Лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд

  • Лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд
  • Лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 12 июл бо тақдимоти татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар ҳамкорӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб шинос шуд.

Ҳамкории Ўзбекистону Аморат муназзам ривоҷ меёбад.  Аз аввали сол инҷониб ҳаҷми муомилоти мол ду баробар афзуд, дар мамлакати мо бо иштироки сармояи АМА 45 корхонаи нав ташкил карда шуд.

Муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд бисёр соҳаҳои иқтисодиётро фаро мегиранд, ки яке аз муҳимтаринаш энергетика мебошад.

Соли гузашта дар вилояти Навоӣ якҷоя бо ширкати аморати «Masdar» аввалин неругоҳи калони барқии офтобӣ дар мамлакати мо ба кор андохта шуд. Имрӯзҳо он дар як шабонарӯз 1 миллиону 180 ҳазор киловатт-соат қувваи барқ интиқол менамояд.

Татбиқи боз 5 лоиҳаи бузурги энержӣ, ки арзиши умумии онҳо қариб 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, мувофиқа шудааст. Инҳо хусусигардонӣ ва баланд бардоштани иқтидори Неругоҳи гармии барқии Талимарҷон бо ширкатҳои Mubadala ва TAQA, бунёди неругоҳи шамолӣ дар вилояти Навоӣ ва неругоҳҳои фотоэлектрикӣ дар вилоятҳои Сурхондарё, Самарқанд ва Ҷиззах бо ширкати Masdar мебошанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон механизми нави рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб роҳандозӣ шудааст.

Дар ҷамъомад масъалаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар асоси ин низом баррасӣ шуд.

Шахсони масъул  доир ба вазъи кунунии лоиҳаҳо ва чорабиниҳои то охири сол ба нақша гирифташуда маълумот доданд.

Сарвари давлат қайд кард, ки ин лоиҳаҳои мазкур барои устувории низоми энергетикӣ ва афзоиши минбаъдаи воридоти сармоягузорӣ ба иқтисодиёт замина фароҳам меоранд.

Президент дар бораи хусусигардонии Неругоҳи барқи гармии Талимарҷон ҳарф зада, таъкид кард, ки лоиҳа бояд дар идоракунии неругоҳҳои гармидиҳии ҷумҳурӣ ва истеҳсоли самараноки нерӯи барқ ​​намуна гардад.

Лоиҳаҳое, ки дар якҷоягӣ бо Masdar дар соҳаи энергияи барқароршаванда амалӣ мешаванд, қадами муҳим дар самти то соли 2030 ба 25 фоиз расондани ҳиссаи энергияи сабз хоҳанд буд.

Вобаста ба ин, зарурати тезонидани раванди имзои созишномаву санадҳои зарурӣ ҷиҳати роҳандозии корҳои амалӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои мазкур таъкид гардид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: