МАДАНИЯТИ МОШИНДОРИЮ МОШИНРОНӢ

Ӯзбекистон наздик чаҳоряк аср қабл аз ин ба қатори мамлакатҳои рушдёфтае, ки автомобил истеҳсол мекунанд, ворид гашт.

Ӯзбекистон наздик чаҳоряк аср қабл аз ин ба қатори мамлакатҳои рушдёфтае, ки автомобил истеҳсол мекунанд, ворид гашт. Алъон дар диёрамон навъҳои гуногуни воситаҳои нақлиёт – аз сабукрав то боркашонҳои вазнин ва микроавтобусу автобусҳои замонавӣ истеҳсол ва дар бозорҳои дохилию берунӣ харидорҳои худро меёбанд. Аксарияти сокинон соҳиби сабукравҳои шахсӣ, дар баъзе хонадонҳо ҳатто ду-се автомобил бо тамғаҳои гуногун мавҷуд, ки ин ҳама нишона аз фаровонӣ, серу пур ҳаёт ба сар бурдани аҳолист. Нафақат дар шаҳрҳои хурду калон, ҳатто дар деҳоти дурдаст кӯчаҳо пур аз автомобилҳо.
Мошинҳо, ки торафт зиёд мешаванд, ба амал омадани тирбандӣ дар роҳҳо – як ҳолати табиӣ. Барои пешгирии ин ҳолат чораҳо андешида мешаванд. Баробари васеъ кардани кӯчаҳо дар чорроҳаҳо кӯпрукҳо барпо, барои нигоҳ доштани автомобилҳо майдонҳои махсус ҷудо мегарданд. Дар таҳхонаи иншооти калон низ барои гузоштани воситаҳои нақлиёт имкониятҳо фароҳаманд. Вақтҳои охир дар пойтахт объектҳои автомобилнигоҳдории замонавие пайдо мешаванд, ки аз якчанд қабат иборатанд.
Бо вуҷуди ҳамин дар паҳлӯи объектҳои гуногун, саҳн ва майдони идораву ташкилотҳо бетартибона гузошта шудани автомобилҳои шахсӣ ба шаҳрвандон, ки баъзан намедонанд ба куҷо по гузоранд, ноқулаӣ тавлид месозад. Аз ин ҳам бадаш, дар вақти мошинронӣ наҳама ронандагон ба қоидаҳои ҳаракати роҳ риоя месозанд ва ҳаёти пиёдаҳоро таҳти хавф мегузоранд. Мутаассифона, дағалона вайрон карда шудани қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандаҳо, писанд накардани роҳгузарон ва тартибҳое, ки дар ин самт ҷорианд, ба маҷруҳ ва ҳатто ҳалокгардии инсонҳо сабаб мегардад. Назар ба таҳлилҳое, ки вақтҳои охир гузаронда шуданд, 95 фоизи ҳодисаҳои нохуш дар роҳ, ки ба марги пиёдаҳо боис гаштаанд, бо айби паси рул нишастаҳо содир шудаанд.
Дар ноҳияи кӯчаки Сӯх низ ин гуна ногувориҳо зуд-зуд рӯй медиҳанд. Дар яке аз садамоти роҳӣ – бархӯрди автомобилҳо якчанд одам дар ҷои ҳодиса ба таври даҳшатангез ба ҳалокат расиданд. Дар ҳудудҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба назар расидани ин гуна ҳолатҳои нохуш ҷамъиятро сахт ба ташвиш мегузорад.
Аз саҳифаҳои интернет хабаре хондем оиди дар ҷои барои пиёдаҳо ҷудошуда рӯй додани ҳодисаи нақлиётӣ, ки ба марги нобаҳангоми мактабхоне боис гаштааст. Наход дар майдон ва роҳравҳо барои пиёдаҳо низ ин гуна бетартиб мошин ронанд?
Як қисм боғчаҳои бачагона, дабистонҳо, муассисаҳои таълими олӣ, мактабҳои варзишӣ ва мусиқӣ дар паҳлӯи роҳҳои калони сермошин ҷойгиранд. Дар давоми соли таҳсил аз 7-и субҳ то 7-и бегоҳ суръати ҳаракатҳо набояд аз 50 км.соат боло равад. Дар ин бобат нишонаҳои роҳ ё пешлавҳҳои ёдраскунанда устувор шудаанд, аммо ронанда гӯё онҳоро намебинад, мисле кори ниҳоят зарур дошта бошад, суръатро тезонда, ҳаёти бачаҳоро зери хавф мегузорад. На ҳамаи онҳое, ки паси фармон нишастаанд, ҳунари хуби ронандагӣ доранд ё боэҳтиёт техникаро идора мекунанд. Ба ном хонда ё умуман нахонда ҳам бо роҳҳои гуногун соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шудан мумкин. Зумрае ҳатто ба бачаҳои ҳанӯз хурдсол ихтиёри мошинро месупоранд. Ҷавононе ҳам паси руланд, ки ҳову ҳавас, сабукӣ, ҳавобаландию ғурурҳои нозарур ҳанӯз дар онҳо фурӯ нанишаста. Бо тез мошин рондан мисле маҳорат намоиш медиҳанд. Баъзе инсонҳои синнашон ба ҷое расида низ аз ин гуна нуқсҳо холӣ не. Онҳо мехоҳанд дар мадди назари мардум бошанд, бо автомобили гаронбаҳо назар ба ҳақу ҳамсояҳо «бойтар» буданашонро нишон диҳанд. Дар аксҳои фейсбукиашон мисле «иномарка»-и худро намоиш медиҳанд. Чунин беморӣ ба бархе санъаткорон – «ситораҳои эстрадӣ» низ сироят карда. Клип баҳона, чӣ гуна мошиндорию мошинрониашонро намоиш медиҳанд. Чун арӯс оро додани мошинҳо, айни замон, расм шудааст.
Мегӯянд, барои гирифтани «рақамҳои давлатии тиллоӣ» як зумра навбойҳо миллионҳо сӯм сарф мекунанд. Дар савдои музоядаи «авторақамҳои зебо» долларҳои зиёдро дареғ намедоранд.
«Тонировка» низ пули зиёд талаб мекунад, ки як вақтҳо сахт манъ карда шуда буд. Парда дар оинаи мошин низ хилофи қонун. Вале як гурӯҳ мошинбозҳо маҳз ба амалҳое сахт руҷӯъ мекунанд, ки қонун роҳ намегузорад.
Дар роҳҳо ба моҷароҳо байни ронандагону ходимони амнияти ҳаракат гувоҳ мешавед. Ба назари як гурӯҳ ронандаҳо масъулони хидмати амнияти роҳ – душмани рақами як. Чунки автоинспекторҳо роҳ намегузоранд ронанда тавре ки дилаш мехоҳад, мошин тезонад.
Мошинронӣ бо суръати аз меъёр баланд, бо ҳис кардани нохушӣ худро гум кардан ва нақлиётро идора карда натавонистани ронанда, навъе дар боло ишора рафт, ба пиёда ҷабр шуданаш мумкин: як лаҳза метавонад ҳаёти одамро, ки бебаҳотарин неъмат аст, ҳал намояд...
Бадмасте дар яке аз кӯчаҳои Сӯх ба ҳаёти ҷавонзане зомин гашт – мошине, ки ӯ бо суръат пеш меронд, пиёдаи канори роҳро аз по афтонд.
Гуфтанд, бадмаст, ки пулмаст низ ҳаст, зуд халос мешавад, афсӯс, ҷавонзани камбағал ҳайф шуд. Гуфтаи онҳо омад – ронанда баъди ҳабси кӯтоҳмуддат боз ба мошинронӣ идома дод. Аз дасти наздикони марҳум чизе наомад...
Ин ҳодисаи ягона нест. Бинобар он ки на ҳама айбдорон ҷазои сазовор мегиранд, қисми муайяни ронандагон ба тақдири инсон ё худ ҳаёти пиёдаҳо чун ба бозича муносибат менамоянд.
Дар рӯй додани ҳодисаҳои нақлиётӣ, баробари ин, пиёдаҳо низ сабабгор. Бо хаёлҳои парешон кӯчаро бурида мегузаранд. Аз ҳад саросемагӣ, аз ҷойҳои муайяншуда ё худ роҳравҳои махсуси чорроҳаҳо ва роҳҳои зеризаминӣ нагузаштан, ба чароғаки роҳнамо эътино насохтан, айни замон, мӯҷиби фалокатҳои ногаҳонӣ.
Ронандаҳоро зарур аст ҳамеша эҳтиёткор бошанд, ба маданияти ронандагӣ амал созанд, суръат натезонанд, дар ҳолати нӯшидан ҳеҷ вақт паси фармон нанишинанд.
Мегӯянд баъзе ронандагон мисле таҳти назорат қарор доранд, бо як ҳисси ба тарс монанд паси фармон менишинанд. Фикр мекунем на тарс ё хавотир, балки ҳисси масъулият дошта бошад бояд ҳар ронанда, ҳисси ҷавобгарӣ ба ҳаёти худ, ба одамҳои роҳ, аснои ҳаракат роҳ нагузоштан ба хурдтарин хато ва риояи қатъӣ бо қоидаҳое, ки муайян шудаанд. Ронандае, ки устоди касби худ асту ба низоми ҳаракат риоя месозад, на аз радар метарсад ва на аз камераҳое, ки устувор гаштаанд. Бо дидани ходими хидмати патрулии роҳ, баръакс, аз он ки амнияти ҳаракатро бо маъние таъмингар аст, дилпурӣ ҳис менамояд.
Хидмати давлатии амнияти роҳ барои пешгирии ҳолатҳои ногувор чораҳои амалӣ меандешад, замонавитарин ускунаҳо – дар хидмати нозирон. Дар ин самт аз таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, давлатҳои Скандинавия ва Канада бо пешбурди ҷустуҷӯ дар таъмини амнияти роҳ илоҷи пешгирии ҳодисаҳои нохушро то андозае ёфтаанд ва месазад таҷрибаи онҳо дар Ӯзбекистон дастгирӣ ва татбиқ ёбад. Ҷорӣ шудани навигариҳо дар ин самт, албатта, ба манфиати кор аст. Стандартҳое, ки як вақтҳо ҷорӣ буданд, дар шароити ҳозира, ки кӯча лабрези мошинҳо, кор надоданаш мумкин.
Маълум, ки ронандаҳои ба вайроншавии қоидаҳои ҳаракат роҳгузошта, ки ба радар афтодаанд, ҷарима месупоранд. Вале фикр мекунем, баъзе радарҳо ба ном гузошта шудаанду халос. Агар тартиби қатъии ҷаримасупорӣ ҷорӣ мебуд, ронандагон дар пеши назари умум ба вайрон кардани қоида то ин дараҷа роҳ намегузоштанд. Қариб ҳар рӯз аз чорроҳаҳои назди «Мегапланет» воқеъ дар ноҳияи Юнусободи пойтахт гузаро мешавам ва мушоҳида мекунам, баъзе ронандагон ба «чароғакҳо» итоат накарда, пиёдаҳоро, ки бо фурӯзоншавии «сабз» дар ҳаракатанд, саросема мекунанд. Ҳатто рост ба болои роҳгузарон мошинрониҳо ба мушоҳида мерасад. Ронандае чун ба «сурх» эътибор надоду мошин пеш ронд, мошинҳои дар қафобуда дарҳол аз пасаш «метозанд». Дар навбати худ ба маданияти ронандагӣ ва қоидаҳои роҳ амалмекардаҳо низ кам нестанд, албатта. Аз ҷумла, дар кӯчаҳои маркази шаҳр (назди майдони «Мустақиллик» ва Хиёбони Амир Темур) қоидаҳои ҳаракат риоя карда мешавад. Ронандаҳо ба ин тарафи роҳ майли гузардории пиёдаҳоро ҳис карда, суръатро суст ва ба онҳо ишора мекунанд, ки гузаранд. Ба эҳтироми якдигар чӣ расад...
Фикр мекунем баробари ҷорӣ сохтани тартиботи қатъӣ ҳамдигарро эҳтиромсозии ронандаҳову пиёдагардҳо ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо мусоидат менамояд.

М. ШОДИЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: