Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати дорусозӣ баррасӣ шуданд

  • Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати дорусозӣ баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати дорусозӣ баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати дорусозӣ баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати дорусозӣ баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати дорусозӣ баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати дорусозӣ баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати дорусозӣ баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 18 апрел оид ба баррасии лоиҳаҳое, ки дар кишоварзӣ ва дорусозӣ, инчунин вазифаҳо барои истиқбол татбиқ мегарданд, ҷамъомад баргузор намуд

Дар оғоз 4 мушкилоти асосии соҳаи хоҷагии об – талафоти об дар каналҳо, сарфи зиёди неруи барқи стансияҳои насосӣ, маҳдуд будани захираи об ва нокифоя татбиқ намудани технологияи сарфаи об мавриди таҳлил қарор гирифт. Аз ҷумла, ба далели кам будани самаранокии каналҳо ва талафоти зиёди об дар шабакаҳои дохилӣ кишоварзӣ дар як сол 4 миллиарду 800 миллион доллар кам даромад мегирад.

Ба ҳамин муносибат ба нақша гирифта шудааст, ки ба сифати таҷриба низоми қубурии обёрӣ дар ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах ҷорӣ карда шавад.

Сарвари давлатамон пешниҳоди ташаббускори ин лоиҳаро шунида, ташаббусро маъқул донист ва зарурати анҷом додани ин гуна корҳоро дар вилоятҳои Қашқадарё, Намангон, Сирдарё, ки дар ин ҷоҳо хароҷоти таъминоти об баланд аст, қайд намуд.  

Супориш дода шуд, ки дар доираи лоиҳа барои кам кардани хароҷот бо усули илмӣ тадбирҳо андешида, барномаи дусолаи ҷорӣ  намудани низоми обёрии қубурӣ тартиб дода шавад.

Об ба воситаи стансияҳои насосӣ ба саҳроҳои дурдаст оварда мешавад. Аксарияти онҳо куҳна шудаанд ва энергияи зиёд сарф мекунанд. То ҳол ягон стансияи калони насосӣ ба манбаъҳои муқобили энергия гузаронда нашудааст. Бисёре аз соҳибкорон ба ин таваҷҷуҳ доранд, вале лоиҳаҳои умедбахши онҳо амалӣ намешаванд, зеро шароити мушаххас вуҷуд надорад. Натиҷаи ҳамин аст, ки барои бо қувваи электр таъмин кардани насосҳо аз бюҷет маблағи зиёд сарф мешавад.

Вобаста ба ин, оид ба додани стансияҳои насосӣ ба соҳибкорон дар асоси шарикии хусусӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои муқобили энергия супоришҳо дода шуданд. Ба ин кор олимони Институти ирригатсионии Тошкент ҷалб карда мешаванд, лоиҳаҳои самарабахш бо шартҳои имтиёзнок қарз мегиранд.

Дар шароити камобӣ дар ноҳияи мо ҳар сол 1 миллиард метри мукааб обҳои сел беҳуда равон мешавад.

Президент ба имконияти ҷамъ овардани обҳои сел дар обанборҳои хурд, зарурати дастгирии ташаббусҳо дар ин самт таъкид кард.

Барои лоиҳаҳои дахлдор 100 миллион доллар ҷалб карда мешавад. Заминҳое, ки дар натиҷаи обёрӣ бо оби ҷамъшуда ба муомилот бароварда мешаванд, ба соҳибкороне дода мешавад, ки барои истифодаи ройгон обанборҳо сохтаанд.

Ҳоло 450 ҳазор гектар ё 15 фоизи майдонҳои обёришаванда бо технологияи лазерӣ ҳамвор карда шудааст. Агар ин гуна замин ду баробар зиёд карда шавад, боз 900 миллион мукаабметр об сарфа шуда, ба таври илова 200 ҳазор гектар бо об таъмин карда мешавад. Дар робита ба ин, муайян карда шуд, ки имсол ҳазор адад ҳамворкунаки лазерӣ оварда мешавад, кластерҳо барои фермерон хидматрасонии ҳамворкунии лазерӣ таъсис медиҳанд.

 Солҳои охир дар майдони 400 ҳазор гектар технологияи обёрии чакрагӣ ва боронӣ ҷорӣ карда шуд. Имсол дар майдони боз 80 ҳазор гектар кор cap шуд.

Ба мақсади ҳавасмандгардонии минбаъдаи ин технология, дар асоси қарор, ки 1 апрели соли ҷорӣ имзо шудааст, миқдори субсид ба ҳар як гектар майдони ғалладона ва сабзавот, ки дар онҳо низоми сарфаи об ҷорӣ карда шудааст, аз 1 миллимон сӯм то  8 миллион сӯм зиёд карда мешавад. Меъёри қарзи бонкӣ барои фермерон 17 фоиз муқаррар шудааст.

Аҳамияти ба кишоварзон фароҳам овардани ин имкониятҳо ва пешниҳоди кумаки молӣ ба онҳо таъкид шуд. Вазифа гузошта шуд, ки дар назди “Агробанк” маркази алоҳида барои ташаккули лоиҳаҳои нави сарфаи об ва ҷалби мутахассисони соҳибихтисос аз хориҷи кишвар таъсис дода шавад.

Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаҳои соҳаи дорусозӣ баррасӣ шуданд.

Дар шаш соли охир дар ин самт 177 лоиҳа ба маблағи 527 миллион доллар роҳандозӣ шудааст. Сармоягузории хориҷӣ 9 баробар афзуда, 35 корхона стандарти байналмилалии GMP-ро ҷорӣ карданд. Дар натиҷа истеҳсоли маҳсулот 3 баробар, содирот 5 баробар афзуд.

Аммо бинобар мушкилоти зиёди вобаста ба дарёфти бозор, сифат ва рақобат соли гузашта ҳаҷми истеҳсолот то андозае кам шуда, воридот зиёд шуд.

Дар робита ба ин, дар ҷаласа таҳияи лоиҳаҳои иловагӣ дар соҳаи дорусозӣ ва дастгирии соҳибкорон баррасӣ шуд.

Зимнан зикр гардид, ки татбиқи 207 лоиҳа ба маблағи умумии 725 миллион доллар дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ татбиқи 68-тои онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат ба зарурати сабук кардани бори қарзи соҳибкорон таъкид кард. Таъкид гардид, ки ба лоиҳаҳо ба сифати сармоягузор бо ҳиссаи иштирок то 25 фоиз ворид шудани “Асакабанк” муайян гардид. Барои маблағгузории лоиҳаҳои маҳаллигардонӣ ва таъмин намудан бо маблағи гардон захираҳои қарзҳои дарозмуҳлат ба миқдори 300 миллион доллар ҷалб карда хоҳанд шуд. Дар назди бонк маркази лоиҳаҳои дорусозӣ кушода мешавад, ки ба соҳибкорон кумак мекунад.

Имкони аз худ кардани истеҳсоли 400 намуди маҳсулоти нав ва иваз кардани воридот ба маблағи 670 миллион доллар тавассути дастгирии корхонаҳое, ки бо иқтидори пурра кор намекунанд, қайд гардид. Барои ин ба корхонаҳо қарзҳои револверӣ ба муҳлати 18 моҳ, инчунин содиркунандагон вом то 2 миллион доллар таҳти кафолати даромади суғурта дода мешаванд.

Имконияти дар мамлакати мо дар асоси технологияи хориҷӣ истеҳсол намудани воситаҳои доруворӣ ва моддаҳои барои онкология ва онкогематология зарурӣ баррасӣ гардид. Вазифа гузошта шуд, ки шумораи корхонахое, ки ба талаботи стандарти GMP мувофиқанд, зиёд карда шаванд.

Супориш дода шуд, ки дар ҳудуди кластери дорусозии Тошканд татбиқи лоиҳаҳо тезонда шаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: