МАФКУРАИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ, КИ БА ҒОЯҲОИ НАКӮКОРӢ, ОДАМИГАРӢ ВА ИНСОНПАРВАРӢ ТАКЯ МЕКУНАД, САЗОВОРИ ЭЪТИРОФ АСТ

Директори бунёди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Алиакбар Абдуллоев фикру ақидаҳои худро дар бораи ислоҳоти Ӯз-бекистон, ки дар соҳаҳои маънавият ва ҳаёти маданӣ амалӣ мешаванд, изҳор кард.

Директори бунёди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Алиакбар Абдуллоев фикру ақидаҳои худро дар бораи ислоҳоти Ӯз-бекистон, ки дар соҳаҳои маънавият ва ҳаёти маданӣ амалӣ мешаванд, изҳор кард.
– Роҳбарони давлатҳоямон – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  муносибатҳои бародарӣ, робитаҳои маданиву инсонпарварӣ, урфу одатҳои чандинасраи миллии халқҳои ӯзбеку  тоҷикро идома дода, барои  мустаҳкам кардани риштаҳои ин ҳамкорӣ такони нав бахшиданд, – мегӯяд шоири шинохта. – Туфайли саъю ҳаракатҳои роҳбарони кишварҳоямон солҳои охир дар соҳаҳои адабиёт ва санъат низ ҳамкориҳои самарабахш инкишоф меёбанд. Вохӯриҳои дараҷаи олӣ, дар боғи ба номи асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишери Навоии шаҳри Душанбе гузошта шудани муҷассамаи шоири бузург, дар ҳар ду пойтахти мамлакат баргузор гардидани рӯзҳои маданият, чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ба муносибати санаҳои таваллуди Эркин Воҳидов ва Мирзо Турсунзода, тарҷума ва нашри асарҳои шоиру нависандагони замонавии тоҷик ва ӯзбек, ҳамчунин бисёр тадбирҳои дигар аз ин далолат медиҳанд.
Ман ҷамъомади видеоселекториеро, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев оид ба куллан такмил додани низоми корҳои маънавию маърифатӣ, пурзӯр кардани ҳамкории ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ баргузор гардид, бо диққат тамошо кардам.
Фикр мекунам, ки ин эътибори роҳбари Ӯзбекистон барои ҳама гуна ҷамъият рӯзмарра мебошад. Ин, бахусус, дар замоне, ки ҷаҳонишавӣ идома дорад, ҳамчунин таҳдидҳои терроризм, экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ ва кибернетикӣ, савдои одам ва хариду фурӯши моддаҳои нашъаманд авҷ гирифтаанд, беш аз пеш ба назар мерасад.
Тавре ки дар ҷамъомади мазкур роҳбари ҷумҳурӣ таъкид намуд, агар иқтисодиёт ҷисми ҳаёти ҷамъият бошад, маънавият рӯҳу ҷони он аст. Дар бунёди Ӯзбекистони нав иқтисодиёти пуриқтидоре, ки ба тамоилҳои бозор такя мекунад, ҳамчунин маънавияти пурқуввате, ки ба мероси ғании аҷдод  ва суннатҳои миллӣ асос кардааст, ду сутуни мустаҳкам мебошанд.
Суханони пурмазмуни Президенти ҷумҳурии ҳамсоя моро низ мамнун мекунанд. Бовар дорем, ки робитаҳои маданиву маънавӣ ва бародарии қарини байни ду халқ, ки асрҳои аср идома доранд, инкишоф меёбанд ва мустаҳкамтар мешаванд.
Пойдевори мустаҳками муносибатҳои тарафайн аз ҷониби гузаштагони бузурги мо Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ, Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом гузошта шудаанд, дар таъсири осори онҳо чандин насли халқҳои тоҷику ӯзбек тарбия ёфта, ба воя расидаанд.
Ба ман суханони Президент Шавкат Мирзиёев «Мафкураи Ӯзбекистони наве, ки мо месозем, ба ғояҳои накӯкорӣ, одамигарӣ ва инсонпарварӣ такя мекунад», таассуроти азим гузоштанд, ин суханон сазовори эътироф мебошанд. Дар ин суханҳо мавқеи қатъии давлат ва шаҳрвандии нафақат мамлакат ва халқи Ӯзбекистон, балки халқҳои дигар ҳам ифода ёфтааст.
Ба гумони ман, агар мафкураи давлат ба шуури амиқ, суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ такя кунад, ин гуна ҷамъият, бешубҳа, ба дигарон низ чунин накӯкорӣ, одамигарӣ ва инсонпарвариро раво мебинад.
Намунаи хуби он дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон равшан собит гардид. Дар он солҳои душвор халқҳои ӯзбек, тоҷик, қазоқ ва қирғиз суннатҳои меҳру мурувват, инсонпарварии олиро намоиш дода, ба оилаҳое, ки аз гӯшаву канори гуногуни Иттифоқи собиқ кӯчонида шуда буданд, сарпаноҳ додаанд.
Мо ба бародарони ӯзбек пешрафт ва фаровонии миллиро орзу мекунем. Муътақидем, ки қарорҳои Президенти Ӯзбекистон дар роҳи фаровонҳолии халқҳои бародар, беш аз пеш инкишоф додани муносибатҳои маданиву маънавӣ низ хизмат мекунанд.

АИ «Дунё»,
шаҳри ДУШАНБЕ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: