МАХЛУҚ ВА ФАРИШТАЯК

Девсуратро ҳама бад медид.

Девсуратро ҳама бад медид. Зӯрманд буд, зӯроварӣ мекард, ба ночор ва беҳимоятҳо, ки базӯр мегарданд, низ раҳм наменамуд. Хуллас, ҳама ба вай бо чашми нафрат менигаристанд. Ҷуз як нафар...
Бистсола шуда-нашуда занаш вафот кард. Ба сахтиҳо аз дасти ин золим. Ман-ку, аз азобҳо халос мешавам, мегуфт ҷавонзани бадбахт дар вопасин нафасҳои умр, аҳволи кӯдакам чӣ мешавад?
Кӯдакро ба доя супурданд. Девсурат, ки дар маҳкама кор мекард, дар ду-се рӯз як бор хонааш омада, кӯдакро хабар мегирифт.
Аз бераҳмӣ, нотарсӣ ва ҳар корро ӯҳда карда тавонистанаш сарони маҳкама аз вай истифода мебурданд. 
Чизе фармоянд, ба иҷро мерасонд. Дузд, авбош ва каллабурҳо, бинобар он ки ҳам зӯр ва ҳам одами ҳукумат аст, ба вай хушомад мезаданд. Дар қозихона – ӯ нозпарвар. Вале аҳолӣ, тавре таъкид сохтем, ӯро бад медид. Вай низ ба мардум бо чашми нафрат менигарист. «Чӣ хел разил, чӣ хел нобакор»-гӯйии одамон ба гӯшаш мерасид, охир. Ҳамонеро, ки ба кадом фармоиши маҳкама бо андак гарданшахӣ муносибат кардааст, «Ҳеъ, модаратро», гӯён носазо мегуфт. Ӯро модар назодааст, мегуфтанд одамон, аз даҳони мор афтодааст! 
Аммо ӯеро, ки ҳама нафрат доштанд, як нафар дӯст медошт. Чӣ қадар соф, самимӣ ва ҷӯшзананда буд муҳаббати он як нафар! 
Рӯи он девсурат чун ангишт сиёҳ. Нигоҳ – сард. Пешона – пурчин. Лабҳо – дӯл, бинӣ – фараш, лунҷҳои фарбеҳ – овезон. Ба замми ин дар башарааш захми корд, нақши ҷароҳатҳое, ки дар задухӯрдҳо бардоштааст. Хуллас, бадшакл ва баднамо! 
Вале дар чашми як нафар, ки ӯро дӯст медошт, ин нуқсҳо наменамуданд. Ба назари он як нафар ин бадбашара зебои зебоҳо буд.
То хас каму ҷаҳон пок гардад, чӣ қадар хостанд ӯро маҳв кунанд. Чанднафара ҳуҷум мекарданд, аммо ҳамаро замин мегазонд. Ба ганда аҷал нест, мегуфтанд бо алам.
Бадахлоқ низ буд. Чӣ қадар оилаҳоро вайрон намуд. Аламзадае бо туфанг хонааш рафт. Камин гирифтанашро доя фаҳмид. Дояро таҳдид кард:
«Агар ба дев бӯйе барорӣ, худат ба ҷаҳаннам равона мегардӣ!»
Дами бегоҳ девсурат омад. Аламзада ӯро ба нишон гирифт. Рост пешониро. Доя ин асно ба тифл омадани падарашро маълум кард. Тифл тозон худро ба оғӯши падар зад ва ... аламзада натавонист тир кушояд. Сияҳкорро мисле ҷавшан гардида буд кӯдаки бегуноҳ. «Лаънат!» – ба худ ларзид аламзада аз ноомади кор. Вай пеш рафт, то дояро, ки «хиёнат» намуд, парронад. Вале ӯ куҷост? 
Вақт мегузашт. Бим ва изтироб, нафрат ва ғазаби аламзада боло мегирифт. Ба паррондани дев илоҷ нест. Ҳеҷ не, алам аз доя меситонд...
Вале ӯ наменамуд. Ларзнок дар нимторикӣ қадам мегузошт, муште чун гурз ба сараш фуромад. Туфанг аз даст афтонд...
Ба девсурат, ки аламзадаро сахт ҷазо дод, нафрати омма афзуд. Бештар ҳазар мекардагӣ шуданд. Мегуфтанд, «балои Худо аст ин бадбашара!»
Аммо он башараро як нафар бо меҳри ҷӯшон, бо қалби пур аз муҳаббати соф дӯст медошт. Омадани ӯро интизорӣ мекашид. Садои пояш аз дур мешинохт ва парида мехест. Бо тамоми қувва, дар вазъе, ки шавқу завқи ногуфт саропояш ба ҷунбиш меовард ва ҳаловати фавқулодда дар вуҷуди кӯчак эҳсос мекард, ба пешвози дев метохт. Худ ба оғӯши вай мезад ва рӯяш бо ташнагӣ мебӯсид. Мебӯсиду мебӯсид он нафратзадаро фариштаяк. Бо муҳаббати тамом. Ҳеҷ не, сер шавад. «Додоҷон!» мегуфт фариштаяк. Ҷуз додо дигар кӣ ҳам дошт, бечора. Дунёи вай ҳамон. Меҳр ва муҳаббаташ нисори ӯ. 
Чиро ҳам мефаҳмид духтарча. Сеюним-чаҳор сол дошт, халос.

Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: