МАДРАСАЕ, КИ ТАЪРИХИ ПАНҶАСРА ДОРАД

Бухорои шариф бо фарзандони соҳибмаърифати худ дар ҷаҳон маълум ва машҳур аст.

Бухорои шариф бо фарзандони соҳибмаърифати худ дар ҷаҳон маълум ва машҳур аст. Ин сарзамини шариф нафақат ба дилбандҳояш илму маърифат дода сари онҳоро сила кардааст, балки ба ин ҷо толибилмон аз мамлакатҳои зиёди ҷаҳон омадаву таълим гирифта, ба мартабаҳои воло расидаанд. Мадрасаи Мири Араб аз онҳо саховати худро дареғ надоштааст. Ба муносибати 500-умин солгарди бунёди мадрасаи Мири Араб таърихи гузашта ва фаъолияти имрӯзаи онро омӯхта, ба ибратбахш ва сазовори таҳсин будани хидматҳои  ин даргоҳи илм дар назди инсоният эътимод пайдо кардем.  
Шаҳри мо дар олами ислом ба мартабаи воло ноил гашта, дар асри IX  соҳиби унвони «Қуббат ул-ислом», дар қарни ХIII сазовори номи «Шариф» шудааст. Барои чун «Пойтахти маданияти ислом» эътироф шудани он саҳми бақиёси олимони ҳамин сарзамин ба тамаддуни исломӣ дар  давоми асрҳо омили муҳим гардидааст. Баҳри камолоти ин қабил алломаҳо масканҳои илм нақши муҳим бозидаанд. Азбаски нуфуз ва салоҳияти илмии мадрасаҳои Бухоро хеле баланд будаанд, ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба ин ҷо омада, илм омӯхтаанд. Муаррих Абусаъд Абдулкарим ибни Муҳаммад ас-Самъонӣ (1113-1167) нуфузи илму маърифати ин шаҳрро дар асараш «Китоб ал-ансоб» («Насабнома») чунин тасвир кардааст: «Бухоро макони шаъну шуҳрат, каъбаи салтанат, маскани зиёиёни замон ва паноҳгоҳи фозилон буду ситораи адибони олам ин ҷо медурахшид». Мадрасаи Мири Араб, ки қариб 500 сол ин ҷониб бо ҷараёни таълиму  тадрис машғул аст, аз ҷумлаи маърифатгоҳҳои тоифаи олии Бухоро ба шумор меравад. Бисёр олимону фузалои замон, ки ба рушди илму фарҳанг саҳми арзанда гузоштаанд, дар ҳамин ҷо сабақ омӯхтаанд. Маълумоти  пурқимат оид ба садҳо алломаҳо, ки дар ҳамин минтақа ба воя расида шуҳрати ҷаҳонӣ  пайдо кардаанд, бо фаъолияти ҳамин мадраса вобаста аст. Мадрасаи Мири Араб баробари маскани маърифат буданаш ёдгории таърихии меъморӣ низ ба шумор меравад. Ҳар сол ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ бо мақсади дидани ин мадраса, баҳрабардорӣ аз маданияти миллӣ ва маърифати қадимии мо ин ҷо меоянд. Таърихи мадраса миллатро бо гузаштагони худ, маданияту маърифате, ки аҷдодаш офаридаанд, ошно месозад, баҳри дарк кардани арзишҳои инсонӣ ва истифода аз онҳо кӯмак мерасонад. Мадрасаи Мири Араб тароват ва салобати худро ҳамчун маскани илм дар тӯли асрҳо нигоҳ медорад. Ин мадраса аз ҷониби пири муршиди бузурги тариқати Нақшбандия, авлиёи соҳибкаромат, тарбиятгари соҳибиқтидор ҳазрати Мири Араб қоддасаллоҳу сирраҳу (номи аслиашон Саййид Абдуллоҳ) Яманӣ солҳои 1530-1536-и милодӣ (ҳиҷрии 936-942) созонда шудааст. Баъди вафоти Мири Араб дар 75-солагӣ аввали соли 1536 мувофиқи васияти ӯ сохтмони мадрасаро домодаш Шайх Закариё ба охир расондааст. Мадраса дар маркази шаҳр, агар аниқтар гӯем, дар Шаҳристони бостонӣ қад афрохта бо ду гунбади бузургаш аз дигар биноҳои таърихӣ фарқ дорад. Даромадгоҳи мадраса аз тарафи ғуруби офтоб аст. Дарвоза зери пештоқи азим ҷогузин шудааст. Лоиҳаи қисми дохилии мадраса низ аҷиб аст. Чор пештоқи калон ҳуҷраҳоро ҷудо мекунад. Меъмории мадраса «Қуръони Карим»-ро ба хотир меорад. Ҳатто 114 адад будани шумори ҳуҷраҳо низ бо миқдори сураҳои «Қуръон» мувофиқат мекунад. (Бинобар ривоятҳо Абдуллоҳи Яманӣ барои ҳар як сураи «Қуръони Карим» як ҳуҷраи алоҳида созондааст).  Навиштаҷоти таърихие, ки дар дарвозаи мадраса бо усули кандакорӣ сабт ёфтааст, низ ҷолиби  диққат мебошад: 
Мири Араб фахри Аҷам, он ки кард,  
Мадрасаи олии бас булаҷаб. 
Булаҷаб ин аст, ки таърихи  ӯст:
«Мадрасаи олии Мири Араб». 
Бо ҳисоби абҷад дар мисраи охирин таърихи бунёди мадраса соли ҳиҷрии 942 (1536-и милодӣ) акс ёфтааст.      
Ҳоло ин мадраса дар тасарруфи Идораи мусулмонҳои Ӯзбекистон буда, ҷараёнҳои таълиму тарбияро ҳамин идора ва шуъбаи таълими Кумитаи корҳои оид ба дини назди Девони Вазирон роҳандозӣ мекунанд. Дар таълимгоҳ тӯли 4 сол баробари илмҳои динӣ фанҳои таълими умумӣ низ омӯхта мешаванд. Ҳоло дар мадраса 30 нафар омӯзгорон-мударрисони маълумоти олидор ва ботаҷриба ба бештар аз 160 нафар  толибилмон таълиму тарбия медиҳанд. Ба талабагон забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ ва форсии тоҷикӣ низ омӯзонда мешаванд.  Машғулиятҳо ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ сурат мегиранд. Ба талабагоне, ки маълумоташонро зиёд кардан мехоҳанд, мувофиқи қарори Девони Вазирон (аз 22 августи соли 2003) ҳуқуқи идома додани таҳсил дар низоми таълими олии давлатӣ   дода шудааст. Президент Ш.  Мирзиёев ҳангоми ташрифаш ба вилояти Бухоро 10-11 марти соли 2017 бобати ташкил кардани мадрасаи олии Мири Араб супориш дода буд. Бинобар ин супориш Идораи мусулмонҳои Ӯзбекистон мадрасаи олии Мири Арабро созмон дод ва он 7 июни соли 2017 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайди давлатӣ гирифта шуд.   Акнун талабагон метавонанд баъди хатми омӯзишгоҳи миёнаи махсуси исломии Мири Араб таҳсилро дар мадрасаи олии Мири Араб, ки дар маҷмӯи зиёратгоҳи Баҳовуддини Нақшбанд воқеъ гаштааст, давом диҳанд. Мадрасаи Мири Араб, ки дар он ҳукмдорони Бухоро Амир Шоҳмурод, Амир Ҳайдар, намояндагони барҷастаи тариқати Нақшбандия дар асри ХIХ Қозӣ Аскар, Шаҳобиддин-ал-Марҷонӣ, Сиддиқ Ҳасанхон, муфассир ва муҳаддиси машҳур Миён Малик, нависанда Садриддин Айнӣ, тамоми муфтиёни идораҳои мусулмони Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русия инчунин дигар зотҳои бузург таҳсил гирифтаанд, дар байни даргоҳҳои илм, ки баҳри равнақи дин ва маданияти исломӣ саҳми муносиб гузоштаанд, маълуму маъруфтарин ба шумор мераванд. Бовар дорем, ки ин даргоҳи бузурги илм бобати тайёр кардани имом-хатибҳои соҳибмаълумот, мутахассисҳои исломшинос, уламо муҳимаш, дар рӯҳи муҳаббат ба мероси ниёгон, эътиқоди солим тарбия кардани фарзандҳоямон хидмат хоҳад кард.
   
Асадулло ҲАБИБУЛЛО,
ҷонишини мудири омӯзишгоҳи миёнаи махсуси исломии 
Мири Араб.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: