«МАДАНИЯТИ ОММАВӢ» БА КУҶО МЕБАРАД?

Осеби маънавӣ аз маданияти оммавӣ дар кадом сатҳ аст?

Чаро мардум, хусусан, ҷавонон нисбат ба арзишҳои миллӣ бештар ба ин навъи «маданият» таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд? Ин ва дигар нуктаҳои маданияти оммавӣ дар мусоҳибаи зерин, ки бо номзади илми санъатшиносӣ Ато АҲРОРОВ сурат гирифтааст, акси худро ёфтаанд.
– Хоҳишмандам ба ҳайси олими санъатшинос бигӯед, ки «маданияти оммавӣ» чист ва ҳадафи он аз чӣ иборат аст?
– Пеш аз ҳама оид ба истилоҳи «маданияти оммавӣ» чанд сухан бояд гуфт. «Маданияти оммавӣ» истилоҳест, ки дар маданиятшиносӣ ва санъатшиносии муосир барои ифода кардани як тамоюлу ҷараёни басо муҳим ва маъмули шуури ҷомеаи замони мо истифода мешавад. Вақте ки мо «маданияти оммавӣ» мегӯем, ҳамон асарҳои бадеиро дар назар дорем, ки онҳо ба дарку эҳсоси омма нигаронида шудаанд, дар шаклу услуби сабуку фаҳмо эҷод гардидаанд, ҳатман арзиши тиҷоратӣ доранд. Он шаклу тамоюл ва рӯйдодҳои бадеӣ, ки имрӯз «маданияти оммавӣ» ном ниҳодаанд, маҳсули давраи нав дар таърихи инсоният – давраи ташаккули муносибатҳои капиталистӣ, бештар давраи капитализми саноатӣ мебошад. Дар тӯли ин ҷараён шуури ҷамъиятӣ дигар шуд. 
Ҷараёни қолабигардонӣ маданияти маънавиро ҳам ба худ кашид. Инсон қобилияти эҷоду офарандагии хешро, ки ҳамеша дар тӯли асрҳо як чизи нотакрор буд, акнун ба мошин бахшид. Оммаи одамон, ки дар истеҳсолоти мошинӣ банд буданд, симои якгунаи қолабӣ пайдо намуданд. 
Ба ҳамин минвол, як маданияти наве пайдо шуд, ки он имрӯз ҳам дар хидмати сармоя мебошад. Ин маданият қариб тамоми навъҳои санъатро фаро гирифтааст. Ин маданият жанрҳои ба худ хосро ба вуҷуд овардааст: детектив, вестерн, филмҳои «даҳшат» дар синамои англисӣ ва амрикоӣ, романҳои ишқварзӣ дар адабиёти фаронсавӣ, мелодрамаи ҳиндӣ, мусиқии эстрадӣ, мюзикл ва ҷаз дар мамлакатҳои Ғарб ва ғайра. «Маданияти оммавӣ» анъанаҳои адабиёт ва санъати классикӣ ва халқиро гӯё рад мекунад, вале дар айни ҳол мазмун, ғоя ва образҳои онро мувофиқи мақсаду мароми худ фаровон истифода мебарад.
Истеъмолгари асосии «маданияти оммавӣ» одамони табақаи миёна мебошанд. Онҳо дар таъсири муносибатҳои капиталистӣ ва асарҳои «маданияти оммавӣ» ҳама бо ҳам баробар, якгуна шудаанд, гӯё «чеҳра»-ашонро гум кардаанд. «Маданияти оммавӣ» озодӣ, гуногунрангии фикру ақидаи инсониро намепазирад. Аз ин рӯ зеҳн, тафаккур ва шавқу завқи хонанда, бинанда ва шунавандаи асарҳои «маданияти оммавӣ» доим ба дараҷаи паст зуҳур меёбанд. «Маданияти оммавӣ» тавассути унсурҳои бадеии худ ба дили истеъмолгарон роҳ меёбад, онҳоро дилхушиву хушҳолӣ мебахшад ва аз иллату низоъҳо ва муаммоҳои иҷтимоӣ ҳар чӣ бештар дур меандозад, образи ҷамъиятеро меофарад, ки дар он ҳақиқат, адолат ва саодати бардурӯғи инсонӣ ҳукмрон аст. Ҳадафи «маданияти оммавӣ» ҳам дар ҳамин аст.
– Унсурҳои маданияти оммавӣ ба синамои мамлакатҳои ҷаҳон то куҷо ворид шудаанд?
– Ман барои ҷавоб ба ин савол ба чанд намунаи синамои мамлакатҳои ҷаҳон муроҷиат кардан мехоҳам. Пеш аз ҳама ба синамои амрикоӣ. Дар «маданияти оммавӣ» як жанре мавҷуд аст, ки вай бештар дар миёни бачагон, ҷавонон ва ҳатто калонсолон хеле маъмул шудааст. Ин жанри комикс аст. Комикс як навъ китобҳои бачагонаи  мусавваре мебошанд, ки дар онҳо ҳам матн ва ҳам тасвирҳо бо ҳам пайвастаанд. Комикс сужет, мазмун ва ғояи муайян дорад. Дар зинаи аввали пайдо шудани ин жанр офарандагони он ба афсонаҳо ва ривоятҳои миллии англис ва мардумони дигар такя мекарданд. Дертар муаллифҳое пайдо шуданд, ки фақат дар ҳамин жанр эҷод мекарданд. Дар охири асри XIX ва асри XX, вақте ки «маданияти оммавӣ» ба вуҷуд омад, шаклу моҳияти комиксҳо ҳам дигар шуд. Ҳангоме ки дар ИМА синамо пайдо шуд, жанри комикс низ рушду нумӯъ кард. Дар зинаҳои аввали тараққиёти синамои амрикоӣ мо ҳатман истифода шудани воситаҳои тасвирии комиксҳоро мушоҳида мекунем. 
– Филмҳои «маданияти оммавӣ», ки дар онҳо саҳнаҳои фаҳш, зӯроварӣ, қотилӣ ва ғайра бисёранд, чӣ гуна ба дили тамошобинон роҳ ёфта истодаанд? Зидди чунин филмҳо чӣ гуна мубориза бояд бурд?
– Ман дар Душанбешаҳр ҳангоми кор бо ҳамин гуна масъалаҳо сару кор доштам. Идораҳои қудратӣ ба мо се-чор нафар додани хулоса ба ҳамин гуна филмҳоро хоҳиш мекарданд. Мо чунин филмҳоро дар солҳои бозсозӣ дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таҳлил мекардем, ба онҳо хулоса медодем. Чунин филмҳо чун контрабанда ба Тоҷикистон ворид шуда буданд. Мо чунин филмҳоро медидем. Дар ҳамон гуна филмҳо, чуноне ки Шумо гуфтед, саҳнаҳои қатлу хунрезӣ, ҳатто канибализм (одамхӯрӣ) буданд. Дар актҳое, ки доир ба чунин филмҳо таҳия карда мешуданд, осебовар будани тамошои чунин филмҳоро маълум мекардем. Ҳамин гуна филмҳо аз намоиш боздошта мешуданд.
Ман дар ин маврид масъалаи оила ва мактабро ба миён мегузорам. Дар хусуси тамошогарони кӯдак, наврас, ҷавонон ҳарф зада истодаам. Тамошогарони калонсол сараро аз носара ҷудо карда метавонанд, аммо бачаҳо, наврасон, ҷавонон, ки идрок, зеҳни эстетикиашон баланд нест, кам хондаанд, онҳо бештар ба қаҳрамонҳои филмҳои маданияти оммавӣ тақлид, пайравӣ мекунанд. 
– Ҳамосаҳои «Манас», «Гӯрӯғлӣ», «Шоҳнома» бо «маданияти оммавӣ» чӣ алоқамандӣ доранд?
– Он чӣ аз ҳамосаҳо номбар кардед, дурдонаҳои маданияти миллии халқҳои бо ҳам наздику ҳамсоя ба шумор мераванд. Ҳамосаҳо таърихан дар ду шакл арзи ҳастӣ намуданд: шифоҳӣ ва китобӣ. Шифоҳӣ барои он мегӯянд, ки ҳамосаҳо низ, ба мисли асарҳои фолклорӣ, ҳамчун анъанаи бадеӣ аз як давр ба даври дигар, аз як гӯянда ба гӯяндаи дигар гузашта, то мо расида омадаанд. Дар илми адабиётшиносӣ «Илиада» ва «Одиссея»-и Ҳомер қадимтарин намунаҳои ҳамосаҳои китобӣ дониста шудаанд, чунки онҳо, дар фарқият аз адабиёти фолклорӣ, муаллифи худро доранд. Баъд аз гузашти бисёр асрҳо, дар адабиёти форс-тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ шоҳасари худ – «Шоҳнома»-ро эҷод кард. Шоир теъдоди бузурги ривоятҳои таърихиву асотирии мардуми форснажодро ҷамъ овард, онҳоро аз умқи андешаҳои инсонпарвариву ватандӯстиаш гузаронид ва такя ба тафаккури хеш намуда, ҳамосаи нотакрори оламшумуле эҷод намуд. 
– Дар филмҳое, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи Хоҷа Насриддин офарида шудаанд, оё ҷузъиёти «маданияти оммавӣ» ба мушоҳида мерасад?
– Образи Хоҷа Насриддин яке аз образҳои маъмулу машҳури фолклори ҷаҳон ба шумор меравад. Ҷуғрофияи он хеле васеъ буда, марзҳои паҳновари Шарқи Наздик ва Миёна, Осиёи Миёна, Осиёи Хурд ва Қафқозро дарбар мегирад. Ҳатто халқҳои Аврупои Ҷанубӣ ва Шарқӣ ҳам (булғорҳо, руминҳо, сербҳо, юнониҳо) ӯро қаҳрамони фолклори худ мешуморанд. Ҳоло ҳозир ман китоби нашри академии «24 Насриддин»-ро варақ задам ва дарёфтам, ки дар он 1238 латифаву ривояти мардуми форснажоду туркнажод дар бораи Хоҷа Насриддин ба чоп расидаанд ва ин нашр, албатта, пурра ва мукаммал нест. Ва агар вақте расаду олимони фолклоршинос, ҳама дар якҷоягӣ, тамоми мероси халқҳоро, ки шомили «насриддиннома» аст, бо вариантҳояш гирд оварда, нашр намоянд, он чандин ҷилдро ташкил хоҳад кард.
Ба филмҳое, ки дар бораи Хоҷа Насриддин офарида шудаанд, ҳамчунин аз ҳамин нуқтаи назар нигаристан лозим аст. Дар солҳои вазнини Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Тошканд коргардони номдори рус Я. Протазанов аз рӯйи сенарияи Л.Соловев ва В.Виткович филме бо номи «Насриддин дар Бухоро» офарид ва дар он ҳунарпешаи рус Лев Свердлин нақши Насриддинро бозӣ кард. Дар соли аввали баъди ҷангӣ яке аз асосгузорони кинои ӯзбек, коргардон Набӣ Ғаниев филми «Саргузаштҳои Насриддин»-ро ба навор гирифт. Муаллифони сенария ҳамон ду нафар буданд. Иҷрокунандаи нақши асосӣ Раззоқ Ҳамроев буд. Ҳар ду филм ҳам дар кинои ӯзбек мақоми хоссаи худро пайдо намуданд. Муҳимтарин бозёфти бадеии филмҳои мазкур он буд, ки кинематографистон халқияти образи Насриддинро нигоҳ дошта тавонистанд, ба он нерӯи тоза бахшиданд, ғановати фолклории он ва усули шӯху шавқовари мазҳакавиро ба рӯйи экран оварданд. 

Мусоҳибаи
Ӯктами ИБРОҲИМ,
вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: