ЛОИҲАИ «ТИРАМОҲИ ЗАРРИН» ДАР «КАМАЛАК»

Дар асоси панҷ ташаббуси муҳими Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба баланд бардоштани маънавияти ҷавонон ва пурмазмун гузаронидани вақти холии онҳо нигаронида шудааст, дар Маркази ҷавонони шаҳри Ҷиззах лоиҳаи «Тирамоҳи заррин» дар «Камалак» баргузор шуд.

Дар чорабиние, ки бо мақсади муайян намудани бачаҳои боиқтидор ва дастгирӣ намудани онҳо, фароҳам овардани шароит ба намоён кардани маҳорату истеъдод, ғанӣ гардондани олами маънавӣ ва баланд бардоштани савияи мадании онҳо ташкил шудааст, аз мактабҳои таълими умумӣ ва мактаб-интернатҳо зиёда аз 100 нафар ҷавонони эҷодкор иштирок карданд.
Дар доираи чорабинӣ  лоиҳаҳои «Ҷашни ҳосил», «Намоиши лоиҳаҳои инноватсионӣ», мусобиқаи велосипедронҳо «Velo-tryuk», озмуни расмҳо «Дар кишвари ман тирамоҳ», «Formula-1» баргузор гардид.
Ба духтарон ва писароне, ки дар озмун фаъол иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои фахрӣ гардиданд, туҳфаҳои махсус ва ҳайкалчаҳо супурда шуданд.

Тошқул 
БЕКНАЗАРОВ. (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: