Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо ислоҳоти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бунёдкориҳое, ки татбиқ мегарданд ва маҷмӯъҳои бузурги саноатии навсохти вилояти Навоӣ 28 декабр ба ин вилоят ташриф овард.
Роҳбари давлат дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» дар маросими тантанавӣ бахшида ба кушодани маҷмӯаи истеҳсолии поливинилхлорид, содаи каустик ва метанол иштирок кард.
Президентамон ҷамъомадагонро бо фарорасии Соли нав муборакбод намуда, ба сохтмончиён ва кимёгарон, шарикони хориҷӣ, ки дар татбиқи лоиҳаи мазкур ҳисса гузоштаанд, миннатдорӣ изҳор кард.
– Чунин лоиҳаҳои муҳим, замонавӣ, инноватсионӣ ба навсозии иқтисодиёти вилояти Навоӣ ва «локомотив»-и он – саноат, созмон додани ҷойҳои нави иловагӣ, босуръат баланд бардоштани даромади аҳолӣ ба буҷа хидмат мекунад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Солҳои охир дар натиҷаи реҷаҳои барои истиқбол муқарраргардида Навоӣ зуд тағйир ёфта, ба қатори вилоятҳои пешқадам дохил мегардад. Инро рақамҳои дақиқ низ нишон медиҳанд.
Имрӯз дар мамлакат 10 фоизи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ айнан ба саҳми вилояти Навоӣ рост меояд. Вилоят аз лиҳози маҷмӯи маҳсулоти ҳудудӣ, сармоя, маҳсулоти саноат ва кишоварзӣ дар мамлакат ба сари ҳар кас дар ҷойи аввал мебошад. Аз лиҳози хидматрасонӣ ва фурӯши реза бошад, пас аз пойтахт дар ҷойи дуюм аст.
Дар вилоят дар соли ҷорӣ 7 лоиҳаи молики аҳамияти давлатӣ ба ҳаҷми қариб ба 1,4 миллиард доллар ва 360 лоиҳаи ҳудудии сармоягузорӣ аз худ карда шуд. Хусусан дар байни лоиҳаҳои иҷрогардида ва ба амал татбиқгардандаи бузург се лоиҳаи ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» ба миқдори 1,7 миллиард доллар ҷойгоҳи алоҳида дорад. Якумин чунин лоиҳа — ба кор даромадани маҷмӯъи истеҳсолии поливинилхлорид, содаи каустик ва метанол дар мамлакат барои таъмин намудани эҳтиёҷ ба чунин навъи маҳсулот қадами муҳим гардид.
Барои барпо намудани маҷмӯъ, бо технологияи замонавӣ ва таҷҳизоти дигар таъмин намудани он ба миқдори 500 миллион доллар сармоя харҷ гардид. Дар ин ҷо соле 100 ҳазор тонна поливинилхлорид, 75 ҳазор тонна содаи каустик, 300 ҳазор тонна метанол истеҳсол мегардад.
Ба ин маҳсулот дар соҳаҳои автомобилсозӣ, бофандагӣ, филизот, кимиё, нафту газ, электротехника ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон ниёз зиёд мебошад. Онҳо то ҳол ба ивази пули зиёд аз хориҷ оварда мешуд.
Дар байни моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба қимати 86 миллиону 400 ҳазор доллар қариб 90 ҳазор тонна поливинилхлорид аз хориҷ харида шудааст. Корхонаи нав ба кор шурӯъ намуд, ки минбаъд ин миқдор маблағ сарфа мегардад.
Маҷмӯъи истеҳсолии поливинилхлорид, содаи каустик ва метанол корхонаҳои диёрро бо ашёи хоми зарурӣ таъмин менамояд. Инчунин ҳар сол ба миқдори 40 миллион доллар фурӯхтани маҳсулот ба хориҷ ба нақша даромадааст. Дар маҷмӯаи мазкур беш аз 900 ҷойи кор фароҳам омадааст.
Лоиҳаи мазкур якҷоя бо консорсиуми ширкатҳои «China CАMC Engineering Co., LTD» ва «HQC Shanghai Company»-и Чин ба амал татбиқ гардид.
Дар «Навоиазот» дар тӯли вақтҳои наздик лоиҳаи дуюми арзишаш 217 миллион доллар оиди ба кор даровардани иқтидорҳои истеҳсоли кислотаи азоти замонавии нав ба охир расид.
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки татбиқи якбора 3 лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ дар ҶС «Навоиазот» осон набуд.
– Ҳар қадар душвор бошад ҳам, марраҳои калонро ба пеш гузошта, бо ташаббус, фидокорона меҳнат кунем, албатта, ба онҳо муваффақ мегардем, — изҳор кард Президент.
Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки иқтидори вилояти Навоӣ баланд буда, барои ба кор даровардани онҳо тамоми шароити зарурӣ ва мутахассисон мавҷуд мебошанд.
– Сокинони меҳнатдӯст, марду олиҷаноби вилоят, ки дар биёбон чунин шаҳрҳоро мисли Навоӣ ва Зарафшон барпо намуда, минтақаи саноатӣ сохтаанд, минбаъд низ ба рушди Ӯзбекистон ҳиссаи бузург ҳамроҳ менамоянд, – изҳори боварӣ намуд сарвари давлатамон.
Президент тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаро ба кор андохт.
Дар маросим ноиб-президенти корпоратсияи муҳандисии «China CАMC Engineering Co., LTD» Ванг Юханг, собиқадори меҳнат Раҳмат Амонов, пешвои ташкилоти ибтидоии иттифоқи ҷавонони ҶС «Навоиазот» Толмас Рӯзимуродов, роҳбари корхонаи «Полипропилен қувурлар» Мадия Собитова ва дигарон таъкид намуданд, ки маҷмӯъи наве, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ба кор андохта шуд, дар рушди саноати мамлакат ба аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ молик мебошад.
Роҳбари давлатамон дар корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва кислотаи карбамиди азот, ки дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» барпо мегарданд, рафти сохтмонро аз назар гузаронд.
Ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» яке аз корхонаҳои бузургест, ки он ба соҳаи кишоварзӣ, нафту газ, саноати энергетика ва маъдани мамлакатамон беш аз 70 намуди маҳсулот расонда медиҳад. Маҳсулоти баланди саноатӣ баробари қонеъ гардондани эҳтиёҷи ин соҳаҳо, ба содирот равон карда мешаванд. Имрӯз дар корхонаҳои таркиби ҷамъият қариб 9 ҳазор коргару муҳандис меҳнат мекунанд.
Ба мақсади пурзӯр гардондани рақобатпазирии корхона ва вусъат додани иқтидор, кам кардани арзиши аслии маҳсулот дар ин ҷо татбиқи се лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Сарвари давлатамон сохтмони дутои онҳо – корхонаҳои истеҳсолкунандаи аммиак ва карбамид, инчунин кислотаи азотро аз назар гузаронд.
Арзиши умумии лоиҳаи якум 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Татбиқи он имкони соле истеҳсол намудани 660 ҳазор тонна аммиак ва беш аз 580 ҳазор тонна карбамидро фароҳам меорад. Дар ин ҷо қариб 500 ҷойи корӣ созмон дода хоҳад шуд. Баҳрабардории корхона соли оянда ба нақша гирифта шуда, соле ба маблағи беш аз 136 миллион доллар содир намудани маҳсулот пешбинӣ шудааст.
Ба туфайли технологияҳои замонавии корхонаи нав, ки якҷоя бо консорсиуми ширкати ҷопонии «Mitsubishi Heavy Industries» ва «Mitsubishi Corporation» сохта мешавад, соле 735 миллион киловатт соат қувваи барқ сарфа гардида, миқдори гази карбонати ангидрид, ки ба атмосфера бароварда мешавад, коҳиш меёбад.
Президент бо коргарон ва муҳандисони корхона суҳбат орост. Таъкид намуд, ки корхонаҳои нав барои иқтисодиётамон аҳамияти муҳим дошта, фаъолияти онҳо ба рушди соҳаҳои зиёд ва беҳтар гардондани зиндагии халқ самараи бузург мебахшанд.
Корхонаи навбатии бузурги «Навоиазот» маҷмӯаи истеҳсоли кислотаи азот мебошад. Ин объекти арзиши умумиаш 217 миллион доллар якҷоя бо ширкати шветсарии «CASALE SA» бунёд мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхона соле 500 ҳазор тонна маҳсулот мебошад. Дар айни ҳол дастгоҳу таҷҳизот васл гардида, корҳои сохтмониву васлкунӣ ба охир мерасанд. Баҳрабардории корхона моҳи феврали соли 2020 ба нақша гирифта шуда, истеҳсоли маҳсулоти аввалин моҳи март пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, сехҳои кислотаи азот, ки 55 сол қабл сохта шуда, ҳамаҷониба фарсуда гардидааст, аз истифода бароварда хоҳад шуд. Аз ҳама муҳимаш, ҳарҷи қувваи барқ барои ба даст овардани як тонна маҳсулот 18 баробар коҳиш ёфта, ба атмосфера баровардани газҳои зарарнок 150 ҳазор тонна кам хоҳад гардид.
Сарвари давлатамон алоҳида таъкид намуд, ки омилҳои мазкур дар ҳифзи экология, мусаффогии ҳаво, ҳифзи сиҳатии сокинони минтақа муҳим мебошанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар миқёси ҷаҳон заводҳои ба ин монанд танҳо дар ду давлат – Фаронса ва Чехия мавҷуд буда, заводе, ки дар «Навоиазот» бунёд карда мешавад, севумин ба ҳисоб меравад.
Сохтмони объекти мазкур моҳи декабри соли 2016 оғоз ёфтааст. Ҳоло лоиҳакашӣ, расондани ҷиҳозу таҷҳизот, корҳои сохтмону насб пурра ба поён расидааст.
Дар доираи лоиҳа корҳои созгорӣ моҳи феврали соли 2020 ба поён расида, истеҳсоли маҳсулоти аввал ба нақша гирифта шудааст. Вақте ки корхона пурра ба кор медарояд, дар як шабонарӯз 1,5 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мегардад.
Корхонаи мазкур низ дар асоси замонавитарин технология барпо мегардад. Дар бобати истеҳсоли азот дар корхонаи куҳна 10 дона агрегат соле 320 ҳазор тонна кислотаи нитрат истеҳсол намуда бошад, дар корхонаи нав танҳо як агрегат 500 ҳазор тонна маҳсулот тавлид менамояд. Ин низ аз хеле баланд будани имконоти технологии маҷмӯа ба шумор меравад.
Моҳҳои август-сентябри соли 2019 аз ҷониби мутахассисони ширкати «CASALE SA» 80 нафар мутахассиси ҶС «Навоиазот», ки барои ин кор интихоб гаштаанд, хононда шуданд. 18 нафар мутахассис моҳи январи соли 2020 дар чунин корхонаи Фаронса такмили ихтисос хоҳад кард.
Дар муваффақ гардидан ба барқарории иқтисодии давлатҳои ривоҷёбанда нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ калон аст. Аҳамияти ин гуна минтақаҳо бо мезонҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографии мамлакат муайян мегарданд. Имрӯз дар мамлакатамон «Навоӣ», «Ангрен», «Ҷиззах», «Ургут», «Ғиҷдувон», «Қӯқон» ва «Ҳазорасп» барин минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият нишон медиҳанд.
Ба мақсади истеҳсол намудани маҳсулоти ҷавобгӯйи андозаҳои ҷаҳонӣ, замонавӣ, баландтехнологӣ дар кишварамон аввалин шуда минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» ташкил шуда буд. Имрӯз дар ин ҷо дар ҳамкорӣ бо давлатҳои Куриёи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Италия, Чин, АМА, Ҳиндустон, Сингапур, Русия лоиҳаҳои пешомаднок татбиқ мегарданд. Дар корхонаҳои дар ҳудуди МОИ ҷойгиршуда беш аз сад намуди маҳсулот истеҳсол гардида, содироти онҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар асоси қарори Президентамон аз 5 июни соли 2018 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба васеъ гардондани фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» ва ташкил намудани минтақаҳои хурди саноатӣ дар вилояти Навоӣ» низоми нави фароҳам овардани шароити қулай барои фаъол ҷалб намудани сармояҳо, рушди истеҳсолоти нави замонавии рақобатпазир ва корхонаҳои хурд фароҳам оварда шуд. Инчунин, механизмҳои ҷойгир намудани онҳо ба ҳудудҳои алоҳидае, ки инфрасохтори дастгирӣ кардан, муҳандисиву коммуникатсионӣ ва истеҳсолии онҳо ташкил шудаанд ва дар ин асос офаридани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи истеҳсолот ва таъмин намудани шуғли аҳолӣ таҳия гардид.
Маълум, ки роҳбари давлатамон ҳангоми 2 марти соли 2018 ба вилояти Навоӣ ташриф овардан бо тақдимоти нақшаҳои пешомадноки минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» шинос шуда буд. Дар тақдимот мутасаддиён ба роҳбари давлатамон оиди дар солҳои 2017-2019 татбиқ намудани 32 лоиҳа, офаридани беш аз 1650 ҷойи корӣ, бо ин ба назар гирифта шудани истеҳсоли маҳсулоти электротехника, дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, масолеҳи мошинсозӣ ва автомобилсозӣ, бинокорӣ, кимиё ва кимиёи нафт маълумот дода буданд.
Дар рафти сафар ба минтақа 13 марти соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёев ташаббуси ба минтақаи озоди иқтисодӣ табдил додани тамоми вилояти Навоиро пеш гузошт.
Роҳбари давлатамон дар ташрифи индафъаина ба татбиқи ташаббус ва лоиҳаҳои мазкур таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
То 1 январи соли 2019 дар минтақаи иқтисодӣ 39 корхонаи арзиши умумиашон 276,2 миллион доллар фаъолият нишон медиҳанд. Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ дар минтақаи иқтисодӣ 27 субъекти нави соҳибкорӣ ба рӯйхат гирифта шуда, арзиши умумии лоиҳаҳои сармоягузорие, ки аз ҷониби онҳо ҷалб карда мешаванд, 437 миллион долларро ташкил медиҳад. Шумораи субъектҳои соҳибкории минтақа ба 66 адад расид.
Майдони умумии МОИ «Навоӣ» 564 гектарро ташкил медиҳад. Ба аэропорти байналхалқии «Навоӣ», шоҳроҳи автомобилгарди Е-40 ва роҳи оҳани дорои аҳамияти байналхалқӣ наздик ҷойгир шудани он мавҷуд будани имкони аз имкониятҳои шабакаи мултимодалии нақлиёту логистика истифода бурдани вилояти Навоӣ қулайиҳои иловагӣ фароҳам меоранд.
– Дар вилоят барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, офаридани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб кардани сармояҳои хориҷӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар амалӣ гардондани вазифаҳои рӯзмарраи рушди иқтисодиёт ба вусъат додан ва васеъ гардондани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бояд эътибори алоҳида диҳем, – гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.
Албатта, дар ҷалб намудани сармояҳо, фароҳам овардани муҳиту шароити қулай ба сармоягузорон фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аҳамияти муҳим доранд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 майи соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳо оиди истеҳсолоти инноватсионӣ, баландтехнологӣ, ба содирот нигарондашуда ва воридотивазкунанда ба сифати минтақаи озоди иқтисодӣ муайян намудани вилояти Навоӣ» дар ин бобат қадами муҳим гардид.
Ба корхонаҳое, ки аз рӯйи татбиқи дастури сармоягузорӣ истеҳсолотро ташкил менамоянд ва маҳсулоте, ки дар ҳудуди сарҳадии вилояти Навоӣ ба тариқи инноватсионӣ, дар асоснокӣ ба технологияи баланд, ҷойгузини колои воридотӣ ва ба содирот мунҷаргардида ихтисос ёфтаанд, мақоми иштирокдори минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» дода мешавад. Табиист, ки чунин истеҳсолгарон аз ҳуқуқ ва имтиёзоте, ки барои иштирокдори минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар гаштааст, баҳравар хоҳанд шуд.
Ба Президент дар минтақаи озоди иқтисодии «Навоӣ» дар бораи лоиҳаҳои наве, ки дар оянда ба амал татбиқ мегарданд, маълумот дода шуд.
Роҳбари давлат бо соҳаи нави ПВХ-и ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «National plast», ки профил ва истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулотро роҳандозӣ намудааст, низ шинос гардид.
