ЛУҒАТЕ, КИ ҚАРОБАТИ ДУ ХАЛҚРО АЁНТАР МЕСОЗАД

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиб Сулаймон Эрматов, ки дар самти инъикоси таърихи робитаҳои адабии мардуми тоҷику ӯзбек хизматҳои шоён кардааст, «Луғати ӯзбекӣ – тоҷикӣ»-ро омодаи чоп намуд, ки чанде пеш дар КВД КТН «Шарқи озод» ба табъ расид.

Луғати мазкур қаробати забону фарҳанги ҳар ду халқро бори дигар собит менамояд. Тавре аз мушоҳидаи он бармеояд, калимаҳое, ки дар ҳар ду забон як хел истифода мешаванд, хеле зиёданд. Яъне, ин ду халқ он қадар ба ҳам қаринанд, ки ин қаробат ба фонди луғавиашон таъсири бузург гузоштааст. Масалан, тифли дар гаҳвораи тоҷику ӯзбек аз як калима — «алла» тасаллӣ меёбанд. Дар тӯйи арӯсии тоҷику ӯзбек як тарона — суруди «Ёр-ёр» садо медиҳад. Калимаҳои муҳаббат, ишқ, меҳр, вафо, садоқат, бахт ва саодатро, ки дилдодаҳоро як умр ба ҳам мепайванданд, ҳар як хонадони тоҷику ӯзбек истифода мебаранд.
Тавре муаллифи луғат Сулаймон Эрматов зикр кардааст, вожаи тоҷикии гул, ки рамзи зебоӣ ва бедоршавии табиат аст, дар забони ӯзбекӣ муодил надорад.
Ба якдигар бисёр наздик будани тарзи зиндагии ин ду халқ  дар ифодаи калимаҳои зерин низ баръало намоён аст: рӯймол, нон, рӯзгор, ғалла, чилла, якандоз, заргар, қишлоқ, қошуқ, қош ва ғайра. Калимаҳои тоҷикии якдил, меҳрубон, ширин, хурсанд ва ғайра бо ёрии пайвандакҳои ӯзбекӣ дар ин забон он қадар «худӣ» шудаанд, ки аз забони дигар ворид шуданаш эҳсос намешавад. Масалан, хурсандчилик, меҳрубонлик, борикбинлик, боғбонлик, деҳқончилик, ғамхӯрлик, ғаллакорлик ва ғайра.
Тӯли асрҳо паҳлуи ҳам зистани мардуми тоҷику ӯзбек боиси он гаштааст, ки аксар зарбулмасалу мақолҳои ду халқи бародар ҳаммаъноанд. Масалан, мақолҳои «Сукут – аломати ризо», «Аввал таом, баъд калом», «Зери коса — нимкоса», «Ҷавоби аҳмақ — сукут», «Тарки одат – амри муҳол», «Пеш аз тӯй нақора», «Аз бекор Худо безор» ва ғайра дар ду забон як хел ифода ёфтаанд. Яке аз хусусиятҳои луғати мазкур он аст, ки мақолҳои ӯзбекӣ бо тартиби алифбои тоҷикӣ ҷойгир шуда, сипас вариантҳои тоҷикиашон оварда шудаанд.
Дар луғат ба хотири аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар наздик будани аксар калимаҳои ӯзбекӣ – тоҷикӣ ҳар калимаро шарҳу эзоҳ надода, ба ҷойи он синонимҳои ҳамон калима оварда шудааст. Масалан, завол – пастравӣ, заифӣ – бемадорӣ. Ё ин ки «Закӣ – зирак, ҳушёр, хушфаҳм».
Аз мутолиаи луғат хонанда дармеёбад, ки аксар калимаҳои арабӣ дар ҳар ду забон як хел  истифода мешаванд, Масалан, китоб, қалам, маҷлис, сабаб, аҳвол, адаб, абёт, абад, адл, аврат ва ғайра.
Луғати мазкур, пеш аз ҳама, барои тарҷумонҳое пешбинӣ шудааст, ки мақолаю асарҳои бадеӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва илмию оммавиро аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ бармегардонанд.
Аз он хонандагон, донишҷӯён ва онҳое, ки ба омӯхтани забони ӯзбекӣ рағбат доранд, низ истифода бурда метавонанд. Баробари ин, «Луғати ӯзбекӣ – тоҷикӣ» барои ӯзбекзабонҳое, ки шавқи омӯхтани забони шевои тоҷикиро доранд, муфид хоҳад буд.

Сайфиддин СУННАТӢ,
ш. ДУШАНБЕ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: