ЛОИҲАҲОИ НАВ БАҲРИ РИВОҶИ ЧОРВОПАРВАРӢ

Чуноне ки сарвари давлатамон дар ташрифи навбатиаш ба вилояти Намангон таъкид кард, соли 2020 дар ҳудуди вилоят аз рӯйи чорвопарварӣ 84 лоиҳаи нав амалӣ гардида, корхонаҳои азнавкоркарди шир ва гӯшт ба кор андохта мешаванд.

Чуноне ки сарвари давлатамон дар ташрифи навбатиаш ба вилояти Намангон таъкид кард, соли 2020 дар ҳудуди вилоят аз рӯйи чорвопарварӣ 84 лоиҳаи нав амалӣ гардида, корхонаҳои азнавкоркарди шир ва гӯшт ба кор андохта мешаванд. Дар ноҳияҳои Поп ва Чуст кластерҳо барои парвои бузҳои ангор ташкил мегарданд. Ба якуним ҳазор хонадон 20 ҳазор сар гӯсфанд ва буз пешниҳод карда мешавад.
Чил сол аввал дар ноҳияи Чуст хоҷагии давлатии ба бузпарварӣ ихтисосонидашудаи «Ғалаба» ба фаъолият шурӯъ карда, парвариши зиёда аз ҳазор сар бузи ангор ба роҳ монда шуда буд.
Бошандаи деҳаи Варзики ноҳия Хуршедбек Раҷабов барои ташкили хоҷагии чорвопарварӣ ба кори хайр даст зад. Соли гузашта аз ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони Қароқӯрғон 1 гектар замин гирифта, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Варзик – Оқшар»-ро ташкил кард. Аз «Микрокредитбанк» 30 миллион сӯм кредит гирифта, бузҳои сафеди зотии ангор харид намуд ва ба парвариш сар кард. Ҳоло шумораи бузҳо ба 100 ва гӯсфандон ба 150 сар расидааст.
– Рӯзҳои наздик аз ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони Қароқӯрғон боз 30 гектар замин мегирам. Шумораи бузҳоро ба 800 сар мерасонам. Дар натиҷа боз 10 ҷойи кор ташкил гардида, азнавкоркарди пашми бузҳои ангор ба роҳ монда мешавад. Қобили қайд аст, ки бузи ангор кони фоида буда, гӯшташ хуштаъм, пашмаш гаронбаҳо ва шираш шифобахш мебошад, – мегӯяд Хуршедбек Раҷабов.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: