ё худ иҷрои қарори Девони Вазирон чаро ба таъхир гузошта мешавад?
Ҳар сол, маърифатпарварони Самарқанд 15-уми апрел мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, узви вобастаи академияҳои улуми Ӯзбекистону Тоҷикистон, адиб, шоир ва олими барҷаста Устод Садриддин Саидмуродзода Айниро дар хона-музейи ӯ, ки дар шафати майдони Регистон ҷойгир аст, бо тантана ҷашн мегирифтанд.
Афсӯс, ки соли гузашта аз бепарвоӣ ва ё фориғболии маъмурияти музей-Иттиҳодияи давлатии Музей-мамнӯъгоҳи таърихиву меъморӣ ва амалии Самарқанд ин анъанаи наҷиб халалдор шуд.
Хӯш, имсол 141-солагии зодрӯзи Устод Айниро чӣ тавр пешвоз мегиранд? Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан мо роҳи хона-музейро пеш гирифтем.
Бояд таъкид намуд, ки Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро чашм ба олами ҳастӣ кушод. Дар тарбияи завқи бадеии адиб бибиҷонаш Тӯта-пошшои афсонагӯй ва панду ҳикматҳои падараш, ки нахустин таълими шеърро аз вай гирифтааст, нақши муҳим доштанд. Ӯ аз ибтидои солҳои 90-уми қарни XIХ барои таҳсил дар мадрасаҳои мухталифи Бухорои Шариф роҳи мураккаби зиндагиро тай кард.
Соли 1917 ҳукуматдорони аморат Садриддин Айниро дастгир карда, 75 чӯб заданд ва ба зиндон партофтанд. Бо ёрии аскарони инқилобии рус, ки бо роҳи Самарқанд аз фронт бармегаштанд, Айнӣ аз зиндон озод шуд ва барои табобат муддате дар шифохонаи Когон хобид. Ӯ сиҳҳат ёфта, ба Самарқанд омад. Як муддат дар ҳавлиҳои дӯстонаш иҷоранишин буд. Соли 1923 дар шафати Регистон, гузари Лаби Ғор ҳавлиеро ба иҷора гирифт ва дертар онро харид. Дар ин манзил то охири умри худ – соли 1954 зиндагӣ кард.
Маҳз дар ҳамин ҳавлӣ асарҳои оламшумули худ «Одина» (1924), «Дохунда» (1930), «Ғуломон» (1934) ва «Ёддоштҳо»-ро навишт.
Дар ин хонадон ӯ бо арбобони давлатӣ Йӯлдош Охунбобоев, Файзулло Хӯҷаев, Қаҳрамони миллии халқи чех Юлиус Фучик, олим-академик Евгений Павловский, адибони машҳур Алексей Толстой, Николай Тихонов, шоирони маъруф Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Абдулло Қодирӣ, Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом, Шароф Рашидов ва дигарон суҳбат оростааст.
Шояд аз ҳамин сабаб бо қарори Ҳукумати Ӯзбекистон аз 16-уми июни соли 1964 Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ ташкил ёфт. 19-уми майи соли 1967 осорхона расман ба фаъолият оғоз кард.
Дар ин байн се маротиба хавфи аз байн бурдани осорхона ба миён омад. Хушбахтона бо ҷаҳду талоши равшанфикрон он то ҳол арзи вуҷуд дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар ин ҷо қабулхонаи ҷамоатии рӯзномаи «Овози тоҷик», ки устод аз асосгузорони он буд, муддате фаъолият дошт. Қабулхона маркази адабӣ-фарҳангии Самарқанд ба ҳисоб мерафт. Адибон, шоирон, навқаламон ҷамъ омада, баҳсу мунозира меоростанд. Аз чӣ бошад, бо «хоҳиш»-и ғайричашмдошти собиқ мудири он қабулхона баста шуд.
Дар оғози соли 2018 дар «Овози Самарқанд» мақолае навишта, зикр карда будам, ки хона-музей пурра таъмир хоҳад шуд ва 140-солагии устод тантанавор ҷашн гирифта мешавад. Дар асоси Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11-уми декабри соли 2017 «Дар бораи Барномаи чораҳои такмил додани фаъолият ва мустаҳкамкунии маҷмӯии пойгоҳи моддиву техникии музейҳои давлатӣ дар солҳои 2017-2027» соли гузашта ба мақсади мукаммал таъмир кардани хона-музейи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби буҷаи давлат 300 миллион сӯм ҷудо карда шуд. Гурӯҳи корӣ бо сарварии сардиректори Музей-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд Хӯҷақул Муҳаммадиев, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъақул Ҳамроев, котиби масъули шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов ва дигарон таъсис ёфт. Онҳо як бор дар хона-музей ҷамъ омаданд ва бо ҳамин пароканда шуданд. Фаъолияти гурӯҳи корӣ аз он иборат шуд, ки аз ҷониби аъзои он тадбирҳои реконструксия ва сметаи хароҷот таҳия карда, бо тартиби муайян барои расмият ба Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим шуду халос.
Дар қарори ҷамъомад пешниҳод гардида буд, ки биноҳои ғайриқонунии атрофи хона-музей мувофиқи қонунгузорӣ вайрон карда шаванд, нимпайкараи устод Айнӣ ба кӯча (ба ҷойи аввалааш) бароварда шавад, дар девори осорхона паннои деворӣ, ки қаҳрамонони асарҳои нависанда тасвир шудаанд, гузошта ва дар паҳлӯи манзили зисти устод хонаи адибон бунёд гардад...
Нисфи рӯз буд, дари хона-музей баста. Баъди ангуштзании тӯлонӣ ҷавоне ба берун баромад ва изҳор дошт, ки посбон аст, дар ин ҷо ғайри ӯ ҳеҷ кас нест.
Камина худро муаррифӣ кардам ва фаҳмондам, ки барои бо корҳои таъмирӣ шинос шудан ба ин ҷо омадаам.
– Ду-се нафар бинокорон ҳастанд, – гуфт Қобилҷон Набиев. – Дастгоҳи дуредгарии онҳо шикастаасту барои таъмири он ҳама рафтаанд.
Сипас, ӯ роҳбалад шуда, бо корҳои таъмир шинос кард. Сад афсӯс, ки аз байн қариб як сол гузашт ва муддати дар қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишондодашуда дар таърих монд, аммо аз ин корҳо (ғайр аз вайрон кардани чанд бинои атроф) коре иҷро карда нашуд ва ҳама дар коғаз монд.
Ягона коре, ки иҷро шуда буд, аз шафати девори хона-музей дуконҳои ғайриқонуниро бардоштаанд. Аммо сифати таъмиру тармим ниҳоят паст аст.
Мо барои мушоҳидаи худро боҳам дидан ба сардиректори Иттиҳодияи давлатии музей-мамнӯъгоҳи таърихиву меъморӣ ва амалии Самарқанд Хӯҷақул Муҳаммадиев занг задем. Вай қатъӣ изҳор дошт, ки то 15-уми апрели соли равон таъмир ба поён мерасад. Аммо саволи барҳақ ба миён меояд: корҳои таъмирӣ, ки қариб ду сол давом мекунаду то ҳол натиҷае нест оё дар муддати як моҳ иҷро мешавад?
Дар собиқ ҳавлии Донишкадаи омӯзгорӣ, ки номи устодро дошт ва ҳоло он дар тасарруфи Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст, муҷассамаи Устод Садриддин Айнӣ ҳаст, ки маъмурияти донишгоҳ намедонад бо он чӣ кор
кунад. Агар он дар назди хона-музейи устод ҷой гирад, нуран аъло нур мегардид. Нимпайкара бошад, дар оғози кӯчаи устод гузошта шавад, боз беҳтар аст.
Масъалаи дигар – интишори китоби олиму муҳаққиқони Самарқанд доир ба ҳаёт ва фаъолияти Устод Садриддин Айнӣ мебошад.
Директори нави хона-музей Маҳмуд Бобоёров гуфт, ки бо ин мушкилот идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» машғул аст. Муҳаррири рӯзнома Баҳодури Раҳмон фаҳмонд, ки дар ҳақиқат нусхаи пешазчопии китоб тайёр аст. Гап дар сари он, ки ба нашри он кӣ сарпарастӣ мекунад? Кош, китоб рӯйи чопро медид, ки ин армуғони хубе ба 141-солагии зодрӯзи устод ва дӯстдорони каломи бадеъ мегардид.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
САМАРҚАНД.