Вазорати рушди инноватсионии ҷумҳурӣ аз зумраи он ниҳодҳои давлатӣ маҳсуб меёбад, ки бо фармони Президенти мамлакат 29 ноябри соли 2019 таъсис ёфтааст.
Вазорати рушди инноватсионии ҷумҳурӣ аз зумраи он ниҳодҳои давлатӣ маҳсуб меёбад, ки бо фармони Президенти мамлакат 29 ноябри соли 2019 таъсис ёфтааст. Он сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи инноватсия ва рушди илмӣ-техникии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ менамояд. Гуфта мешавад, ҳадафҳои асосӣ аз таъсиси ин вазорат ҳамчунин ба рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва ҳаёти давлатӣ, баланд бардоштани нерӯи зеҳнӣ ва технологияи кишварамон нигаронида шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ, ки мақомоти ин вазорат баргузор карданд, мавзӯи “Маблағгузории грантии лоиҳаҳои илмӣ” таҳти баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки вазири рушди инноватсионӣ Иброҳим Абдураҳмонов изҳор кард, вазорат дар доираи барномаҳои давлатии марбут ба фаъолиятҳои илмӣ озмуни лоиҳаҳоро роҳандозӣ ва онҳоро маблағгузорӣ низ мекунад. Вай афзуд, ки гузашта аз ин барои лоиҳаҳои илмӣ фармоишҳои давлатиро ташаккул медиҳад, феҳрасти давлатиро пеш мебарад ва иҷрои онро таҳти назорат қарор медиҳад.
– Дар айни ҳол дар вазорат бар асоси таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ механизми фармоиши давлатӣ барои корҳои илмӣ ҷорӣ шудааст. Ҳаҷми молиявии фармоиши давлатӣ барои ҳар як мавзӯи нашршуда қаблан муайян карда мешавад. Ба манзури ширкат дар озмуни он на камтар аз ду лоиҳа тақозо мегардад.
Ин озмун муҳити рақобатро фароҳам меоварад ва ба гирифтани грантҳои доимӣ мусоидат менамояд. Таъкид гардид, ки дар айни замон бо маблағ таъмин намудани ҳар як лоиҳа аз се то панҷ маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳадди ақалл 40 дарсади маблағ барои харидории таҷҳизоту дастгоҳҳо, реактивҳо ва маводҳои дигари зарурӣ харҷ карда мешаванд.
– Барои экспертизаи лоиҳаҳои илмӣ дар назди вазорат шӯроҳои нави илмию техникӣ таъсис дода шудаанд. Дар ин шӯроҳо 450 нафар олимон ва мутахассисони варзидаву соҳибихтисос дар 18 риштаи хос машғули фаъолиятанд. Аммо таркиби онҳо марҳила ба марҳила тағйир ёфта меистад. Ногуфта намонад, ки ин олимону мутахассисон дар заминаи ҷамъиятӣ фаъолиятҳои худро ба роҳ меандозанд, – тазаккур дод Иброҳим Абдураҳмонов.
Маълум шуд, ки номзадҳои пешбаришудаи ташкилотҳои илмӣ хеле нуктасанҷона интихоб карда мешаванд. Ба гуфтаи вазири рушди инноватсионӣ аз 520 номзади 102 ташкилоти илмӣ пешбарикарда 126 олим бо индекси Ҳирш (h-index) дар пойгоҳи маълумотҳои байналмилалии Scopus ва Web of Science интихоб карда шуданд. Ҳамзамон 36 нафар олимони хориҷӣ ба сифати коршиносон ҷалб гардидаанд.
Дар нишасти матбуотӣ он нукта низ қайд карда шуд, ки соли сипаришуда дар доираи барномаҳои давлатии марбут ба фаъолияти илмӣ ҳаҷми солонаи маблағгузорӣ барои 1 ҳазору 313 лоиҳа 425 миллиард сӯм ихтисос ёфта буд, ки он иҷро шуд. Аз ин шумор татбиқи 334 лоиҳаи фундаменталӣ бо маблағи 74,4 миллиард сӯм, 845 лоиҳаи амалӣ бо маблағи дастикам 290 миллиард сӯм, 81 лоиҳаи инноватсионӣ бо маблағи 41,3 миллиард сӯм, 28 лоиҳаи мақсаднок бо маблағи 12,5 миллиард сӯм, 25 лоиҳаи муштараки байналмилалӣ бо маблағи 6,9 миллиард сӯм таъмин карда шуд. Дар айни замон маблағгузорӣ намудани 218 лоиҳа пешниҳод шудааст, ки маблағи он 116,8 миллиард сӯмро тақозо менамояд.
– Мо ба он ноил шудем, ки иҷрои 25 лоиҳаи муштараки байналмилалии “Ӯзбекистон – Белорус”, “Ӯзбекистон – Олмон” ва “Ӯзбекистон – Туркия” ҳамоҳанг карда шаванд. Ин лоиҳаҳо 6,9 миллиард сӯмро тақозо менамоянд. Дар солҳои 2021-2022 барои иҷрои лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ бо Туркия, Чин ва Ҳиндустон озмунҳо эълон карда шудаанд. Бар ин асос аз 39 лоиҳаи ҳамкорӣ ё муштарак бо Туркия барои татбиқи 4 лоиҳа 3,8 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Ҳаҷми ин маблағ баъди натиҷагирии мусбати экспертизаҳо маълум карда шуд, – иброз дошт Иброҳим Абдураҳмонов.
Аз вазири рушди инноватсионӣ пурсидем, ки Ӯзбекистон аз таҷрибаи кадом кишвари ҳамкор дар самти инноватсионӣ ва маблағгузориҳо фаровон истифода мекунад.
– Ин суолест, ки мо ба он зуд-зуд дучор меоем. Алҳол ман наметавонам, дар посух ба ин суол афзалияти танҳо як кишварро нишон диҳам. Аммо дар кулл метавон гуфт, ки таҷрибаи кишвари Белорусро ҳоло корбаст мекунем ва дар ин ҷода чанд лоиҳаи муштаракро таҳти татбиқ қарор додаем. Ҳамзамон бо олимони Чин ва Ҳиндустон низ корҳои муштаракро ба роҳ мондаем. Бо Олмон дар соҳаи технологияҳо ҳамкорӣ мекунем. Дар асоси ҷамъи ҳамкориҳои муштарак дар ноҳияи Чусти вилояти Намангон ба амалӣ намудани таҷрибаҳои инноватсионӣ шурӯъ намудем, – гуфт дар посух вазир.
Иброҳим Абдураҳмонов боз зикр намуд, ки амалиёти маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои илмиро бар асоси шарикии баробар бо секторҳои хусусӣ ва шабакаи ташкилотҳои гуногун ба роҳ мондаанд, ки бешак натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард. Ба таври мисол, барои кластери парвариши кишти зироати пахтаву корхонаи бофандагии Бухоро бо арзиши умумии 15 миллиард сӯм маблағ ихтисос дода шуд. Дар доираи фармоиши давлатӣ барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои мубрами ин корхона озмуни лоиҳаҳои тематикӣ ташкил гардид. Танҳо баъди натиҷагирии озмун ва бар асоси ҳамкории муштарак маблағгузории он мадди назар гирифта мешавад.
Аз ҳисоби 15,4 миллиард сӯм маблағи Вазорати энергетика, Кумитаи давлатии геология ва захираҳои минералӣ ва Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ бар асоси шарикӣ озмунҳо эълон карда шуданд. Дар маҷмӯъ аз вазорату идораҳо, институтҳои тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ барои озмуни лоиҳаҳои амалӣ ва инноватсионӣ, ки дар доираи барномаҳои давлатии фаъолияти илмӣ дар соли 2020 эълон шуда буданд, 2 ҳазору 445 мавзӯи тематикӣ тавсия ва мавриди қабул қарор гирифтанд.
Ба ин тартиб, барои дархости давлатии корҳои илмиву тадқиқотии пешниҳодшуда 347 мавзӯъ пешниҳод гардид. Аз ҷамъи ин шумори мавзӯъҳо 258-тои он амалӣ ва 89-тои он инноватсиониро ташкил медиҳанд. Маблағи умумии барои ин мавзӯҳо тақозошуда 589,2 миллиард сӯм мебошад ва барои татбиқи он озмунҳо эълон шуданд.
Ногуфта намонад, ки Вазорати рушди инноватсионӣ талош ба харҷ медиҳад, ки ҳарчи бештар лоиҳаҳои илмӣ-техникӣ маблағгузорӣ шаванд ва зиндагии мардуми мамлакат беш аз пеш беҳбуд ёбад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.