Маҳсулоте, ки аз ҷониби ин корхона истеҳсол мегардад, дар бозор ҷойгоҳи муносиби худро ишғол менамояд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона беш аз 10 ҳазор тоннаро ташкил менамояд. Дар он беш аз 400 ҷойи кори нав ба вуҷуд оварда шудааст.
Президент Шавкат Мирзиёев намунаи маҳсулотеро, ки дар корхона истеҳсол мегардад, аз назар гузаронд.
— Зимни бунёди чунин корхонаҳо дар навбати аввал ба сифат бояд эътибор дод. Биноҳо ихчам бошанд ҳам, асосан маҳсулоте бояд истеҳсол кард, ки ба талаботи ҷаҳон ҷавобгӯ бошад, — гуфт роҳбари давлат.
Масолеҳи асосӣ ашёи хоми пластики бехатар ва аз лиҳози экологӣ тоза ба шумор меравад. Тамоми захираи ашёи хом дар асоси техникаи замонавии Италия пурра ба тартиби автоматӣ ба амал оварда мешавад.
Дар натиҷа барои ҷараёни экстузия полимери омода ба вуҷуд меояд. Бо василаҳои экструдер маҳлули полимер зери таъсири ҳарорати баланд ва фишори баланд рехта шуда, аз маҳлули полимер пластмасс ба вуҷуд меояд. Дар айни ҳол дар корхона 44 хати экстузия фаъолият дорад.
Ба профил бо кӯмаки қолаб ва кабел шакл дода мешавад. Ин маҳсулот бо сифати баланд ва тобоварӣ ба шароити мухталиф тафовут дорад.
Ба Президент дар бораи марҳалаи дуюми корхона маълумот дода шуд. Ин лоиҳа, ки дар семоҳаи сеюми соли 2020 ба баҳрабардорӣ супурда мешавад, бинобар нақша 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намуда, ба миқдори 10 миллион доллар маҳсулот содир мегардад.
Инчунин дар ҳудуди иқтисодӣ диққати роҳбари давлат ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Green Line Profil» ҷалб гардид.
Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти профили алюмин ва колои алюмин роҳандозӣ гаштааст. Корхонаи мазкур, ки қимати умумиаш 40 миллион долларро ташкил менамояд, соли 2018 ба кор даромадааст. 650 ҷойи корӣ офарида шудааст. Соли ҷорӣ ба миқдори 18,6 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол гардид. Ба миқдори 10 миллион доллар маҳсулот содир гардид. Аз аввали соли нав ҳаҷми истеҳсол аз 22 ҳазор тонна афзуда, ба нақша гирифта шудааст, ки миқдори содирот ба 14 миллион доллар расонда мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолгардида ба мамлакатҳои ИДМ, Украина, Литва, Полша, Чехия, Олмон, Канада, ИМА ва дигар давлатҳо фурӯхта мешавад.
Дар сехи гудозиши алюмини корхона борбардорҳои автоматӣ ва бухориҳои 15 ва 30 тоннаӣ вуҷуд дошта, дар онҳо ба ҳисоби миёна дар ҳарорати 700-750 дараҷа гудохта мешавад. Пас аз он аз тариқи мизи резиши филизи моеъ ба ҳисоби миёна дар як соат рехта мешавад.
Маҳсулоти нимтайёри алюмине, ки аз сехҳои гудозиш мебарояд, барои истеҳсоли профилҳои мухталиф ба сехи экстузия фиристода мешаванд. Имрӯз се дона пахшкунҳои 4000, 2000, 1000 тоннагӣ истифода мегарданд. Ин технология аз лиҳози замонавӣ ва сарфакор будан дар Осиёи Марказӣ ягона аст.
Роҳбари давлат бо ҷараён ва сифати маҳсулоти ин корхона шинос гардид. Доир ба истеҳсоли маҳсулоти содиротбоб ва васеъ намудани онҳо, аҳолиро бо масолеҳи арзони сохтмон таъмин намудан супоришҳо дод.
Бо ҳамин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Навоӣ ба поён расид.
Абубакир ӮРОЗОВ,
Умар АСРОРОВ,
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигорони
махсуси ӮзА.