14 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаҳо оид ба вусъат додани иқтидори сайёҳӣ шинос шуд.
14 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаҳо оид ба вусъат додани иқтидори сайёҳӣ шинос шуд.
Қатъ шудани хатсайрҳои байналхалқӣ ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барои ҳаракати нақлиёт бинобар пандемияи коронавирус дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Ӯзбекистон ба соҳаи сайёҳӣ таъсири гарону ногувор расонд. Зиёда аз 1,5 ҳазор операторҳои сайёҳӣ ва 1,2 ҳазор меҳмонхонаҳо дар мамлакат аз фаъолият бозмонданд. Вазъияти мазкур ба шуғли аҳолӣ ва даромади ҳазорҳо нафар одамони соҳаҳои савдо, ҳунармандӣ, нақлиёт, хӯроки умумӣ ва дигар ҷанбаҳои ба ҳам наздик таъсир гузошт.
Бинобар ин аз ҷониби давлат бобати дастгирӣ кардани сайёҳӣ ва мустақиман барқарор намудани фаъолияти иншооти сайёҳӣ чораҳо андешида мешаванд. Президент ба Фармон «Дар бораи чораҳои зарурии дастгирӣ кардани соҳаи сайёҳӣ барои коҳиш додани таъсири нохуши пандемияи коронавирус» аз 28 май ва қарор «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ бо риояи қатъии талаботи режими пурзӯри амнияти санитариву эпидемиологӣ» аз 19 июни соли равон имзо кард. Бо ин ҳуҷҷат барои саноати сайёҳӣ ба мақсади нарм гардондани оқибатҳои пандемия як қатор сабукиҳо ҷорӣ карда шуд. Умуман дар Ӯзбекистон барои рушди сайёҳӣ дар шароити пандемия имкониятҳои замонавӣ ба роҳ гузошта шудаанд.
Бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ аз 12 август ба ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, парвозҳои дохилӣ ва равуои поездҳо аз 15 август иҷозат дода шуд. Шифохонаҳо, пансионатҳо, лагерҳои солимгардонии бачагона, меҳмонхонаҳо, хонаҳои меҳмонқабулкунӣ, ҷойҳои шиноварӣ, хостелҳо ва дигар ҷойҳои истироҳат фаъолияти худро оғоз мекунанд. Ин барои рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишвари мо шароит фароҳам меоварад.
Дар ҷараёни муаррифӣ дар бораи корҳое, ки иҷро шудаанд ва дар оянда бояд иҷро шаванд, маълумот дода шуд.
Ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд имкониятҳои зиёди сайёҳӣ дорад. Вале тӯли солҳои зиёд ин имкониятҳои мавҷуда пурра истифода нашудаанд. Бо вуҷуди табиати зебо, иқлими мусоид ва имконияти истироҳат дар давоми сол, лоиҳаҳои васеъмиқёсу ҳозиразамоне, ки метавонанд сайёҳонро ба минтақа ҷалб намоянд, татбиқ нагардиданд. Алҳол баробари фароҳам овардани минтақаҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Бӯстонлиқ ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои муҳим ба нақша гирифта шудаанд.
– Мақсади асосии мо ин пеш аз ҳама таъмин сохтани волоияти қонун дар соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани минтақаҳои васеъ, арзон, бехавфу хатар ва мусоиди истироҳатӣ ба шумор меравад, ки имкон медиҳад тамоми сол меҳмонон қабул карда шаванд. Одамон аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон бояд ба чунин ҷойҳо чун Бӯстонлиқ сафар кунанд, лоиҳаҳое, ки дар ин ҷо татбиқ мегарданд, бояд барои минтақаҳои дигар намунаи ибрат шаванд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Мувофиқи маълумот ҳар сол ҳамватанони мо барои истироҳат дар хориҷа тақрибан 1,2 миллиард доллар харҷ мекунанд. Яке аз сабабҳои асосии ин ба миқдори зарурӣ мавҷуд набудани маҷмӯаҳои замонавии сайёҳие дар Ӯзбекистон мебошанд, ки ба тамоми талаботҳо ҷавоб дода тавонанд.
Бо ин мақсад солҳои охир дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Бӯстонлиқ, аз ҳисоби маблағи соҳибкорон лоиҳаҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар ним сол маҷмӯи дараҷаи ҷаҳонии «Амирсой» сохта ба истифода супурда шуд. Ин имконияти татбиқ карда тавонистани лоиҳаҳои бузург мебошад.
Дар ҷараёни муаррифисозӣ роҳбари давлат бо маҷмӯи иншооте, ки дар ноҳияи Бӯстонлиқ солҳои наздик бояд сохта ба истифода супурда шавад, шинос гардид ва бинобар беҳтарсозии онҳо таклифҳо пешниҳод намуд.
Лоиҳа бобати бунёди истироҳатгоҳи байналхалқии «Билдирсой – Чимён – Нанай» аз ин ҷумла мебошад. Асос ва тарҳи иқтисодии он аз ҷониби консорсиуми ширкати фаронсавӣ аз ҳисоби гранти бунёди FASEP дар ҳаҷми 750 ҳазор евро коркард шудааст.
Арзиши умумии лоиҳа 480 миллион долларро ташкил медиҳад, 280 миллион доллари он сармояҳои бевосита мебошанд. Мақсади асосии он инкишоф додани соҳибкорӣ аз ҳисоби зиёд кардани арзиши замин ва ҷозибадории сармоявии ноҳия ба шумор меравад.
Лоиҳа аз се давра иборат мебошад. Давраи аввал бунёди истироҳатгоҳи доимӣ дар ноҳияи Чимён аст. Инкишоф додани инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони пулҳои овезон, ҷойҳои лижапаронӣ ва аттраксионҳо, аз ҳисоби воми имтиёзноки Фаронса дар ҳаҷми 48 миллион евро пешбинӣ мегардад. Дар натиҷа сайёҳии лижапаронӣ дар кӯҳ оммавӣ шуда, барои сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда мешаванд, соҳибкорӣ инкишоф меёбад. Қисмати аввалини лоиҳа моҳи декабри соли 2021-ум ба истифода супурда хоҳад шуд.
Талаботи муҳими лоиҳаҳо ин имкониятҳои васеъ пешниҳод кардан ба соҳибкорони бобарор дар пояи шарикии давлативу хусусӣ мебошад. Дар ҳудуди минтақаҳои сайёҳӣ дар пояи рушди бузпарварӣ, шутурпарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ ташкил кардани хелҳои иловагии хидмат пешбинӣ мегардад. Баъзе қитъаҳои замин дар ҳудуди истироҳатгоҳ ба ҷавононе, ки метавонанд ғояҳояшонро бинобар рушди сайёҳӣ пурра татбиқ кунанд, дода мешавад.
Истироҳатгоҳҳои нав дар деҳоти атрофи обанбори Чорвоқ бунёд меёбанд. Ин ба беҳтар шудани вазъияти бо шуғл таъмин намудани сокинони маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ноҳияи Бӯстонлиқ бобати рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори хидматрасонӣ дар пойгоҳи иншооти бекор ва истифодаашон ғайрисамарабахш кор бурда мешавад. Аз ҷумла, хусусигардонии тақрибан 80 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ин иштироки давлатро дар соҳаи сайёҳӣ коҳиш медиҳад ва ба рушди соҳибкории хусусӣ такон мебахшад. Созмон додани то 15 ҳазор ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҳисоби пурзӯр кардани рақобат нархҳои мусоиди хидмат ташаккул меёбанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин бинобар пурзӯр кардани ошкор намудан ва ба қайд гирифтани субъектҳое, ки фаъолияти ғайриқонунӣ доранд, маълумот пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, барои соддатар кардани ҳисобу китоби иншоот бо андозситонӣ дар ноҳияи Бӯстонлиқ замимаи мобилии orom.uz ва платформаи ягонаи электронӣ коркард шуданд. Ғайр аз ин, нуқтаҳои такягоҳӣ сохта ва беш аз 16 ҳазор иншоот бо инвентар таъмин карда шуданд. Дар натиҷа даромади андоз нисбати то ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 3 баробар афзуд.
Дар ноҳия бинобар рушд ва таъмири инфрасохтори роҳ низ чораҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла, роҳҳои автомобилгард таъмир, барои обҳои лойолуд трубаҳо гузошта шуданд, беш аз 10 километр роҳҳои пиёдагард бунёд гардиданд.
Президент зарурияти сохтмон ва таъмири роҳҳоро дар пояи лоиҳаҳои андешидашуда ва сарфакор таъкид намуд.
Зиёд кардани миқдори сайёҳон низ эътибори сарфакоронаро бо партовҳо тақозо менамояд. Бинобар маълумотҳо рӯзе дар ноҳияи Бӯстонлиқ ба ҳисоби миёна 102 тонна партовҳои маишӣ ҳосил мешаванд. Мутаассифона, бинобар дараҷаи пасти маданияти истироҳат партовҳо ҷамъоварӣ намешаванд ва дар табиат боқӣ мемонанд.
Барои он ки ин мушкилот ҳаллу фасл шавад, беҳтар кардани низоми тозакунии ҳудудҳо пешбинӣ мегардад, зиёд кардани миқдори нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳо ва шумораи техникаҳои махсус, ҳамчунин ба роҳ мондани кори инспексияҳои экологӣ дар назар дошта мешавад. Дар натиҷаи ин тамоми ҳудуди ноҳия бо хидмати нигоҳубинкунандагони санитарӣ фаро гирифта хоҳад шуд. Барои ба талаботи тозагӣ ва ҳифзи муҳити атроф риоя кардани истироҳаткунандагон назорати мунтазам ҷорӣ мегардад.
Ҳамчунин бобати беҳтар сохтани шабакаҳои таъминоти оби ошомиданӣ ва канализатсияҳо дар ноҳияи Бӯстонлиқ кор бурда мешавад. Аз ибтидои сол 7,6 километр шабакаҳои таъминоти оби ошомиданӣ, насосҳо ва манораҳои обтаъминкунӣ бунёд карда шуданд. Дар ду соли наздиктарин бунёди 36 километр хатҳои об, 3,5 километр канализатсия ва тақрибан 10 иншооти гидротехникиву канализатсионӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба беҳтар кардани таъминоти электрии ноҳия эътибори махсус дода шуд. Президент супориш дод, ки шабакаҳои мавҷудаи электрӣ таъмир карда шаванд, иншооти коркарди барқ аз нирӯи об, шамол ва офтоб сохта шуда, аз ҳисоби манбаъҳои мазкур 50 фоизи талаботи иншооти сайёҳӣ таъмин гардад.
Лоиҳаи дар пуштаҳои кӯҳ, ҷангалҳо ва бунёди об сохтани пойгоҳҳои мобилии истироҳат дар пояи тарроҳиҳои сабук баррасӣ гардид.
Ба мақсади рушди ноҳия ҳамчун минтақаи мукаммали сайёҳӣ ва бомуваффақият татбиқ намудани лоиҳаҳои пешбинишуда Президент пешниҳод кард, ки ба сифати таҷриба ба зиммаи муовини Сарвазир – раиси Кумитаи давлатии оид ба рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамзамон вазифаи роҳбарии ноҳияи Бӯстонлиқ гузошта шавад.
Дар муаррифӣ вазифаи дучанд зиёд кардани иқтидори сайёҳии ноҳия аз ҳисоби вусъат додани миқдори сайёҳон ва хелҳои хидматрасонӣ дар ду соли наздиктарин гузошта шуд.
ӮзА.