МАХТУМҚУЛӢ – РИШТАИ ПАЙВАНДИ ХАЛҚҲОИ ӮЗБЕКУ ТУРКМАН

  • МАХТУМҚУЛӢ – РИШТАИ ПАЙВАНДИ ХАЛҚҲОИ ӮЗБЕКУ ТУРКМАН
  • МАХТУМҚУЛӢ – РИШТАИ ПАЙВАНДИ ХАЛҚҲОИ ӮЗБЕКУ ТУРКМАН
  • МАХТУМҚУЛӢ – РИШТАИ ПАЙВАНДИ ХАЛҚҲОИ ӮЗБЕКУ ТУРКМАН
  • МАХТУМҚУЛӢ – РИШТАИ ПАЙВАНДИ ХАЛҚҲОИ ӮЗБЕКУ ТУРКМАН
  • МАХТУМҚУЛӢ – РИШТАИ ПАЙВАНДИ ХАЛҚҲОИ ӮЗБЕКУ ТУРКМАН

Дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоии пойтахт бахшида ба 300-умин солгарди зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги туркман Махтумқулии Фироқӣ муҳим бо иштироки намояндагони сафорати Туркманистон дар Ӯзбекистон, вазорату идораҳои дахлдор, шоирону олимони саршинос, донишҷӯён, толибилмон ва алоқамандони каломи бадеъ гирдиҳамоии пуршукӯҳи адабию фарҳангие баргузор шуд.

Махтумқулии Фироқӣ. Бо ин ном адабдӯстони тоҷик тавассути тарҷумаи шеърҳои мондагораш ошноянд. Аз шарҳи ҳоли хатмкардаи мадрасаҳои Хиваю Бухоро ва муътақиду дӯстдори ашъори дилангези Ҷалолуддини Румӣ – Махтумқулӣ пайдост, ки ӯ ба забонҳои арабӣ ва форсии тоҷикӣ балад будааст, аз ғазалҳои лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ ва дигар намояндагони илму адаби форс-тоҷик баҳра бурдааст. Тахаллуси ӯ – Фироқӣ низ аз алоқамандиаш ба ин адабиёти ғанӣ гувоҳӣ медиҳад. Фироқӣ, ҳамчунин, ба осори Алишер Навоӣ дилбастагии зиёд дошт.

Шоири ориф Махтуқлии Фироқӣ соли 1724 дар деҳаи Ҳоҷиговшони назди дарёи Атрек дар оилаи шоир Давлатмамади Озодӣ дида ба дунё кушодааст. Вафоташ соли1807 дар Гулистони Эрон Дар ашъораш истилоҳҳои ирфонӣ ба мисли «хоки фано», «аҳли ҳол», «мулки фақр», «ёр», «соҳибҷамол», «дӯст», «зулф» зиёд ба чашм мерасанд, ки далели алоқамандии ӯ ба ирфон ва осори ирфонист.

Имсол таҳти роҳбарии созмони байналхалқии ЮНЕСКО халқҳои илму адабдӯсти ҷаҳон 300-солагии шоир ва мутафаккири бузургиро таҷлил менамоянд.

Чандест, ки бино ба қарори Президенти кишварамон Ш. Мирзиёев «Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани 300-умин солгарди зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги туркман Махтумқулии Фироқӣ» дар кишварамон чорабиниҳои гуногуни адабиву фарҳангӣ баргузор мешаванд. Аз ҷумла, «Осори мунтахаб»-и шоир хушсифат рӯйи чопро дид, киносозони ҷумҳурӣ бо иштироки актёрон ва коргардонҳои туркман филми бадеиеро бо номи «Махтумқулии Фироқӣ» ба навор гирифтанд. Ҳамчунин спектакле доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоири бузург рӯйи саҳнаро дид. Дар толори марказии намоишгоҳҳои Академияи бадеии кишвар осори санъати тасвирие, ки робитаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳои ӯзбеку туркманро инъикос намудаанд, ба маъраз гузошта мешавад, дар муассисаҳои таълими оливу миёнаи махсус, касбу ҳунар, таълими ҳамагонӣ, қисмҳои ҳарбӣ, ҷамоаҳои меҳнатӣ ва маҳаллаҳо бо иштироки шоиру нависандагони шинохта ва олимон бахшида ба зодрӯзи шоир вохӯриву маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд.

Ба қарибӣ дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоии пойтахт бахшида ба ин санаи муҳим бо иштироки намояндагони сафорати Туркманистон дар Ӯзбекистон, вазорату идораҳои дахлдор, шоирону олимони саршинос, донишҷӯён, толибилмон ва алоқамандони каломи бадеъ гирдиҳамоии пуршукӯҳи адабию фарҳангие баргузор шуд.

Дар гирдиҳамоӣ Сафири томулихтиёри Туркманистон дар Ӯзбекистон Шадурди Мередов, аз ҷумла изҳор дошт, ки шоири ориф Махтумқулии Фироқӣ ба дӯстӣ ва бародарии халқҳо арҷ мегузошт. Дар ашъори мондагораш ғояҳои инсондӯстӣ ва башарпарвариро тараннум намудааст. Хеле сипосгузорам, ки тибқи қарордоди ЮНЕСКО дар кишвари ба мо дӯсту бародар – Ӯзбекистон низ 300-солагии Махтумқулӣ бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешавад.

Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид изҳор дошт, ки робитаҳои адабиву фарҳангии халқҳои ба ҳам дӯсту бародари Ӯзбекистону Туркманистон сол аз сол густариш меёбанд. Дар Ашқобод гузошта шудани пайкараи Алишер Навоӣ, номи Махтумқулиро гирифтани кӯчаву хиёбон ва муассисаҳои таълимӣ дар Ӯзбекистон ба таҳкими дӯстиву бародарии халқҳои мо хидмат мекунанд. Ба таъбири Президенти муҳтарамамон Ш. Мирзиёев Махтумқулӣ ҳар қадар, ки шоири туркман бошад, ба он андоза шоири ӯзбек низ маҳсуб мешавад. Нашри «Осори мунтахаб»-и Махтумқулӣ ба забони ӯзбекӣ дар ҳаёти адабӣ ва фарҳангии мо рӯйдоди муҳиме буд. Ин китоби пурбаҳоро дар Ашқобод ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов туҳфа кардани Сарвари мамлакатамон ҳодисаи масарратбахш буд.

Вазири маданияти Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков гуфт, ки халқҳои туркману ӯзбек аз замонҳои қадим дар канори ҳам ба сар бурдаанд, забони якдигарро мефаҳманд. Сурудҳои Махтумқулӣ ба ҳар як хонадони ӯзбек ворид шудааст. Овозхонҳои саршиноси ӯзбек Комилҷон Отаниёзов, Фахриддин Умаров, Шералӣ Ҷӯраев, Камолидддин Раҳимов ва дигарон ба ашъори пандомез ва ҳикматбори Махтумқулии Фироқӣ таваҷҷуҳи зиёд доштанду доранд.

Хабари ба навор гирифта шудани филми бадеии «Махтумқулии Фироқӣ»-ро аҳли толор хуш қабул пазируфтанд. Раиси агентии кинематографияи кишвар Шуҳрат Ризаев ин хабарро расонд ва афзуд, ки филми бо ҳамкории актёру коргардонҳои туркману ӯзбек банаворгирифташуда рӯзҳои наздик ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.

Дар охир савту суруди ҳунарпешагони ӯзбеку туркман, ба ашъори дилангези Махтумқулии Фироқӣ ва саҳнаҳои театрикунонидашудаи актёрони моҳир аз зиндагиномаи ӯ, хотири гирдиҳамомадагонро болида сохт.

А. Субҳонов, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: