«ЛУҚМАИ МУФТ...»

(Ҳикоя)

Онҳо дар оила чор нафар буданд: зану шавҳар ва як писару як духтар. Сарвари оила – Рустам ходими идораи барқ буд, ҳамсараш Назокат мураббияи кӯдакистон. Зиндагии миёнаҳол доштанд. Яъне, Худо ризқу насибаашонро мерасонд. Дар шаҳраки Зарафшон мезистанд. Аз он ки хонаашон дар шафати шоҳроҳи автомобилгард  буд, шабу рӯз равуои автомобилҳо қатъ намегардид.

Рустам мехост мисли ҳамсояаш Ҷовид зиндагии серу пур дошта бошад: бегоҳиҳо аз кор савори сабукрав ояду намоишкорона баъди як-ду бор сигнал додан, ҳамсараш дарвозаи оҳанинро ба рӯяш кушояд, тобистон бо аҳли оила дар лаби дарёи Шӯхоб истироҳат кунад, ҳавлию ҳараме дошта бошад ҳавасангез...

Боре рӯйи рахти хоб дар ин хусус ба ҳамсараш даҳон кушод:

– Ҳамин Ҷовид буду шуд як дӯкони озуқа дорад, аз куҷо ин миқдор пул меёбад? Мошин харид, ҳавлию ҳарами муҳташам сохт, занаш қариб, ки ҳар рӯз як куртаи нав мепӯшад, фарзандонаш пиёда ба кӯдакистону мактаб намераванд. Мо-чӣ, ҳеч якамон ду намешавад.

– Шукр гӯед, Диловар (Назокат ба Рустам дар пайравии модараш номи писарашро ба забон гирифта муроҷиат мекард), – гуфт ҳамсараш. – Кам хӯрдану кам пӯшидан айб нест. Кам-кам пасандоз кунем, мо ҳам рӯзе мошиндор мешавем, қатори пур тӯй медиҳем...

Рустам норозиёна гуфт:

– Э, ман тут гӯям, ту бед мегӯйӣ, синнамон аз чил гузашт. Дар бақияи умр оё пул пасандоз карда метавонем?

– Хайр, чӣ нақшаҳо доред, соҳибкор шуданиед? Барои ин ҳам маблағ лозим. Дар ин солу замона ҳама бо ҳисобу китоб зиндагӣ мекунанд, кӣ ба шумо қарз медиҳад?

Рустам дид, ки аз кӯчаи сарбастаи тангдастӣ роҳи баромад нест, рӯ ба девор гардонда чашмонашро пӯшид.

Тақрибан соатҳои дуи шаб буд, ки  аз ларзиши дару девори хона ва садои гумбурроси баланд бедор шуда, зану шавҳар шитобзада берун баромаданд. Бо кадом чашм бубинанд, ки девори тарафи шоҳроҳ рахна пайдо кардаву дар ҳавлӣ мошини «Жигули»-и капоташ пачақшуда ва оинаи қисми пешаш рехтае қарор дошт. Чунин ба назар мерасид, ки мошин аз шоҳроҳ бероҳа гаштаву деворро  рахна карда, ба ҳавлӣ даромадааст. Дар мошин ду нафар буданд. Аз пешонаи ронанда хун метаровид, шарикаш дар даст дипломат мадҳуш мехобид. Дари тарафи ронанда боз нашуд. Рустам бо кӯмаки Назокат дари тарафи шарики шофирро кушода, ӯро  аз мошин берун кашида буд, ки даҳони дипломат кушода шуду се-чор баста доллар ва бастаҳои пули саду дусадҳазорӣ рӯ намуданд. Дипломати пури пул дар дили Рустам чароғи умед афрӯхт. Вай онро аз панҷаҳои марди бегона ба душворӣ раҳо карду дар таҳхона монда ба ҳамсараш рӯ овард:

– Ба ман нигар, ҳоло ёрии таъҷилиро даъват мекунем, дар ёд дор, мо ба ҷуз ду нафари мадҳуш ҳеч чизро надидаем. Дар хусуси дипломат ба касе даҳон намекушоӣ. Ин барои ману ту атои Худо. Агар сир ошкор шавад, дипломатро бармегардонем, вагарна...

Ин ҳангом ҳамсояҳои девордармиён – Ҷовиду Нурназар, ки онҳо низ аз тарақотуруқи ғайричашмдошт бедор шуда буданд, ба ҳавлӣ сар халонданд. Ҳарчанд аёнро ҳоҷат ба баён набуд, Ҷовид ҳолпурсӣ кард:

– Салом, ҳамсоя, чӣ гап, тинҷист?

– Намедонам, садои даҳшатангезро шунида аз хона шитобон баромадем, ки ҳамин ҳолат. Беҳтараш илоҷи ҳодиса кунем, мошини ёрии таъҷилӣ ва нозирони роҳро даъват намоем.

Баъди ним соат нозирон омаданд, мошини  ёрии таъҷилӣ низ ҳозир шуд. Ин ҳангом ронанда ҷон бохта буд. Шарикаш мадҳуш мехобид. Баъди ба сурат гирифтани ҷойи ҳодиса, мошини ёрии таъҷилӣ осебдидагонро ба беморхона бурд. Нозирон ҳама ҷоро қадам ба қадам чен карда, аз шоҳидон забонхат гирифтанд. Вақте крани борбардор омад, онҳо «Жигули»-ро ба мошини боркашон бор карда, бо худ бурданд.

Дертар маълум шуд, ки шахси дуюм низ дар беморхона ҷон бохтааст. Шоҳидон ду-се бор, барои ба масъала равшанӣ андохтан, ба идораи корҳои дохилӣ даъват шуданд. Дар ҷараёни тафтиш ошкор гардид, ки муфаттишон аз бордони мошин як кило нашъа ёфтаанд. Наздикони фавтидаҳо ба тақдир тан доданд...

Ба ғайр аз Рустаму Назокат касе надонист, ки дар мошин як дипломат пул ҳам буд...

Баъди ин ҳодиса Рустам ҳар бегоҳ бо чеҳраи кушод ба хона бармегашт. Вале дили Назокат хиҷил бошад ҳам, аз тарси шавҳараш ба касе, ҳатто ба бародару хоҳаронаш дар ин хусус даҳон накушод. Натиҷа гирифт, ки ба шавҳараш ёдрас кардани суханони бобояш, ки гоҳо ба таври насиҳат мегуфт: «Аз дуздӣ парҳез кунед, моли касе ба касе насиб намекунад. Луқмаи муфт заҳромез аст», фоида надоранд...

Тобистон ба охир расида табиат ба ҳукми тирамоҳи заррин гузашта бошад ҳам, ҳаво муътадил буд. Баргҳои зардшудаи дарахтон як-як алвонҷхурон ба замин мерехтанд. Рустам хонаи фартути кампири русеро аз кӯчаи ҳамсоя ба нархи арзон хариду вақтро ғанимат дониста, барои писараш, ки дар арафаи хатмкунии мактаб буд, ба сохтани хонаи нав сар кард. Устоҳои гулдаст дар ду моҳ хонаро таъмир карданд. Ба қавле, дарвоза ҳам нигин дошту ҳам қулфи мармарин. Рӯзи бӯрёкӯбон хешону дӯстон ва ҳамгузару ҳамсояҳо Рустаму ҳамсарашро табрик мекарданд. Ёфт мешуданд нафароне, ки аз якбора бой шудани онҳо рашк мебурданд. Боре Ҷовид дар як нишаст ба Рустам луқма партофт:

– Ҳамсоя, кош девори моро ҳам мошин рахна мекарду бой мешудем. Баъди ҳамон ҳодиса ба хонаат барака даромад.

Рустам бо лабханд ҷавоб дод:

– Ризқу насибаи додаи Худо. Насибатон кунад, дороии шумо аз дороии мо чанд баробар зиёд, ҳамсоя.

Дили Назокат низ бо мурури вақт ба моли дунё гарм шуд. Мехост куртаи дилхоҳашро пӯшад, мисли занони дигар гардану гӯшу ангуштонашро  тилловориҳо оро диҳанд. Шавҳар эътироз баён намекард, ҳар чӣ мехост, гирифта медод.

Рустам кам-кам ба орзуҳояш мерасид. Дар арафаи иди Наврӯз ӯ аз дарвозааш бо «Нексия»-и нав даромад. Назокат  зуд  ҳазориспандро дуд кунонда, се бор дар гирди мошин давр зад ва ба хотири он, ки сари «асп» аз санг шавад, сангчаеро гирифта се бор сабук ба «пешонӣ»-аш зад.  Зану шавҳар дасторхони зиёфат ороста, ба қавле, мошинро «шустанд», муллои гузар аз Қуръон ояте қироат карда ба рӯҳи «бобои оҳан» бахшид. Ба оҳистагӣ ҳама ашёи хонаро нав карданд. Шину хез ва  муносибат низ ба дигарон ранги дигар мегирифт.

Як бегоҳӣ гапи Рустам бо ҳамсояи тарафи чапаш гурехт. Ба ин Назокат дастак дод. Пештар ҳам барги дарахти себи ҳамсоя, ки шохаш ба тарафи онҳо гузашта буд, ба рӯйи ҳавлиашон мерехт. Назокат баргҳоро бе ҳеч дилхирагӣ рӯфта ба партов мепартофт. Вале он рӯз ин кор барояш вазнинӣ карда, ба Рустам даҳони шикоят кушод. Ҳарчанд Бахтиёр гуфт, ки ҳамсоя, мевааш ҳам аз они шумо, Рустам розӣ нашуд. Истодагарӣ кард, ки шохи дарахтро бурида партояд,  бозор  пури мева. Бахтиёр ноилоҷ шохи дарахтро бурид...

Диловар, баъди он, ки Донишкадаи тиббии пойтахтро хатм намуда, дипломро ба даст гирифт, дар беморхонаи марказии ноҳия ба кор даромад. Лутфия низ коллеҷи тиббиро хатм намуд. Вале ҳанӯз ба кор надаромада хостгорон пасупеш дарвозаи онҳоро ба кӯфтан сар карданд. Диловар розӣ шуд, ки аввал тӯйи хоҳарашро гузаронанд. Лутфия ба ҷавоне, ки дар коллеҷ ба ҳам унс гирифта буданд, ба шавҳар баромад. Тӯй дар яке аз тӯйхонаҳои боҳашами шаҳрак табъи дил гузашт...

Рустаму Назокат баъди як сол дар ҳамин тӯйхона ба тӯйи Диловар омодагӣ гирифтанд. Онҳо дар интихоби арӯс хокро аз остонаи баланд гирифтанд. Диловар ба духтари раиси бонки ноҳия – Рудоба дил баста буд. Базми арӯсӣ бо иштироки хешу табор, ҳамгузарон, ҳамкорони Диловар, ҷамоаи падару падарарӯс ва меҳмонони дигар, ба қавле, шоҳона гузашт. Ҳунарпешагони шинохтаи пойтахт бо суруду таронаҳои дилнишин ба тӯй шукӯҳи тоза бахшиданд. Нӯшбод пайи нӯшбод гуфта шуд, ҷавонону наврасон  дастафшону пойкӯбон рақсиданд. Сипас, бино ба хоҳиши баранда Рустаму Назокат ва падару модари Рудоба ба ҷавонон ниятҳои неки худро изҳор намуда, дар ҳавои мусиқӣ ба рақс даромаданд. Пулчаспонӣ ва пулпошдиҳии баҳсакии  ду ҷониб ба авҷи аълояш расид.

Баъди ба охир расидани тӯй ҷӯраҳо домоду арӯсро ба хонаи  нав бурданд. Субҳи рӯзи дигар Рудоба дар бар либоси арӯсӣ ба падаршӯю хушдоман ва пайвандони онҳо, ки дар гирди дасторхон ҷамъ омада буданд, аз рӯйи одоб чой кашид. Баъди нонушта пирон бори дигар дар ҳаққи ҷавонон дуо карданд...

Рустам баъди як сол «Нексия»-ро фурӯхту «Каптива» харида, калидашро ба Диловар дода гуфт:

– Акнун навбати ту, писарам...

Чархи зиндагӣ пеш меғелид. Ҳама чиз дар ҷояш, вале Рустаму Назокат дар оташи пушаймонӣ месӯхтанд. Сабаби дилнохушӣ ин буд, ки аз заношӯйии Диловару Рудоба панҷ сол гузашта бошад ҳам, Худо фарзанд намедод. Ба замми ин, духтарашон Лутфия фарзанди якумашро, ки писар буд, маъюб таваллуд кард. Пойҳояш аз зону поён беҳаракат буданд. Ҳафтае пеш падари Рудоба аз занаш фаҳмидааст, ки сабаби рӯйи фарзандро надидани духтарашон Диловар аст. Вай ду пояшро ба як мӯза карда, аз Диловар талаб кард, ки ақди никоҳро бекор кунанд...

Рӯзи ҷиҳозашро ба мошин бор карда ба хонаашон рафтани Рудоба дунё ба чашми Рустаму Назокат торик шуд. Рудобаи ба риққатомада ҳамин қадар гуфта тавонист, ки вай ин пешомадро намехост. Вале...

Рустам ин ҳамаро аз тақдир медонист, аммо Назокат фикри дигар дошт. Вай суханони бобояшро дар ин маврид бори дигар ба ёд меовард, ки «Луқмаи муфт заҳрогин аст» гуфта буд . Пушаймон мешуд, ки чаро дар вақташ сирро ошкор насохт, Рустамро водор накард, ки дипломатро ба ходимони ҳуқуқу тартибот супорад. Инак, заҳри луқмаи муфтро мечашанд...

Саодат Рӯзиева.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: