Президент Шавкат Мирзиёев дар рафти шиносоӣ бо рафти сохтмони марҳилаи дуюми Метрои рӯизаминии ҳалқагини Тошканд 6 июн оид ба васеъ гардондани шабакаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва рушди инфрасохтори метрополиитен супоришот дода буд.
Ба сарвари давлат 13 июн лоиҳаҳое, ки ба ташкили ин кор нигаронда шудаанд, пешниҳод карда шуданд. Аз ҷумла, дар бораи нақшаҳои идома додани марҳилаи дуюми ҳалқаи рӯизаминии метро бо пайвастан ба шохаи Сергелӣ, ҷорӣ кардани усулҳои замонавии сохтмон, навсозии таркиби ҳаракати метро, минбаъд афзун гардондани ҳаҷми мусофирон маълумот дода шуд.
Тавре маълум аст, дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми лоиҳа то охири соли ҷорӣ 5 истгоҳи дигар ва соли оянда то ҷашни Наврӯз бунёди ду истгоҳи дигар дар назар аст. Ин хат тақрибан 250 ҳазор сокини 62 маҳалларо бо хидмати метро фаро мегирад.
Сарвари давлат таъкид кард, ки қулайӣ барои мардум ва бехатарӣ бояд дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ афзалият дошта бошад. Супориш дода шуд, ки барои метро 14 поезди нав харида, барномаи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии мусофирон дар солҳои 2022-2025 таҳия карда шавад.
Аҳамияти рушди ҳамаҷонибаи метро бо истифодаи васеи равишҳои инноватсионӣ, инчунин ҷалби мутахассисони баландихтисос аз хориҷи кишвар барои омода намудани кадрҳои ватанӣ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи нақлиёт қайд карда шуд.
Муайян карда шуд, ки 26 маҳаллаи Тошканд бори аввал ба шабакаи нақлиёти ҷамъиятӣ фаро гирифта шуда, ба метро пайваст карда мешавад. Барои ин автобусҳои электрикии иловагӣ харид карда мешаванд.
Тавре ки ҳисобҳо нишон медиҳанд, ҳар рӯз аз вилояти Тошканд ба пойтахт беш аз 1 миллион мусофир ворид мешаванд. Зарурати бозгардонидани ин ҷараён ба метро, фароҳам овардани қулайӣ ҳам барои аҳолӣ ва ҳам барои ҳаракати нақлиёт таъкид гардид.
Вазифа гузошта шуд, ки ҳаракати поездҳои тезгард бинобар хатсайрҳои “Тошканд – Хӯҷакент”, “Тошканд – Бекобод” ва “Тошканд – Ангрен” ба роҳ монда, электропоездҳои замонавӣ харид карда шаванд.
Муҳимияти ободонии маҳаллаҳои шафати хати метрои нави ҳалқавӣ таъкид шуд.
Умуман, супориш дода шуд, ки лоиҳаҳои пешнидодшуда ба охир расонда, лоиҳаи қарор тартиб дода шавад.