Ҳангоми иҷрои вазифаи худ баъзан зарурат пеш меояд, ки бо бачаҳои қобилияти шунавоӣ ва ҳисси биноиашон маҳдуд ҳамсуҳбат гардему тарзи ҳаёти онҳоро омӯзем.
Ин кор басо эҳтиёткориро тақозо менамояд.
Маркази манбаъҳои инклюзивии «Шомаҳмудова инклюзив таълим» дар ҳудудҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳти мавзӯи «Дар масс-медиаи замонавӣ «забони нафрат»: муайян намудан ва усулҳои ҳимоя аз он» семинар-тренингҳо мегузаронад. Назар ба гуфти ташаббускорон қисми асосии аудиторияро бояд рӯзноманигорон ташкил намоянд. Зеро онҳо дар вақти фаъолияти хеш ба ин гуна масъалаҳо бархӯрд мекунанд.
Медиатренери Маркази ривоҷ додани журналистикаи замонавӣ Саида Сулаймонова дар ин мавзӯъ маърӯза кард. Мусоҳиба бо бачаҳои ҷисман заиф, тарзи муомила бо онҳо, тамоюлҳои асосии тайёр намудани мавод оид ба тарзи ҳаёт, таълимгирии ин қабил бачаҳо бандҳои асосии маърӯзаҳоро ташкил доданд.
– Дар вақти шиносоӣ бо ҳаёти бачаҳои ҳисси шунавоиашон суст, қобилияти биноиашон маҳдуд шиори «Зиён нарасон!» дастуруламали асосии кори мо бояд бошад, – гуфт мутахассиси соҳа Саида Сулаймонова. – Зеро андак сухани ноҷо ва ҳаракати номутаносиб боиси рӯҳафтодагии онҳо гардиданаш мумкин аст.
Равоншиноси марказ Зулола Қувватова, омӯзгори мактаб-интернати махсуси шаҳри Тошканд Замира Амонова ва дефектолог Зуҳро Умарова оид ба махсусиятҳои характери бачаҳои иллатдор, нақш ва аҳамияти ВАО дар инъикоси ҳимояи иҷтимоии онҳо маърӯзаҳо хонданд. Таъкид гардид, ки дар ҷомеаи имрӯза касе аз мадди эътибор дар канор намондааст.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.