ЛОНАИ ЛАЙЛАК

Туроббобо аз субҳи содиқ дар даште, ки нисбат ба гандум алафи бегонааш бештар буд, дарав мекард.

Ӯ барои нафас рост кардан, қоматашро рост гирифта, ба атроф чашм давонд. Арақи ҷабинашро, ки ба бари рӯяш ҷӯяк кашида буд, бо кафи дастонаш пок кард.
Бобо ба ҳосили гандум, ки сол аз сол кам мешуд ва ба назар мерасид, ки имсол тухмиашро ҳам намепӯшонад, нигариста дилаш месӯхт. Қисми зиёди замине, ки рӯзгоре саракҳои гандуми дар он зичу анбӯҳ рӯйида бар асари бод алвонҷ мехӯрданд, шӯр бастааст. Қитъаи ҳосилхези он ба назар ночиз менамуд. Ҳоли замини деҳқонони дигар низ беҳ набуд. 
Бобо аз ин манзараи дилхиракунанда чашм канда, ба офтобе, ки дар болои сараш нурпошӣ мекард, нигоҳ кард. «Аҷиб, оё офтоб пеш аз ин ҳам чунин метасфид, ё мисли замону одамон вай ҳам тағйир ёфтааст?» Ӯ дар банди чунин фикру хаёлҳо ба тарафе, ки дуртар аз ӯ Азамат дар болои полони хар рӯболо хобида буд, равон шуд. Писарак ҳамсуҳбати хуби ӯ буд.
Писараки мижгонҳояш дароз-дарози гардолуд ба лонаи лайлаки болои симчӯб дида дӯхта, рӯйи полони хараш, ки алафҳоро бо як маром кирт-кирт мехоид, рӯболо хоб карда буду аз атрофу акноф парвое надошт. Ҳатто мижжа ба ҳам назада ба садои чӯҷаҳои лайлак, ки навакак аз тухм баромада буданд, гӯш меандохт.
Бобо ба хар наздик шуду халачӯбро шӯхиомез нармак ба паҳлӯи писарак халонд. Писарак аз халиши ногаҳонӣ як қад парида, қариб буд, ки аз хар афтад. 
– Ҳа, шӯхи беқарор, ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Косаи сабри поччои интизорат дар роҳи ту лабрез шудагист.
Хӯроки фиристодаи хола ва чашм ба роҳи ӯ будани поччоаш, баъди суханони мӯйсафед, ба ёди писарак расид. Саросема ба хар дурусттар нишасту ҷонварро бо халачӯб хала кард. Хар як тоб хӯрду пеш давид.
– Хӯрокро монда зуд баргард, туро дар ҳамин ҷо мунтазир мешавам.
– Ба чашм...
Пирамард то аз назар ғоиб шудани писарак аз қафояш нигоҳ карду баъд ба симчӯби бетоние, ки   дар болояш лайлак лона гузошта буд, дида дӯхт. Симҳои симчӯби бетониро кӣ, кай канда бурдааст, ҳеҷ кас намедонист. Бобо аз миён миёнбандашро кушода ба замини хушк паҳн карду нишаст ва омадани Азаматро интизор шуд...
              ***
Писарак то ҷое, ки ёд дорад, лайлакҳо ҳар сол дар болои симчӯб лона сохта, чӯҷа мебароварданд. 
Вақте чӯҷаҳояшон паррончак мешуданд, ҳама парида мерафтанд. Вале писарак намедонист, ки онҳо ба куҷо мераванд. Бино ба гуфтаи Туробпосбон, паррандаҳо ба кишварҳои гарм парида, баъди гузаштани зимистон, боз ба лонаашон бармегаштаанд.
Гоҳо фикр мекард ӯ: «Магар зимистон дар сартосари дунё дар як вақт  намеояд?». Не, бобои ақлаш даро-баро шояд хато кардагист. Холааш ҳамеша мегуфт, ки:  «Ба Туроббобо бисёр наздик машав. Ӯ пир шудааст, майнааш нағз кор намекунад. Вагарна, баҳор-ку баҳор, магар зимистони қаҳратун ҳам дар дашт ҷунбуҷӯл мекунад?».
Бо вуҷуди ин, аз паррандаҳо хуши Азамат меомад. Зеро чӯҷаҳоро падару модарашон ҳеҷ гоҳ партофта намераванд. Аз оғози баҳор то фаро расидани сардӣ онҳоро парвариш мекунанд. Холааш мегуфт, ки ҳамин ҷонваракон ҳам аз падару модари ту хубтару беҳтаранд. Азамат боре аз холааш напурсидааст, ки чаро ин тавр мегӯяд. Зеро сари чанд вақт ёдрас мекард, ки бародару келинаш бо баҳонаи дидорбинӣ омаданду вайи омиро фиреб доданд. Ба тифламон як муддат нигоҳубин кунед, гуфтанду дигар сояашонро нанамуданд. Ва ба пешонааш зада мегуфт: «Мани гӯлу нодон мурам. Кӯдакро ба даст гирифта напурсидаам, ки кай бармегарданд. Сабаби ин гӯливу нодонӣ дар чист? Магар аз назодани фарзанд ва суруди «алла» дар лаб наҷунбондани гаҳвора нест? Тифлро ба даст гирифтаму меҳри модариам рӯ зад, он лаҳза гумон кардам, ки ба пистонҳоям шир омад. Аз он ҳангом модари ту ҳастам. Гуфтам, ки шабе туро дар бари кӯчае гузоштаву баргардам. Аммо додарам, ҷигарам пеши назар омад. Туро бинам, падари раҳматиам ба ёд меояд, чашму рӯйи падарамро дар ту мебинам. Ҳар чӣ бодо бод, тоқат мекунам. Худо инсоф диҳад, мебурдагистанд». 
Дар ҳамин ҷо сурати хоксорона ва оҳанги суханони хола тағйир меёфт. «Гирифта мебаранд? Чаро мебурдаанд? Як пора гӯшт будӣ, калон кардам, ҳоло аз дастат кор меояд, то имрӯз дар куҷо буданд? Ҳеҷ гоҳ намедиҳам! Чӣ, туро аз онҳо кашида гирифтаам? Агар ба гирифтани ту оянд,  пойҳояшонро зада мешиканам. Рӯйи хотир намекунам, мегӯям, ки бача даркор бошад, дигарашро таваллуд кун. Чӣ, зодагӣ модар будаасту калон карда, тарбия додагӣ модар не?». Ба холааш, ки гоҳо худ ба худ ғур-ғур мекард, писарак эътибор намедод. Зеро медонист, ки чун оташ якбора даргирифта, боз хомӯш мегардид.
Дар асл апаи Санам барои Азамат амма буд, вале писарак ба «хола»-гӯйӣ одат карда буд. Падару модарашро, ки холааш доим дуои бад мекард, дар ёд надорад. Чашм кушоду холаю поччояшро дид. Поччои ба зану рӯзгораш бефарқ, ба Азамат низ рӯйи хуш намедод. «Ба ӯ шишаи шароб бошад кифоя,– мегуфт холаи хуни дил шуда, – аз саҳар то бегоҳ онро ба оғӯш гирифта хоб мекунад. Замин кашад, ин радди маъракаро, мурдаю зиндаро намедонад. Як рӯз ғелида мурад, бигузор, ҳамин шиша гӯр кунад». 
Бо вуҷуди ин ки писарак ҳар гоҳ барои бурдани хӯрок ба поччояш барвақттар ба роҳ медаромад, дер мемонд. Тавре ки гуфтем, соатҳо дар назди симчӯб истода, ба лайлакҳо дида медӯхт. Гоҳ рост истода, гоҳ нишаста, гоҳ  болои полони хар рӯболо хобида ба онҳо менигарист, дар ҳама ҳолат паррандаҳо мӯъҷизавор диққати ӯро ба худ мекашиданд. Аз ғояти ҳайрат як муддат холааш, поччояш, падару модари ҳеҷ гоҳ надидааш, одаму оламро фаромӯш мекард...
Дар даште, ки ҳар обмонӣ дар он кӯл ҳосил мешуд, нисбат ба гандум аҷриқ ва алафи бегона бештар мерӯйид. Ҳарҷо-ҳарҷо саракҳои пухтаи гандум ба назар зард метофтанд. Рӯзгоре ин заминҳо ҳосилхез буданд, асоро халонед мерӯйид. Ҳоло шӯрхок шудааст. Ҳамдеҳагон мегӯянд, ки:  «Вақти ҷойивазкунии замини дашт фаро расидааст». Худоё, иваз нашавад. 
Агар поччояш дигар заминҳоро посбонӣ кунад, Азамат аз дидани лайлакҳо маҳрум мегардад. Қишлоқ аз дашт дуртар аст, аксарияти деҳқонон вақти пухтани гандум ба дашт кӯчида меоянд, баъзеашон посбон мешаванд.
Дар банди ин фикру хаёлҳо писарак ба назди чайлаи қамишин расид. Харашро дуртар аз чайла нигоҳ дошта, аз хӯрҷин бастаи холааш додаро гирифту ба дарун даромад.
Апаи Санам то дар миёнбанди фартут баста додани хӯрок хеле пасту баланд гуфт. Аввал нолид, ки шавҳараш майзада аст, ҳамаи хешони ӯро аз гӯр кашида, ба гӯр зад, марги шавҳарро хост. Сипас, аҳд кард, ки дигар ба ӯ хӯрок намефиристад.
Азаматро наздаш хонд, дастархон паҳн кард, аммо луқмаи аввали хӯрок  аз гулӯяш нагузашта, инони гиряро сар дод. Гуфт: «Ҳазор ганда бошад ҳам, шавҳарам, чашм кушода дидаам. Магар мешавад дар дашти беканор ташнаю гурусна монад? Бечора чӣ кор кунад, вай зан шуда, барояш як бача зоида дода натавонист. Дардашро ба кӣ гӯяд, аламашро аз шароб мегирад-дия».
Сипас ба писарак таъин кард, ки хӯрокро зудтар барад. 
Азамат баробари ба чайла сар халондан, ба шишаҳои роҳрав пешпо хӯрд. Поччояш дар тарафи сояафкани чайла ба болишт такя карда, нишаста буд. Ба димоғи писарак бӯйи шароб зад.
Вақте Азаматро дид, бонг зад ӯ:
– Чаро ин қадар дер омадӣ, ҳаромӣ?
Писарак гап назаду шишаи шаробро ба ӯ дароз кард.
– Раис гуфт, ки ҳаққи серӯзаатон ҳамин будааст. Якбора ба сар намекашидаед.
– Ба ман чӣ кор карданро ёд надеҳ, тирмизак. Худам медонам. Раис боз чӣ дод?
Писарак аз кисааш сигарети ғиҷимшударо баровард.
– Ҳаминро дар назар доштам. Холаат надид?
– Не. Раис баъди аз хона баромаданам пинҳонӣ дод.
– Хуб. Хӯрокро дар он ҷо гузору баргард.
Хуб шуд, ки поччояш рухсати зуд баргаштанро дод. Ӯ акнун дар сояи ғарами алафу буттаҳо баҳузур такя зада, хонаи лайлакро тамошо мекунад. Холааш вақте пурсад: чаро дер баргаштӣ, мегӯяд, ки бо поччоям хӯрок хӯрдам. 
Азамат ин бор ҳам гулмехи харро дуртар кӯфта, сарашро ба тарафи симчӯб гардонду ба замин каҷпаҳлӯ зад. 
Лонаи мисли сабади нон аз хасу чӯб сохташудаи лайлак чун ҳамарӯза осуда буд. Танҳо садои чӯҷаҳо ба гӯш мерасид. Писарак ба онҳо дуру дароз нигариста, хобаш бурд. Чӣ қадар хоб кард, худ намедонад. Аз садои баланди ногаҳонии хараш бедор шуд. Хоболуд надонист, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Ба худ омаду дид, ки тамоми гандумзор, ғарами хасу хошоки таги симчӯб дар коми оташ аст. Азамат аз он ки рӯйи аҷириқи сабзу тар хобида буд, оташ ба вай даст наёфта буд. Писарак хост харашро раҳо кунад, аммо ҳайвон пештар аз ӯ ресмонро канда гурехта буд.
Азамат фирор карданӣ шуд, вале ногоҳ ба хотираш лайлакҳо расиданду истод. Ба болои симчӯб нигарист.
Дар оғӯши дуди сиёҳ, ки ба осмон печида мебаромад, онҳо наменамуданд.
Дар ин ҳолат наҷот додани чӯҷаҳое, ки нав аз тухм баромада буданд, имконнопазир буд. Писарак як муддат ба оташи забоназадаистода ва модарлайлак, ки садои ҷонкоҳ бароварда дар фазои лона гирд мегашт, нигоҳ карда карахт шуда монд. Ин ҳангом касе аз бозуи ӯ сахт дошта, ба ҷойи бехавф кашид...
             ***
Азамат ҳар боре, ки воқеаи рӯйдодаро дар хоб медид, бар асари дарди сахти бозу бедор мешуд. Тамоми баданашро арақи сард пахш мекард, аз ҳарорати баланди бадан гӯё даҳонаш хушк мешуд. Худро сарзаниш мекард, ки бачаҳои лайлакро аз коми оташ халос карда натавонист. Аздусар илоҷи кӯмак расондан ба онҳо набуд. Агар поччояш ӯро аз канори оташи гандумзор гирифта намебаровард, ҳаёти ӯ низ дар зери хатар мемонд.
Азамат ҳар гоҳ, ки ба хотираҳои бачагӣ бармегашт, баъди сӯхтор то ду рӯз зери дуд мондани гандумзор, чайлаи қамишин, ғарами хасу буттаҳо пеши назараш меомад. Ҳамаи ин бо айби поччояш рӯй дода буд. Худозада, пасмондаи сигаретро ба болои хасу хошок афкандааст. Сокинони деҳа, ки аз даҳ-понздаҳ хонадон иборат буданд, ба дигар ҷо кӯч бастанд. Хуб шуд, ки онҳо ба саҳрои заминаш шӯр дигар барнагаштанд, вагарна маскане, ки паррандаҳо ба ҳалокат расида буданд, пеши назари писарак манзараҳои ғамангезро аз нав зинда мегардонд...
            ***
Азамат то саҳар хобаш набурд. Дасту рӯй шуста, нонушта кард. Анҷомҳои сафарро завҷааш аллакай омода карда буд. Ӯ зуд ба роҳ баромад. Ҷавон ба чунин сафарҳои доимӣ одат карда буд, ин бор напурсид, ки ба куҷо мераванд. Наздики бегоҳ хобаш бурдааст, чашмашро кушояд, автобус дар саҳрои барояш шинос пеш мерафт. Ӯ ба дуродур синчакорона нигоҳ кард. Зоғе наменамуд. Танҳо сиёҳие дар фазо ба чашм мерасид. Автобус айнан аз он ҷо нагузарад ҳам, Азамат дар куҷо буданашро дарк кард. Даст ба гиребони ҳайрат бурд.
Зеро лайлакҳо ба лонаи куҳнаи худ баргашта буданд.
Онҳо хонаи худро партофта нарафтаанд.
Эҳтимол, ҳаёти онҳо аз замоне, ки бо одамон якҷо зиндагӣ мекарданд, осудатар аст...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи
 Саодат БЕКНАЗАРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: