МАДАДГОРОНИ МАРДУМ

Як гурӯҳ бачаҳо дуртар аз роҳи калон машғули бозӣ буданд.

 Ин дам дар сари роҳ мошине омада истод. Ҳама “газ омад” гӯён доду фарёд карданд. Шавкату Усмон аз мошин поён шуда бо бачаҳо вохӯрданд. Онҳо, ки ин бачаҳоро ном ба ном мешинохтанд, ба онҳо рӯ оварда гуфтанд:
– Ба хонаатон рафта аз омадани газ падару модаратон ва ҳаққу ҳамсояҳоятонро хабар кунед. Вақти мо хеле танг аст, имрӯз то бегоҳӣ бояд балонҳои пури газро то ба деҳаи Сесанга ва Коскак бурда расонем. Агар таъхир кунед, бе сӯзишворӣ мемонед. Бачаҳо ин гапро шунида ба сӯйи хонаҳои хеш давиданд. Аз байн фурсате нагузашта бошандагон балонҳоро ба аробаҳо бор карда, ба назди мошини газтақсимкунӣ омаданд.
– Эҳ, барака ёбетон, Шавкатҷону Усмонҷон, кам нашаветон, мушкили моро осон кардетон. Э-ҳа, барои як балон газ як рӯзи дароз мо дар маркази ноҳия сарсону саргардон мегаштем, – гӯён Салимбобо балони газро бо кӯмаки ҳарду ба ароба бор карда, даст ба дуо бардошт, ки минбаъд чунин хидмати беминнат карда, дуои аҳли деҳаро гиранд. Шавкату Усмон даст ба рӯй кашида аз ин бархӯрди мӯйсафед хушнуд гашта, дар хидмати дигар шаҳрвандон омода шуданд.
Идораи газтақсимкунии ноҳия аз вақте ки ҳардуро барои бурда расонидани балонҳои газ ба минтақаи Дарбанд вазифадор кард, зиёда аз 6-сол гузаштааст. Онҳо дар хидмати сокини маҳаллаҳои Даҳнаиҷом, Дарбанд, Темирдарвоза, Шифобулоқ, Мачай мебошанд. Аз хидмати беминнаташон сокинони ин манзилу маконҳо розианд.
– Ҳар боре ки ба деҳаи назарногири мо Шавкату Усмон газ меоранд, ба хурсандии аҳолӣ хурсандӣ зам мегардад, – мегӯяд сокини деҳаи Хамикабуд Чориҳоҷӣ Боғичаев. — Аз бозе, ки истифодаи газ бо воситаи балон ба роҳ монда шуд, ҳарду  ҷавонмард  дар рӯзҳои зимистони сахт,  аз барфу боронҳо, мушкилиҳо наҳаросида, ба мардум хидмати беминнат мерасонанд. Мо аз кормандони идораи газтаъминкунӣ бениҳоят мамнунем.
Шавкату Усмон дар як муддати кӯтоҳ ба сокинони маҳаллаи Навобод балонҳои мавҷударо тақсим карда, боз ному насаби ононро дубора аз назар гузарониданд.
Ин дам Шавкат дафтари рӯйихатро пӯшида ба Усмон  гуфт:
–Усмон, медони-чӣ, ҳафтаи гузашта Маҳмудака фавтида буд. Агарчӣ имрӯз навбати сокинони ин манзилгоҳ набошад ҳам, ба ҳамин хонадон даромада, ба ҳаққи раҳматӣ даст ба дуо мебардорем. 
Онҳо ба манзили гуфтаашон омада, баробари дигарон дар ҳаққи раҳматӣ дуо хонда ва дар охир балони гази ин хонадонро ғайринавбат бошад ҳам супорида, аз паи кори хеш шуданд.
Шавкат Қодиров пас аз хатми мактаби ҳамагонии 39-ум баҳри кор дари идораи газтаъминкунии ноҳияро кӯфт. Ба вай гуфтанд, ки ин муамморо сарвари идора Шукруллоҳ Умаров ҳал хоҳад кард. Ӯ ба ӯтоқи кории сарвар ворид шуд.
– Писар, ту воқеан нияти дар корхонаи мо кор кардан дорӣ? Лекин дар ин ҷо кор кардан осон нест. Аввал ин ки кори мо масъулияти баландро мепазирад. Сониян, агар  эҳтиёткор набошӣ, дар зиндагӣ фанд хоҳӣ хӯрд. Аз беэҳтиётӣ нохушӣ ба вуқӯъ пайвастанаш аз эҳтимол дур нест. Ба ин шартҳои мо розӣ бошӣ, мо туро ба кор қабул мекунем. 
Шавкати бекор ҳамин ҳарфи сардорро интизор буд ва розигии хешро ошкоро баён намуд. Ҳамин тариқ, ӯро ба сифати челонгари мошинҳои газ таъин намуданд. Фаъолияти кориаш аз ҳамин касбу кор оғоз гашт. Аз челонгарони ботаҷриба сирру асрори корро гоҳе ба осонӣ, гоҳе бо мушкилиҳо меомӯхт.  Устоҳои соҳибтаҷриба аз кори анҷомдодаи Шавкат қаноатманд мешуданд. Бо имдоду дастгирии сарвари корхона Шукруллоҳ Умаров ӯро ронандаи боркаши газтақсимкунӣ таъин карданд. Ӯ бо ҳамкоре аҳолии маркази ноҳияро бо газ таъмин мекард. Шавкат  ҳам ронандагӣ мекард ва ҳам бо ҳаммаслаки хеш балонҳоро ба хонадонҳо тақсим мекард.
Ҳар боре, ки баҳри кор омода мешуданд, Шукруллоҳака онҳоро дар рӯйи ҳавлии корхона дида мегуфт.
– Шавкатбой, бо мардум хушмуомила бошед. Дилозор набошед, ки беҳуда нагуфтаанд: 
Ҳар ки дар банди 
дилозорӣ бувад,
Оқибати кори ӯ зорӣ 
бувад.
Агарчӣ роҳбар хуб, сахтгир, масъулиятшинос буд, ҳамин гапро бо овози баланд мегуфт. Шавкат суханҳои роҳбарро ба гӯш ҳалқа мекард ва баъзан сари ҳар говгард бо чунин ҳол рӯ ба рӯ мешуд. Ӯ  дар чунин ҳолатҳо худдорӣ намуд. Андӯхтани таҷрибаи ҳаёт ва муомилаи хуш ӯро соҳибобрӯ гардонд. Сарвар аз кори ӯ қаноатманд буд.
Соли 2016-ум ҳукумати ҷумҳурӣ ба идораи газтаъминкунии шаҳрҳо ва ноҳияҳо фармоиш дод, ки бо воситаи мошинҳои боркаш аҳолиро бо балонҳои газ таъмин намоянд. Ҳар моҳ ба ҳар як хонадон балонҳои газро бурда расонанд. Тибқи иҷрои ин фармоиш ҳамон сол Шавкат Қодиров ҳамчун ронанда ва Усмон Исломовро ҳамчун мутасаддии газтақсимкунӣ вазифадор намуданд. Дар назари аввал ин кор барои ҳарду хеле мушкил метофт. Ба зиёда аз севу ним ҳазор аҳолӣ хидмат расондан ин ба гуфтан осон буд.
 Мо пеш аз навиштани ин мусавада бо чандин одамони касбу кори гуногун оиди фаъолият ва кору бори онҳо пурсон шудем. Ҳамагон бо як самимияту эҳтиром онҳоро таъриф карданд. Ва мо низ бо ин навиштаҳо иктифо карда, бо забони шоир дар ҳаққи ҳарду мегӯем:
Накӯӣ кун, агар туро
 дастрас аст,
К-ин олам ёдгори 
бисёр кас аст.

Нуралӣ РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: