Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз»: ХАЛҚИ МО ИН ТАШАББУСИ НАҶИБРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Дар урфият мегӯянд «Аз нек боғ мемонад».

 Аз он, ки ҳаёт аз неъматҳои бузурги ба инсон додашуда аст, инсони ба қадри он расида, зиндагии худро бо корҳои ибратомӯз, аз қабили кор кардану бунёд кардани боғҳое, ки дасторхонро пур мекунад, зинат медиҳад.
Мо дар бораи зарурати бунёди боғ, аниқтараш дарахтон, гази карбонати заҳролудро ба оксигене, ки нафас мекашем, табдил медиҳад ва дар рӯзҳои гарм моро бо сояву салқинӣ таъмин мекунанд, бисёр ҳарф мезанем. Вале мо масалан, дар бобати пешгирӣ кардани эрозияи замин, ки дарахтон роли калон мебозанд, чандон фикр намекунем.
Дар ҳоле ки тӯфону обхезиҳои дар натиҷаи тағйирёбии иқлим зуд-зуд рӯй додаистода қабати аз моддаҳои ғизоӣ бойи хокро шуста мебаранд, дарахтон онро ҳифз намуда, заминро бо моддаҳои ғизоии иловагӣ бой мегардонанд.
Дар мамлакатамон ба ҳифзи экология ва муҳити зист, васеъ намудани маконҳои сабзу хуррам, самарабахш гардондани фаъолияти ташкилотҳои мутасаддӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад. Барои боз ҳам самараноктар ташкил намудани фаъолияти ташкилотҳои масъул дар соҳа бисёр фармону қарорҳои Президент, барномаву стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расидаанд.
Алалхусус, дар Стратегияи ҳифзи гуногунии биологии ҷумҳурӣ барои солҳои 2019-2028 зиёд кардани майдони минтақаҳои табиии муҳофизатшаванда аз 7 то 12 фоиз пешбинӣ шуда бошад, дар консепсияи рушди сохтори хоҷагии ҷангал то соли 2030 вазифаҳои васеъ кардани майдони заминҳои фонди ҷангал аз 11,2 миллион гектар то ба 14 миллион гектар муайян карда шудааст.
Тибқи «харитаи роҳ» ҷиҳати татбиқи ин стратегияву консепсияҳо корҳои бузург анҷом дода мешаванд. Дар давраи гузашта ба таври илова 1,7 миллион гектар минтақаи муҳофизатшаванда бунёд гардида, дар доираи барномаи «Баҳри Арали сабз» дар 742 ҳазор гектар бешазори сабз, дар гирду атрофи шаҳрҳои Нуқус, Урганч ва Хева боғҳои «Камарбанди сабз» барпо карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаҳои «Макони сабз» ва «40 рӯзи долузарб», ки тирамоҳи соли гузашта шурӯъ шуда буд, дар саросари кишвар 85 миллион бех дарахту бутта, баҳори соли ҷорӣ бошад, беш аз 125 миллион бех ниҳол шинонда шуд.
Майдонҳо ва боғҳои сабз ҳар қадар зиёд бошанд, аҳолӣ ба он андоза истироҳат мекунад. Сабзу хуррамӣ, ки бо табиат ҳамоҳанг аст, табъро болида месозад. Муҳим он аст, ки ҳавои тоза ба саломатӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Ин маънои онро дорад, ки бояд иштироки натанҳо намояндагони соҳа, балки ҳар як шаҳрванди ин кишвар дар татбиқи ин лоиҳа қарзи инсонӣ бошад.
Хулоса, дар ҳифзи табиат, муҳити зист ҳар яки мо бояд пеш аз ҳама дар назди худу наздикон, наслҳои оянда масъулиятро ҳис кунем. Ҳар як ниҳоли имрӯз шинондашуда фардо дарахти калон мешавад. Даҳҳо, садҳо, ҳазорҳо дарахтон ҷамъ шуда, ҳавоеро, ки мо нафас мекашем тоза карда, хокро ҳамчун манбаи ғизо мустаҳкам месозад.

Моҳира ХӮҶАЕВА,
депутати Палатаи 
қонунгузории
Олий Маҷлис.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: