МАБЛАҒИ ЗИЁД НОДУРУСТ ИСТИФОДА ШУДААСТ

Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Қашқадарё аз маблағи барои ба соҳибкорон додани кредит ихтисосдодашуда ғайримақсад истифода сурат гирифтааст.

Тавре ки сухангӯи ин агентӣ Дурдона Очилова мегӯяд, зимни корҳои омӯзишӣ дар ин вилоят маълум шуд, ки қарори  Президенти Ӯзбекистон “Дар бораи чораву тадбирҳои исловагии истифодаи босамари замин, инчунин  дастгирии молиявӣ аз ташаббусҳои ба соҳибкорӣ шуғл варзидани аҳолӣ” дуруст мавриди корбаст қарор нагирифтааст. Ҳол он ки дар ин қарор ғояи “Ҳар як оила – соҳибкор” ҷиддан талқин шудааст.
– Санҷиш нишон дод, ки маблағҳои ҷудошуда дар ин самт бидуни мақсад истифода шудаанд ва маводу маҳсулоте, ки мебоист ташкилотҳои марбута барои шаҳрвандон таслим намоянд, ба дасти онҳо нарасидааст. Хусусан, дар семоҳаи аввали соли 2022 ба воситаи се бонки тиҷоратӣ (Бонки халқӣ, Агробанк, Микрокредитбанк) барои 392 нафар мизоҷ 11 миллиарду 548 миллион сӯм маблағ ҷудо намудааст, ки ба воситаи 15 интиқолдиҳанда бояд ба соҳибкорон бирасад. Аммо дар санадҳои қабули молу маводи аз ҳисоби ин маблағҳо фиристодашуда ягон қайд мавҷуд нест, – меафзояд Дурдона Очилова.
Ба таъкиди мавсуф натиҷа нишон медиҳад, ки дар истифодаи ин маблағҳо ба бесарусомониҳо роҳ додаанд. Ба таври мисол, филиали бонки саҳҳомӣ-тиҷоратии “Микрокредитбанк” дар Бешкент ба шаҳрванд М.Э. 33 миллион сӯм ҷудо кардааст, ки ба воситаи он ба ин шаҳрванд 60 сар харгӯш диҳанд. Ҳамчунин ба ин миқдор маблағро ба шаҳрванд Г.Б. ихтисос додаанд, ки ба парвариши моҳӣ машғул шавад. Аммо на аз маблағ дарак шудааст ва на аз харгӯш ва моҳӣ.
– Чунин ҳодисаҳо дар ҷойҳои дигар низ такрор шудаанд.  Дар ҶДММ «S.T.G.» тавассути 3 бонк ба 48 нафар шаҳрвандон 1 миллиарду 412 миллион пул ҷудо карда шудааст. Бо ин маблағ соҳибкоронро лозим меомад, ки занбӯри асал, парранда ва гӯсфанд харида, парвариш намоянд. Ин маблағ боз барои харидани мотор-култиватор, мошини дарздӯзӣ, компютер барин технологияи наву замонавӣ масраф мегардид. Аммо дар ин самт низ кредит бидуни мақсад истифода шудааст ва ҳеч як соҳибкор аз ин қадар сармоя баҳраманд нагардидааст, – қайд мекунад Дурдона Очилова.
Бино ба ин манбаъ, ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни тафтишот ҷамъоварӣ шудааст, барои аз равзанаи ҳуқуқӣ арзёбӣ кардан ба идораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ирсол гардидааст. Гуфта мешавад, ки додситонӣ дар айни ҳол дар муқобили роҳбарони панҷ корхонаи расонандагони ин маводу маҳсулот ва таҷҳизоти вилояти Қашқадарё парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст ва онҳо дар қонуншиканӣ гумонбар шудаанд. 
Интизор меравад, ки вайронкунандагони қонун тибқи моддаҳои Кодекси ҷиноӣ муҷозот мешаванд ва ин барои дигарон намунаи ибрат мегардад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: