ЛУҚМАИ ҲАЛОЛ

Вақте гузорам ба шаҳр афтид, имкон ёбам дар чойхонаи барҳавои лаби Марғилонсой тановул мекунам.

 Баъди санбӯсаи хуштаъми танӯрӣ чойи сабз нӯшида ва ташнагӣ шикаста, бидуни ихтиёр, ба хаёл меравам. Мӯйсафеди газгӯшту сиёҳҷурдае, ки ба кас зиндадилона менигарист, пеши назарам пайдо мешавад. Чанд сол муқаддам ӯро тасодуфан дар ҳамин чойхона дучор омада, рӯи кат паҳлӯяш нишаста, аз суҳбаташ баҳраманд шуда будам.
– Се писар доштам, – гуфта буд вай, – калонӣ ба ҳалокати автомобил дучор шуд. Дареғ, умраш кӯтоҳ будааст. Писари миёна ва хурдӣ, шукр, соҳиби хонаву ҷой. Зиндагиашон бад нест. Хӯш, аз худашон пурсем. Фарзандҳо чанд нафар? Зиндагиашон осуда аст?
Ман дар навбати худ аз чанд фарзанд доштан, соҳиби кадом касбу кор будани писарҳо нақл намудам. Гуфтам, ки зиндагиашон тинҷ, ману модари фарзандон дар ҳалқаи набераҳо ҳаёти бофароғат дорем.
– Бахтнок будаед, – гуфт мӯйсафед. – Маълум мешавад луқмаи ҳалол хӯрондаед ба фарзандон.
– Қатори ҳама, – лабханд задам аз каме ситоишаш хиҷолатманд шуда.
– Лекин ҳама ҳам... луқмаи ҳалол намехӯронанд, – даҳон кушод мӯйсафед ҷиддият ба гунааш мӯҳр зада. – Ман, масалан, як вақтҳо...
Мӯйсафед оҳи вазнин кашид. Дар вазъе, ки тирагӣ ба гунааш панҷа мезад, ба нуқтаи номаълуме дурудароз чашм дӯхт.
– Падар, ба шумо чӣ шуд? – пурсидам. – Чиро хаёл кардед?
– Писаронамро, – пичиррос зад ӯ. – Медонед, бинобар хатоӣ ва аз паи молу дунё давиданам чӣ рӯзҳое ба сари онҳо афтод.
Вақте мутаваҷҷеҳ ба рӯяш нигаристам:
– Гӯям? – пурсид ӯ. – Вақтатонро намегирам?
– Падар, гӯшам ба шумо.
Вай нақл намуд:
– Дар идорае роҳбар будам. Кордам болои равған буд. Ҳар се писарро, ки паи ҳам ба камол расиданд, бо тӯю тамошои касношунид хонадор сохтам. Калиди манзил ва мошинҳои замонавӣ туҳфа намудам. Фикр мекардам, дар маҳалла беҳтарин ва ғамхортарин падар – ман. Бигузор писаронам дар даври ман аз неъматҳои зиндагӣ бархурдор ва аз ҳаёти хушбахтона бенасиб набошанд.
Вале дере нагузашта, нохушиҳое, ки кас дар хаёл надошт, ба хонадони мо сар халонд. Калониам майзада шуд. Қадамҳо беҷо мегузошт. Насиҳат кора накард. Дар ҳолати мастӣ ба паси фармон нишаста, бо мошине, ки туҳфа карда будам, ба ҷарӣ сарозер рафт.
Корҳои писари миёна низ пеш нарафтанд. Ӯ ҳам алам аз шароб меситонд. Ба ман ва модараш, ки мехостем таскин диҳем, чун ба бало менигарист. Хусусан ба ман. Нигоҳи пур аз нафраташ гӯё мегуфт: «Ба ҳамааш сабабгор ту!»
Писари хурдӣ савдоӣ шуд. Корд дар даст аз пешам мебаромад ва таҳдид мекард: «Мекушам!»
Муолиҷа дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ нафъ набахшид. Ба куҷо задани сари сахт надониста, карахт монда будам. Нафаре маслиҳат дод дар Бухоро инсони табарруке ҳаст, наздаш равед, шояд кӯмак кунад. Рафтам ба ҷустуҷӯи он шахс, ёфтам, арзи аҳвол намудам:
– «Беҳтарин» падар бадбахттарин падар шуд, тақсир. Чӣ кор кунам?
Вай пурсид:
– Луқмае, ки хӯрондед, ҳалол буд? 
Ба сарам гӯё оби сард рехт. Баданам ваҷаррос зад. Баъди андаке сукут:
– Ба шумо дурӯғ гӯям, ба Худо чӣ мегӯям? – иқрор шудам ман, роҳҳои чӣ тавр пулу молёбии худро пеши назар оварда.
– Давлатро фиребидам. Аз ҳақи мардум ҳазар накардам. Акнун чӣ мешавад, тақсир? Илоҷи гуноҳ шустан ҳаст?
– Ноумед нашавед, – гуфт домулло. – Тавбаю тазарруъ, хайру саховат. Аллоҳ меҳрубон ва бахшоянда аст. Шояд биёмурзад ва ҳама корҳоятон хуб, мушкилатон осон гардад.
Ба Фарғона баргаштам. Куллан инсони дигар шуда  баргаштам, гӯям бовар кунед. Афв хостам аз Парвардигор. Дуоҳоеро, ки домулло навишта дод, шабу рӯз хондам. Дари хайр кушодам. То имкон будан дили беваю бечора ёфтам.
Фарзандоне, ки аз калониам монданд, набераҳои боақл ва меҳрубон ба воя расиданд. Ба дили миёнаам меҳр, ба сари хурдиам ақл баргашт. Ба қатори одам даромаданд онҳо. Ҳазорон шукр!
Ваъзгӯӣ ё насиҳатхонӣ ба мардумро ба худ эб намебинам, аниқтараш, худро муносиб намеҳисобам. Вале агар пурсанд, ба ҷавонон чӣ гуфтание доред, мегуфтам: «Вақте фарзанд ёфтед, ба номи мубораки «падар» сазовор бошед. Ҳатто дар тангтарин ҳолат ба овардани луқмаи ҳаром роҳ нагузоред. Ба фарзандон фақат луқмаи ҳалол хӯронед, луқмаи ҳалол хӯронед...

Н. ҒОЗИБЕКОВ,
собиқадори меҳнат.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: