ЛУҒАТИ ЭЗОҲИИ ИСТИЛОҲОТИ ДИПЛОМАТӢ БОРИ АВВАЛ БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ТАЙЁР ВА ЧОП КАРДА ШУД

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва дастгирии Бунёди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирони Ӯзбекистон китоби алоҳидаи «Diplomatik termenlar izohli lug’ati» чоп гардид.

Китоб барои нашр аз ҷониби корманди Маркази иттилоотиву таҳлилии муносибатҳои байналхалқии назди ВКХ Исроил Шамсимуҳаммедов омода карда шуд. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ муаррифии нашрияи мазкур ба амал омад.
Дар чорабинӣ кормандони Департаменти оид ба рушди забони ӯзбекии Девони Вазирон, ВКХ, донишҷӯёни Донишгоҳи иқтисодиёт ва дипломатияи ҷаҳон, ҳамчунин дар режими онлайн намояндагони ҳайатҳои дипломатии кишвари мо дар хориҷа иштирок карданд.
Иштирокдорони муаррифӣ дар бораи мазмуну моҳияти «Луғати эзоҳии истилоҳоти дипломатӣ» сухан гуфтанд. Қайд гардид, ки ин китоб ба рушди забони дипломатияи Ӯзбекистон хидмат хоҳад кард.
Китоби мазкур аёнияти муҳим ва амалии кормандони соҳа мебошад, дар он калимаҳо, таркибҳо ва тарзи навишти онҳо ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар соҳаи дипломатия бағоят муҳиманд.
Луғати эзоҳӣ ба доираи васеи дипломатҳо, донишҷӯён, тарҷумонҳо, намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ ва онҳое, ки ба ин соҳа рағбат доранд, пешбинӣ гардидааст.
Луғат тақрибан 400 калима ва ибора, ҳамчунин вожаҳову ислоҳотеро, ки дар соҳаи дипломатия ва муносибатҳои байналхалқӣ васеъ истифода мешаванд, дар бар гирифтааст.
Дар ҷараёни муаррифӣ таъкид шуд, ки солҳои охир бо назардошти он ки кишвари мо беш аз пеш мамлакати барои ҷаҳон кушода мегардад, рағбат ба омӯзиши забони ӯзбекӣ меафзояд. Бинобар ҳамин ҳам алҳол ба ин луғат талабот зиёд буда, он мувофиқи тақозои замон тартиб дода шудааст.
– Ин луғат ибтидои кори мо дар самти истилоҳотшиносии муносибатҳои байналхалқӣ ба шумор меравад, – мегӯяд корманди масъули Департаменти Девони Вазирон Ғофир Ҳамроев. – Мо бояд дар ин самт боз корҳои зиёдеро ба сомон расонем, зеро то имрӯз луғати эзоҳии забони ӯзбекӣ бинобар сиёсати хориҷӣ вуҷуд надошт. Дар рушди дипломатияи байналхалқии Ӯзбекистон зарурияти коркарди истилоҳоти ӯзбекии вобаста ба соҳаи мазкур ҳаст. Бояд қайд кард, ки ВКХ мунтазам вазифаҳоеро, ки аз ҷониби роҳбарияти давлат ва ҳукумат бинобар дар сатҳи байналхалқӣ баланд бардоштани нуфузи забони ӯзбекӣ гузошта шудаанд, иҷро мекунад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: