Президент Шавкат Мирзиёев 18 апрел бо тақдимоти объектҳои сохтмон шинос шуд.
Чӣ хеле ки маълум аст, мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 июни соли 2021 Донишгоҳи “Ӯзбекистони Нав” ташкил шуда буд. Дар асоси қарор оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои донишгоҳ, коркард ва сохтмони кампуси замонавии таълимӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ вазифаҳо муайян шуда буданд.
Лоиҳаи мазкур зимни муаррифӣ баррасӣ шуд. Зимнан зикр гардид, ки барои донишгоҳ қад-қади кӯчаи Дурмон йӯлии ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт 30 гектар замин ҷудо карда шудааст. Лоиҳаи маҷмӯъ якҷоя бо ширкати туркии Outdoor Factory таҳия шудааст. Дар он сохтмони биноҳои таълимӣ барои 5 факултет, бинои маъмурӣ, хобгоҳи муаллимону дониҷӯён, ошхона, китобхона, лаборатория, қасри варзиш ва варзишгоҳ пешбинӣ шудааст.
Айни замон дар ин маҳал мактаби президентӣ ҷойгир аст. Оянда дар ин ҷо Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ низ ҷойгир хоҳад шуд. Ҳамин тавр, дар ин ҷо маҷмӯи муттаҳидаи таълимӣ пайдо мешавад.
Сарвари давлат дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ба роҳ монда, фаъолият ва мероси олимони бузургамон дар биноҳои таълимӣ инъикос ёбад, барои таҳсил ва ҳаракати ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Ҳамчунин лоиҳаи азнавсозии осорхонаҳои давлатӣ муаррифӣ шуд. Дар назар аст, ки шароити дохилӣ ва таҷҳизоти техникии биноҳо бо нигоҳ доштани симои меъморӣ ва арзиши таърихии онҳо беҳтар карда шавад. Дар асоси таҷрибаи осорхонаҳои машҳури ҷаҳонӣ, дар лоиҳа хусусиятҳои баланд бардоштани намоиши экспонатҳо, бехатарии нигоҳдории осори таърихӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонон ба назар гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин корҳо майдони экспозитсияи осорхонаҳо васеъ шуда, ҷолибияти онҳо барои сокинони маҳаллӣ ва сайёҳон меафзояд.
Ҳамчунин лоиҳаи бунёди парки обӣ дар ҳудуди “Технопарк”-и ноҳияи Яшнобод баррасӣ шуд. Сохтмони иншоот дар ҳудуди 4,5 гектар замини ҳоло истифоданашуда ва як бино бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷо ҳавзҳои пӯшида ва берунӣ, аттраксионҳои обӣ, тарабхонаҳо, майдончаҳои бачагона сохта мешаванд.
Дар мамлакати мо татбиқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» идома дорад. Нақшаи бунёди Боғи гул дар ҳудуди Боғи астрономӣ дар вилояти Юнусобод низ ба ҳадафҳои лоиҳа мувофиқ аст. Боғ як қадами дигар дар раванди фароҳам овардани шароит барои истироҳати мадании аҳолӣ ва беҳбуди экологияи пойтахт хоҳад буд.
Дар маросими тақдимот инчунин тадбирҳо оид ба беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳои байнишаҳрӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи васеъ кардани роҳи автомобилгарди байни ноҳияи Поп ва шаҳри Намангон баррасӣ гардид.
Сарвари давлат таъкид кард, ки релефи минтақа ба инобат гирифта, ба қулайӣ ва бехатарии ҳаракати нақлиёт эътибор дода шавад.