҳои автомобилгард ва ҳаракати нақлиёт;
таъмини ҳамгироии роҳҳои автомобилгард ба шабакаи байналмилалии нақлиёт.