МАДАНИЯТИ ВАТАНДОРӢ МЕБОЯД!

Тараққиёти илму техника ва дар пайи он мунтазам рушд кардани сатҳи иқтисодиёти ҷаҳон дар сад соли охир боис гардиданд, ки муҳити зист дар рӯи Замин шадидан халал ёбад.

Аз ин сабаб иқлими сайёраи мо ба таври эҳсосшаванда тағйир меёбад ва ба сари инсоният мушкилоти нав ба наверо бор мекунад. Бинобар номусоидӣ дар баъзе гӯшаҳои замин зиндагии башар дучори як қатор мушкилот шудааст, ки ҷойи таассуф ва нигарониҳост.

Масалан, аҳолие, ки дар атофи баҳри Арал умр бар сар мебарад, даҳсолаҳо ин ҷониб аз мушкилоти марбут ба муҳити зист азоб мекашад, ки дар пайи фоҷиаи хушк шудани баҳр зуҳур кардаанд. Арал, ки замоне ҳамеша дар хидмати одамон қарор дошт ва ғолибан ба мувозинати иқлими минтақа мусоидат менамуд, сол аз сол рӯ ба нобудӣ меорад ва ҳамин тавозуни азалан пойбарҷо кунун халалдор мегардад. Пӯшида нест, ки маҳз таъмини хостаҳои нафси саркаши инсоният ин баҳри замоне хурӯшон ва ризқрасони одамонро ба вартаи ҳалокат кашидааст. Аз паёмадҳои аламангези ин фоҷиаи табиӣ аҳли олам хуб огоҳанд. Ҳарчанд барномаҳои барқарор сохтани баҳри Арал ва ҳифзи муҳити зист дар атрофи он амал мекунанд ва дар сатҳи баланди ҳукумат тарҳҳои хубе ҳам роҳандозӣ гаштаанд, боз ҳам ин кӯшишҳо хеле ночиз ба назар мерасанд ва дар гумон аст, ки Арал дубора шукӯҳи қадимаи худро ба даст оварад. Ин барои инсоният бояд дарси ибрат гардад, то ҳар қадами худро дар дахолат ба низоми кори табиат дониста монад.

Новобаста ба чандин мушкилот, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар ҳалли онҳо мардонавор дасту панҷа нарм месозад, ҳукумати кишвар солҳои охир дар ҳифзи табиат ва муҳити зисти қаламрави худ чораҳои муассире меандешад ва ин амалро дар феҳрасти дурнамои фаъолияти хеш ҷой додааст. Чандин сол аст, ки барномаи умумимиллии «Макони сабз» амал карда, ҷамъияти бештар аз 37 миллионии моро ба самти як кори мутлақ хайр – кабудизоркунии Ватан раҳнамун месозад. Ғараз аз ин корҳо гирифтани пеши роҳи ба биёбон мубаддал гаштани заминҳо, кам кардани асорати газҳои гулхонаӣ ба муҳити зист, аз таъсири бади гармселҳои гаҳу ногаҳ ҳифз намудани майдонҳои кишт ва заҳмати кишоварзон, шукуфоию сарсабзии Меҳани азиз ва дар пай ҷалби ҳарчи бештари шумори зиёди сайёҳони хориҷӣ аст. Мардуми мо дар ин самт бурдборона заҳмат мекашанд ва ташаббуси раҳбари давлатро дар кабудизоркунии Ватан ҷонибдорӣ ва аз таҳти дил дар амал татбиқ месозанд.

Ин корҳо барои мардуми мо як амали нав нест. Балки аҷдоди хирадмандамон аз қадим дар ободии макони зисти худ миён маҳкам мебастанд ва арзи ҳастӣ намудани зарбулмасалҳое ба монанди «Аз нек – боғ, аз бад – доғ», «Онҳо шинонданд, мо хӯрдем, мо мешинонем, то ки дигарон хӯранд!» ва даҳҳои дигар ба он ишорат мекунанд, ки ниёкони мо дар ободкориҳо дасте баланд доштаанд. Имрӯз мардуми шарафманди кишварамон аз пайи аҷдоди некноми худ гом бардоштаву анъанаҳои мондагори онҳоро бо камоли майл идома медиҳанд.

Аз ҷумла, ташаббусҳои раҳбари давлати мо дар вилояти Қашқадарё низ ҳамовозии густурда пайдо карда, аз ҷониби мардуми меҳнаткаши он истиқболи гарме ёфтааст. Дар чандин соли амалкарди барномаи умумимиллии «Макони сабз» миллионҳо бех дарахтони боровару манзаравӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд.  Назар ба маълумоти Саридораи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилоят, соли равон танҳо дар мавсими баҳории татбиқи барномаи мазкур 11 млн. 124 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва манзаравию ороишӣ шинонда шуданд. Дар мавсими тирамоҳӣ дар нақша гирифта шуда буд, то 6 млн. 540 ҳазор бех ниҳол шинонида шаванд, аммо ҳокими вилоят дар ин авохир аз ҷамоаи коргоҳҳо ва аҳолии минтақа даъват кард, ки зиёдтар аз 10 миллион ниҳол шинонидаву дар сабзу хуррам кардани гӯшаҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳисса гузоранд. Набояд фаромӯш сохт, ки миллионҳо бех ниҳол шинонидан ҳанӯз маънои онро надорад, ки кишварамон аз мушкилиҳои муҳитизистӣ комилан раҳо меёбад. Ин қадами нахуст буда, сабзу борвар кардан ва ба насли оянда беосеб вогузоштани онҳо боз ҳам заҳмат ва сабри фурӯзонеро тақозо мекунад. Ба як ҳисоб, ин амал бояд ба дурнамои фаъолияти мардуми кишвар табдил ёбад.

Назар ба маълумоти Саридораи ҳифзи муҳити зист ва тағйироти иқлими вилоят  дар минтақа 23 майдони партовгоҳ мавҷуд аст, ки теъдоде аз онҳо дар атрофи шаҳри Қаршӣ ҷой гиифта ва сад сол ба ин сӯ мавриди истифода қарор меёбанд. Азбаски имрӯз шаҳр ба таври бесобиқа рушд кардаву ҳудуди аҳолинишин ба партовгоҳ наздик омадааст, тааффуни бадаш мардумро нороҳат сохтааст. Карима Ёдгорова, сухангӯи дафтари матбуотии Саридораи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилоят гуфт, фаъолияти чандин партовгоҳ, ки боиси мушкилоти муҳити зистӣ мегарданд, боздошта шуда, чораҳои хокпӯш кардани онҳо андешида мешаванд. Партовгоҳи шаҳри Қаршӣ бо қабати баланди хок пӯшонда мешавад ва минбаъд ба ҷойи он боғ бунёд хоҳад гашт.

Аммо бояд таъкид кард, ки ҳифзи муҳити зист бо ниҳол шинонидан, бунёди боғҳо... маҳдуд намегардад. Ин мафҳуми васеъро соҳиб буда, аз ҳар амали мо маншаъ мегирад. Об, хок, ҳаво, дунёи рустаниҳо, олами ҳайвонот, ки моро иҳота кардаанд, ба ҳимоят ниёзманданд, на ба бераҳмона нобуд сохтан. Танҳо дар мисоли ифлос карда шудани ҳаво, ки мо худ нафас мекашем, метавон дид, ки амали мазкур даҳҳо паёмади маргборро дар дунбол дорад. Ёдовар мешавем, ки даҳсолаҳои охир ба ҳаво бештар газҳои гулхонаӣ раҳо шуданд ва аз ин қабати азонии атмосфера – ҳимоятгари Замин аз нурҳои ултрабунафши Офтоб сахт осеб дид. Мутахассисони соҳа гармоҳои шадиду сардиҳои аномалиро, ки мо худ шоҳидаш мешавем, маҳз натиҷаи ҳамин партоби бебаркаши газҳои гулхонаӣ медонанд.  Ин аст, ки иқлими рӯйи Замин шадидан тағйир ёфта, инсоният бо мушкилоти боз ҳам сахт – норасоии оби ошомиданӣ ва обёришаванда дучор омадааст. Камчин гардидани об ба камбуди ғизо сабаб мегардад. Ин маънии эҳтимоли сар задани гуруснагиҳои фоҷиаангезро дорад. Осеб дидани як рукни табиат метавонад боиси фалокат ва фоҷеаҳои гӯшношунид гарданд. Аммо ин дар ҳолест, ки мардуми мо ҳамеша ба ифсос кардани муҳити зисти худ машғуланд ва ин корро гоҳ боақлона ва гоҳе бехабар аз фарҷоми амали худ иҷро мекунанд.

Ин хок, ин Ватан, ки дар оғӯшаш қариб беғаму бедард зиндагӣ мекунем, ба меҳру муҳаббати мо ниёзи бештаре дорад. Дӯст доштани Ватан аз одитарин аъмоли мо оғоз меёбад. Бояд дарк кард, ки (ба мисол) раҳо кардани пасмондаи сигор, носи даҳон, ё пӯсти донаи офтобпараст... ба ҳар ҷое, ки рост омад, маънии туф кардан ба рӯи Ватан ва зиндагиро дорад. Ҳатто ҳар чизе, ки бидуни андешае ба рӯйи хок меафканем ва он боиси ифлосии муҳити зист мегардад, ҷурми мо аст ва ба пастии имонамон таъкид мекунад. Агар мо ба дарки ҳамин мафҳуми дар назар одӣ биравем, ҳаргиз диламон намешавад, ки муҳити зисти худро ифлос кунем. Мо – калонсолонро лозим аст, ки фарзандони худро дар ҳамин рӯҳия тарбият кунем. Тарбият ғолибан аз оғӯши оила оғоз гашта, дар боғчаю дабистонҳо идома ва истеҳком меёбад. Ин хел, тамаддуни ватандории мо ривоҷ ёфта, ба меҳри шӯълаваре мубаддал хоҳад гашт.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: