Президент Шавкат Мирзиёев 21 февраль бо муаррифии лоиҳаҳо оид ба беҳтар намудани идоракунии фонди манзили бисёрҳуҷрадор ва рушди системаи гармидиҳии шаҳри Тошканд, ободонию кабудизоркунии маҳаллаҳо, инчунин лоиҳаҳо дар соҳаҳои геология ва саноати кимиё шинос шуд.
Хизматрасонии коммуналӣ соҳаест, ки ба ҳаёти миллионҳо одамон таъсир мерасонад. Пештар хидматрасонии манзилҳои серошёнаро танҳо ширкатҳои мулкдорон ба ҷо меовард, одатан дар сурати нарасидани захираву мутахассисон сифати ин ҷараён паст мешавад. Бинобар ин имрӯз шаклҳои дигари идораи фонди манзил низ пешбинӣ шудаанд.
Дар соли 2020 ба сифати таҷриба 110 манзили бисёрҳуҷрадор дар ноҳияи Юнусободи Тошканд мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба ихтиёри ташкилотҳои идоракунӣ дода шуданд. Таҷриба соли 2021 дар тамоми марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои Чирчиқ ва Ангрен идома ёфта, дар онҳо 15 ширкати идоракунӣ таъсис дода шуд.
Масалан, як ширкати идоракунанда ба 116 манзили бисёрҳуҷрадор дар шаҳри Навоӣ хизмат расонд, дар давоми фаъолияти он қарзҳои муҳлаташ гузашта ду баробар кам карда шуданд. Ширкат 34 намуди техникаи махсус харидорӣ намуда, барои сокинону соҳибкорон зиёда аз 20 намуди хизматрасонии нав ба роҳ монд.
Сарвари давлат зарурати ҳавасмандгардонии тавсеаи ин низом ва ҷорӣ намудани фаъолияти ширкатҳои идоракунандаро дар тамоми навоҳии шаҳри Тошканд, ба истиснои ширкатҳо ва идоракунандагони бевосита, ки аз хидмати онҳо аҳолӣ қаноатманд аст, таъкид кард.
— Мо бояд ин корро мураттаб ташкил кунем. Охир, ин мушкилоти рӯзмарраи одамонанд ва агар мо онҳоро ҳал накунем, халқи мо аз мо қаноатманд нахоҳад шуд, — гуфт Президент.
Барои ин дар маҳалҳо гурӯҳи махсуси корӣ кор карда, фаъолияти ширкатҳои мулкдорони манзил, фикру мулоҳиза ва таклифҳои аҳолӣ, ҳалли проблемаҳои молиявии ширкатҳо ва идоракунандагони ширкатро меомӯзанд.
Супориш дода шуд, ки масъалаи дар асоси тендери кушод ба ихтиёри ширкатҳои идоракунанда додани ҳудудҳое, ки ба ширкатҳои фаъолият ва вазъи молиявашон ғайриқаноатбахш хидмат мерасонанд, мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Муайян карда шуд, ки ба идоракунандагони ширкатҳо сабукиву имтиёзхои муайян дода мешаванд. Аз ҷумла, онҳо аз андози даромад ва молу мулк озод карда мешаванд, ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки оид ба аутсорсинги хидматрасони иншооти соҳаи иҷтимоӣ шартномаҳои мустақим имзо кунанд. Барои хариди техникаи махсус ва таҷҳизот ба маблағи 90 миллиард сӯм ҷудо кардани захираҳои кредитӣ дар назар аст, дар давоми се соли оянда ставкаи сифрии боҷи таҷҳизоту техникаи воридшаванда истифода мегардад, қарзҳои мушкилидоштаи ширкатҳо, ки дар бораи барҳам додан қарор қабул кардаанд, ба муддати 3 сол яхбандӣ карда мешавад.
Ба Вазорати хидматрасонии манзилию коммуналӣ супориш дода шуд, ки чунин корро дар ҳамаи вилоятҳо ташкил намояд.
Дар муаррифӣ ҳамчунин дар бораи лоиҳаҳое, ки дар соли 2022 дар низоми таъмини гармӣ амалӣ хоҳанд шуд, маълумот дода шуд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ азнавсозии 10 дегхона ва бунёди 2 дегхонаи нав, навсозии 120 километр шабакаи гармидиҳӣ дар назар аст, ки дар натиҷа таъминоти гармидиҳии 24,4 ҳазор хона ва 51 иншооти иҷтимоӣ беҳтар мегардад.
Тавре сарвари давлат пештар қайд намуд, ҳар як маҳалла бояд маркази иқтисодию иҷтимоӣ ва маърифатии худро дошта бошад.
Дар муаррифӣ дар бораи корҳое, ки дар Тошканд дар ин самт анҷом дода мешаванд, маълумот дода шуд. Зимнан зикр гардид, ки дар маҳаллаҳо майдончаҳои бачагона ва варзишӣ бунёд гардида, роҳравҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, дарахтҳо шинонда мешаванд. Барои ин аз буҷаи ҳар кадоми 579 маҳалла 1 миллиард сӯм ҷудо шудааст.
Президент дастур дод, ки ин маблағҳо самаранок истифода бурда, дар ҳолати зарурӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шаванд. Бо ҷалби идоракунандагони ширкатҳо таъмири ҷорӣ ва асосии 2 ҳазор манзили бисёрҳуҷрадор анҷом дода шавад.
Тавре маълум аст, дар мамлакати мо лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» амалӣ мешавад. Аз ҷумла, имсол дар пойтахт шинондани 1 миллион ниҳоли дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда дар назар аст. Дар тақдимот оид ба корҳо дар ин самт дар қисмати ноҳияву кӯчаҳо маълумот дода шуд.
Лоиҳаи Осорхонаи давлатии санъат, ки дар Боғи миллӣ сохта мешавад, инчунин тарҳ-лоиҳаи чойгиркунии намоишгоҳҳо, экспозитсияҳо ва дигар биноҳо, ки аз тарафи бюрои меъмории машҳури «Atelier Brückner» омода карда шудааст, низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти тақдимоти корҳои дар соҳаи геология қароргирифта нақшаҳои истихроҷи маъданҳои баландтехнологӣ нишон дода шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои азхуд намудани захираҳои мис, маъданҳои нодир, магний, литий ва графит, вусъат додани корҳои ҷустуҷӯи конҳои карбогидрид баррасӣ гардиданд.
Ба сарвари давлат инчунин дар бораи лоиҳаҳое, ки дар саноати кимиёи кишвар амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд.
Аз он ҷумла, технопарки кимиёву саноатии ”Чирчиқ”-и майдони умумиаш беш аз 31 гектар сохта мешавад. Дар соли 2022 дар технопарк лоиҳаи арзиши умумиаш 16,5 миллион доллар, аз он ҷумла истеҳсоли ҷузъҳои термоэластопластҳои полимерӣ, полипропилени кафкӣ, перепаратҳои микробиологӣ, коғаз ва косметика татбиқ хоҳанд шуд.
Лоиҳаҳои ташкили истеҳсоли нуриҳои минералии фосфорӣ ва комплексӣ дар вилояти Тошканд, нитрат ва сулфати калий, пропилен аз метанол ва маҳсулоти дигари кимиёвӣ дар пойгоҳи ҶС “Навоиазот”, ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ ба соҳа, созмон додани кластери кимиёвии илмию истеҳсолӣ ва таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои сари вақт ва самаранок амалӣ намудани лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба шахсони масъул супоришот дода шуданд.