17 июли соли ҷорӣ дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки таҳти раёсати Президент баргузор гардид, суръати афзоиши иқтисодӣ дар минтақаҳо ва соҳаҳо дар нимсолаи аввал таҳлил гардида, инчунин вазифаҳои афзалиятнок то охири сол баррасӣ шуданд.
Соли ҷорӣ дар вилояти Тошканд аз ҳисоби 113 лоиҳаҳои истеҳсолӣ фаро гирифтани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ва қарзҳо ба маблағи умумии 1 миллиарду 265,8 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон аз кишварҳои Чин, Русия, Олмон, Сингапур ва Туркия корхонаҳои нави саноатӣ ба кор андохта шуданд: масалан Zhong Peng Ceramics Group International оид ба истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ дар Ангрен, Zhongdi Decoration new Materials CO оид ба истеҳсоли профилҳо дар Нурафшон.
Инчунин корхонаи Sharq Tubes дар шаҳри Чирчиқ ба маблағи 30,6 миллион доллар ба Туркия, Озарбойҷон, Молдова қубурҳои мисӣ содир намудааст. Ҳангоми таҳлили саъю кӯшиш дар ин самт маълум шуд, ки ба Русия ба маблағи 223,1 миллион доллар, Туркия – 76,6 миллион доллар, Қазоқистон – 44,8 миллион доллар маҳсулот содир шудааст. Дар навбати худ 86 намуди маҳсулоти нав, ки дар вилояти Тошканд истеҳсол мешаванд, ба бозорҳои чунин кишварҳо ба мисли Бангладеш, Лаос, Непал ва Ҷопон бароварда шуданд.
Мувофиқи супоришоти дахлдори сарвари давлат тӯли солҳои охир ҳайат аз вилояти Тошканд ба мақсади роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ ба хориҷи кишвар сафарҳои корӣ анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, дар ҷараёни сафари намояндагони доираҳои корчаллонии минтақа ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмӯъ 91 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи 6,2 миллиард доллар ба имзо расид.
Оянда дар ноҳияи Оҳангарон дар соҳаи электротехника, саноати чарму пойафзол, коркарди амиқи мис, маъданҳои нодир ва дигар конҳои маъданӣ бисёр лоиҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба шарофати корҳои анҷом додашуда дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Абдулазиз МУСОЕВ,
мухбири ӮзА.