МАДҲИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ӯзбекистон дар гӯшаву канори дурдасти кишвар бошукӯҳ баргузор мегардад.

Дар деҳаи Аннаи маҳаллаи Бӯстони ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ зери шиори «Танҳо бо ваҳдат – мо халқи ягона, танҳо якҷо – мо кишвари муқтадир» чорабинии маданиву маърифатӣ баргузор гардид.
Маҳаллаи Бӯстон аз маркази вилоят дар масофаи 110 км дур буда, 6 деҳаро дарбар мегирад. Дар маҳалла беш аз 2800 нафар шаҳрвандон будубош доранд. Чун ҳудудҳои дигари кишвар дар деҳот низ корҳои бунёдкориву ободгардонӣ ба роҳ монда шудааст.
– Маҳаллаи мо нав таъсис ёфта, таърихи тӯлонӣ надорад. Идораи он дар як хонаи мактаб ҷойгир буд, – мегӯяд раиси маҳалла Эшмуҳаммад Сафоев. – Дар соли 2023 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 850 миллион сӯм бинои нав бо ҳамаи имконот бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Тибқи лоиҳаи «Буҷаи ташаббус» дар мактабҳои ҳамагонии рақами 16 ва 29-ум таъмири ҷорӣ анҷом ёфт. 6-7 км роҳҳои дохили маҳалла таъмир гардида, 2 километри он мумфарш шуд. Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мардуми маҳалла нақши худро гузошт.
Шаҳрвандони маҳалла чун дигар мардуми кишвар иди истиқлоли давлатиро хушнудона пешвоз гирифтанд. Чорабинии идона аҳолии маҳалларо якҷо гирд овард. Зери оҳангу таронаҳои ҷаззоби дастаи ҳунарии ноҳия зану мард, толибилмони мактаб рақсу бозӣ, шодиву хурсандӣ карданд. Бояд  гуфт, ки чунин чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ҳамдилии мардуми гуногунзабонро мустаҳкам гардонида, дӯстӣ ва ваҳдатро поянда месозад. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: