Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» идома дорад

Ба наздикӣ дар шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд бо иштироки депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Шӯрои марказии ҳизби экологии Ӯзбекистон, депутатҳои халқӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҳизбии вилояти Тошканд ҷамъомади васеъ бахшида ба ҳисоботи ниҳоии 9 моҳи гузашта ва омӯзиши лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» баргузор шуд.

Мақсади асосӣ аз чорабинии мазкур таъмини иҷрои лоиҳаи «Макони сабз» ва аз 20 октябр то 1 декабри соли ҷорӣ эълон кардани чиҳилрӯзаи ниҳолшинонӣ мебошад.
Роҳбари давлат дар доираи лоиҳаи мазкур вазифаи соли ҷорӣ шинондани 75 миллион дона ниҳол ва фасли баҳори соли оянда 125 миллион дона ниҳоли дарахтҳои ҳосилнок ва манзаравиро пеш гузошта, таъкид намуда буд, ки дар хонавода ва қад-қади роҳҳо бо завқу шавқи баланд шинондани кӯчати дарахтони мевадор ва манзаравиро ба роҳ монем, то ки ин ҳол ба маданияти маҳалла ва мардумамон табдил ёбад. 
Дар ҷараёни ҷамъомад аксияҳои ниҳолшинонии ташкилотҳои ҳизбии ҳар як ноҳия дар доираи лоиҳаи умумимиллии солонаи сабз ба нақша гирифта шуд.
Раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби экологии Ӯзбекистон Фурқатҷон Аҳмадҷонов  доир ба фаъолияти нӯҳ моҳи гузаштаи ҳизб маълумот дода, корҳои омӯзишӣ, ки намояндагони ҳизб доир ба ҳолати имрӯзаи ниҳолу дарахтҳо бурдаанд, нақл кард. Дастовард ва камбудиҳои соҳа муҳокима шуд. 
Дар чорабинӣ афзалиятҳои эътибори роҳбари давлат, ки ҷиҳати тозагии гирду атроф ва экология дода мешавад, таъкид гардид.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: