МАХЗАНИ ХУЛҚИ ШАРИФ ВА ЛУТФИ ЛАТИФ

Чанде пештар устоди бахши ӯзбекии факултаи филологияи ДДС Ҳотам Умуров асареро бо унвони «Гӯзалликка бахшида умр» («Умри бахшида ба зебоӣ») доир ба фазилатҳои инсонии устоди гаронмоя, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои филология, профессор Ҷумъа ҲАМРОҲ тақдими хонандагон намуда буд.

Чанде пештар устоди бахши ӯзбекии факултаи филологияи ДДС Ҳотам Умуров асареро бо унвони «Гӯзалликка бахшида умр» («Умри бахшида ба зебоӣ») доир ба фазилатҳои инсонии устоди гаронмоя, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои филология, профессор  Ҷумъа ҲАМРОҲ тақдими хонандагон намуда буд. Воқеан, ин китобчаи хурд тавсифномаи бадеист дар шинохти шахсият ва фазилатҳои Ҷумъа Ҳамроҳ. Муаллиф дар даромади сухан изофа мекунад, ки шояд ин қатраҳо дигаронро низ водор кунад, ки донистаҳояшонро дар бораи устод бигӯянд. 
Ба ин хотир хостем бо мавсуф суҳбате анҷом диҳем. Бигузор: «Мушк худ бибӯяд...»
– Устоди гиромӣ, муносибати шумо ба китоби  профессор Ҳотам Умуров «Умри бахшида ба зебоӣ» чӣ гуна аст? Дар он чӣ андоза холисона шахсияту фазилатҳои шумо тасвир ёфтаанд?
– Албатта, бародари гиромиқадр Ҳотам Умуров дар ҳаққи банда лутф кардаанд. Он чи он кас навиштаанд, мушоҳидаҳо ва қазовати бародарона, холисона ва содиқонаи худашон аст. Воқеият ин аст, ки одамон, дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа дар баробари инсонҳои дигар оинаанд. Мо хоҳ нек бошему хоҳ бад, ин оина аъмоли моро инъикос мекунад. 
Мисли садҳо ҳамватанону ҳамкасбон банда низ дар хидмати ҳамин халқу ватан ҳастам. Агар як зарра дар пешрафту шукуфоии диёр ва инкишофи мактабу маориф саҳме дошта бошам, худамро хушбахт меҳисобам.
– Шумо дар интихоби ҳар чиз табъи нозуку диди баланд доред ва зеботарину беҳтаринашро меписандед. Зебоӣ аз назари шумо чист? Зебоиро дар чӣ мебинед?
– Одамизод вобаста ба синну сол зебоиро таъриф мекунад ва мафтуни он мешавад. Шояд дар ҷавонӣ ҷузъиёти зебоӣ арзишмандтар менамуд. Ба касе ва чизе дил медодем, ки аз ҳама кас ва ё аз ҳама чиз зебо бошад. Акнун дар ғуруби умр ба ин суол ҷавоб додани ман душвор аст. Ҳама кас ва ҳама чиз ба назарам зебо ва нотакрор менамояд. Ва меандешам, ки зебоӣ на ҷузъӣ, балки куллӣ аст ва ба қадри кулл дар вақташ бояд расид.
Ҳама чиз дар ҳаёт зебост – ҳам зиндагӣ, ҳам Ватан, ҳам хушиҳои ҳаёт. Агар дар наврасӣ табъи мо бо маҷмӯи зебоиҳо хӯ нагирад, мо бисёр чизҳоро аз даст медиҳем. Ҳам назокатрову ҳам нафосатро. Тафаккурамон дар шинохт ва ҳифзи зебоӣ комил намешавад...
– Дар китобчаи номбурда дар бораи илтифоту таваҷҷӯҳи зиёди шумо ба занҳо сухан рафтааст.  Лутфу меҳрубонӣ ба занон ҳам аз фазилатҳои нек аст. Зеро Расули акрам (с) ба ин маънӣ фармуда, ки «Беҳтарини мардҳо ҳамонҳоеанд, ки дар муносибат ба занон маро пайравӣ кунанд». Оё эътибору меҳрубониҳои шумо ба ҷинси латиф ба хотири ҳамин ҳадис аст?
– Ин ҳадис, пеш аз ҳама, масъулияти ҳар инсонро дар назди зан таъкид дорад. Дар маҷмӯъ бошад, аз оғоз то ба имрӯз назари ман ба зан орифонаву содиқона буду ҳаст. Ҳамчунон ки як ориф барои идеалаш ҷонфидост, ман низ дар шинохт ва эҳтиром гузоштан ба зан дар чунин мавқеъ ҳастам. Зан – модар, зан – хоҳар, зан – ҳамсар, зан – духтар, бубинед, оё метавонед аз ин ҳалқа раҳоӣ ёбед?! На! Ин ҳалқаҳои зиндагиест, ки агар ризои онро наёбед, ба ҷое нахоҳед расид. Ва шоире шояд беҳтар аз ман дар ин боб хулосабарорӣ кардааст:
Баҳри шир андар биҳишти ҷовидон
Аз ризои модарон гардад равон.
Ба ҷо овардани ризоияти модарону занони азизу гиромиқадри мо аз воҷиботи амалу кирдори ҳар инсони масъулиятшинос ва ҳақшинос аст. Банда аз рӯйи ҳамин меъёр дар зиндагиям бо занону модарону хоҳарони азиз муносибат кардаам...
– Ҳар каси рафтору кирдори шуморо ба мушоҳида гирифта, ба ин гумон меравад, ки гӯё азми иҷрои рисолатеро доред. Ҳамеша миёни тоифаҳои гуногуни мардум ҳастед. Ин чӣ гуна рисолат аст?
– Бисёр фикр мекунам, ки бо ин қадар осори бузурги ҳикамӣ ва таълимӣ, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондааст, чаро мо дар иҷрои рисолати инсонӣ камзарфу камҳиммат ҳастем?! Рисолати инсон қабл аз ҳама созандагист, ба маънои васеи ин калима. Хоҳ дар муҳити хонаводагӣ бошад, хоҳ дар ҷомеа. Дар иҷрои рисолати инсонӣ Саъдӣ ҳамсафари зиндагии ман буду ҳаст. Вале афсӯс мехӯрам, ки на ҳама вақт хостаҳоям иҷро шудаанд. Вақте, ба ифодаи шумо, дар маслиҳате аз “миёни тоифаҳои гуногун” ноком берун меоям, тасаллоям байтҳои зерини шоир аст, ки гуфта:
Эй фалак, мо асири банди туем,
Фикри моро аз ин накӯтар кун.
Ду рафиқем мухталифавзоъ,
Вазъи моро ба ҳам баробар кун...
 – Дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он ёру ошноҳои зиёде доред ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳед, ки ба ҳолпурсию дилҷӯӣ, аёдати бемору табрики соҳибҷашне, ба мотаму тӯю сури онҳо фурсат пайдо кунед. Ҳатто барои муддати кӯтоҳе ҳам омода ҳастед фарсахҳо роҳ паймуда, ба манзили дӯстон биравед. Оё барои ин қадар кор сармояи зиёд доштан муҳим аст ва ё майлу хоҳиш кифоят мекунад?
 – Ҳамаи инсонҳо, хоҳ хешу хоҳ бегона, ба дилҷӯиву меҳрубонӣ, ба шафқат ниёз доранд. Барои иҷрои ин кор пул чизи муҳим нест, ҳиммат лозим аст. 
 – Шумо инсони кордону корчаллон ҳастед ва дӯстону ошноҳоятон хуб медонанд, ки ҳама корҳоро раҳораҳ ва сарителефонӣ ба амал мерасонед. Чӣ гуна ба ин муваффақ мешавед?
– Намедонам то куҷо “кордону корчаллон” ҳастам, вале як чизро хуб медонам, ки агар инсон дар иҷрои мушкиле, хоҳ ба манфиати худаш бошаду хоҳ ба суди дигарон, нияти нек ва талоши содиқона дошта бошад, ҳам мушкили худашро ҳал мекунад, ҳам ба дигарон ёрӣ мерасонад. Дар ин замина фақат содиқона талош бояд кард. Зоҳирнамоиро хуш надорам.
– Камоли сифатҳои неки худро натиҷаи асари кадом ҳамнишин медонед? Ё ин ҳама бар асари чашми пандҷӯву ҳикматхон ва ибратгир доштанатон бар зиндагист?
– Дар ташаккули шахсият ва сифатҳои неки инсонӣ ин ду омиле, ки шумо зикр кардед, нақши асосӣ ва муҳим доранд. Хушбахтона, дар зиндагӣ таъсири неки ин ду омил, яъне ҳамнишини хуб ва пандгирӣ аз воқеиятҳову сарнавиштҳо дар ман зиёд будааст. Ҳамнишинони аввалини некхисоли ман калонҳои хонаводаамон, аз падар сар карда то қарибони дигар буданд.
Муҳити хонаводагӣ маро аз шарри ахлоқӣ ҳифз карда, ба камол расонд ва чашмамро ба баду неки зиндагӣ кушод. 
Аз омили таъсиргузори дигар дар ин замина устодону рафиқони мактабиву донишгоҳӣ ва ҳамкорону шарикони зиндагӣ, ки ҳама, ба бахти ман, ба маънои томаш инсонҳои шарифу некхоҳу раҳнамо буданд, наметавонам ёд накунам. Устодони азизу шарафмандам, муаллимони фанни забон ва адабиёт дар мактаби миёнаи ба номи Фирдавсӣ дар зодгоҳам Сангмӯла, ҳамсабақонам дар Донишкадаи омӯзгории Душанбе, устодони кафедраи забон ва адабиёти донишгоҳ, ҳамкорон ва шахсиятҳои зиёди дигар, ки тӯли солҳо бо эшон ҳамнишину робитаи наздик доштам, бемуболиға дар тағйиру такмили сифатҳои неки инсонии ман таъсир доштанд. 
– Дар ҳама вазъият салоҳи кор меҷӯед ва муросову мадоро...
– Дар ҳама давру замон салоҳи кор, муросову мадоро ҷузъи асосии ахлоқи инсон тавсиф шудааст. Манманиро гузаштагони мо, аз ҷумла Фирдавсии бузург, “бадандешиву кеши аҳриманӣ” шинохтаанд. Ин ҳидоят ва раҳнамоии ниёкон меъёри амалу кирдор ва зиндагии ман дар давоми умр буду ҳаст. Муросову мадорост, ки дари раҳмат ва шафқатро ҳамеша ба рӯи инсонҳо кушода медорад. 
Салоҳи кор дар ҳамаи давру замонҳо омили осоиш ва пешрафт буд ва мемонад, ҳам дар зиндагии шахсӣ ва ҳам дар ҳаёти иҷтимоӣ. Аз ин назар шиор ва ормони банда ҳамеша муросову мадоро буду мемонад.
 – Дар бораи устодатон, адабиётшиноси номии кишвар, шодравон Ботурхон Валихоҷаев ва нақши ӯ дар ҳаёти шумо баёни кадом нуктаҳоро ногузир меҳисобед?
 – Устоди зиндаёд Ботурхон Валихоҷаев инсони комил ва раҳнамои содиқ буданд. Аз фазилатҳои неки инсонӣ ва устодии он кас метавон соатҳо ҳарф зад. Алҳол вобаста ба суоли шумо чанд нуктаро таъкид карданиям. Аввал ин ки устод шахси масъулиятшинос, донишманди забардаст ва устоди сахтгиру ғамхор ва некхоҳ буданд. Ҳамеша дар ғами пешрафт ва шукуфоии кишвар ва илму мактабу маориф буданд. Дар қатори чандин нафарони дигар маро низ побапо бурданд, ёд доданд, дастгириам карданд. Худо раҳматашон кунад!
– Барои камоли маънавии инсон нақши муҳити хонавода муҳим аст, ё муҳити иҷтимоӣ ҳам метавонад як инсони дар оила тарбият надидаро ба камол расонад?
– Ҳар ду омиле, ки ёд кардед, дар ташаккули маънавии инсон муҳим ва таъсиргузор аст. Инро донишмандони соҳаи таълиму тарбия низ таъкид ва таъйид кардаанд. Ин сухани Абӯалӣ ибни Синост, ки мегӯяд: “Тарбия аз батни модар шурӯъ мешавад”, маънои амиқ дорад. 
Хонавода зинаи аввал ва муҳим дар камолоти маънавии инсон аст. Вале ин гуфта масъулияти муҳими иҷтимоиро низ дар ин замина кам намекунад. Инҳо ду омиле ҳастанд, ки инсонро аз замони наврасӣ то давраи камолот ҳам месозанд, ҳам месӯзонанд, то хом намонад.
– Дар суҳбатҳо аз маҳфилҳои дӯстона ва аз шахсиятҳои бузург ёдоварӣ мекунед. Боре аз ёддоштҳои марбут ба модаратон нашунидаем. Дар ташаккули шахсияти шумо модаратон чӣ саҳме доранд? 
– Модари раҳматиам фаришта буданд. Мо – фарзандонро сохтанд. Чуноне ки мегӯянд, падар дар ғами обу нон буд, дигар ҳама ранҷу азоб дар тарбияи мо ба гардани модари азиз буд. Модар ба сарнавишти фарзандон бепарво набуд. Ҳар қадами моро зери назар дошт. Сахтгириҳояш ҳамеша бо лутфу марҳамат ва меҳру навозиш якҷо буд. Имрӯз вақте он ҳама ранҷҳои модар барои камол ёфтани фарзандон ёд меояд, обу чашмам тар мешавад.
Суоле нороҳатам мекунад, ки ин аст: ба ивази он ҳама ранҷе, ки ӯ дар роҳи камоли фарзанд кашид, мо чӣ кор кардем? 
– Нақди адабии тоҷик дар Ӯзбекистон чӣ рушду нумӯе дорад?
 – Нақди адабии тоҷик дар Ӯзбекистон пешрафт дорад. Донишмандоне дар ин замина фаъолият доранд. Адабиёти тоҷикии Ӯзбекистон ҳамеша мавриди назари мунаққидони соҳа қарор дошт. Дар ин замина метавон бо ифтихор аз фаъолияти олимони обрӯманди кишварамон мисли  Ҳ.Қудратуллоев (равонаш шод бод!), Ҳ.Ҳомидӣ, С.Саъдиев, А.Абдуллоев, Эргаш Очил, Султонмурод Олим, Файзхоҷа Маҳмудов ёд кард. Дар ин самт кӯшиш ва заҳматҳои олимони ҷавон аз қабили Н.Шоалиева, Х.Ҳамидов ва чанд нафари дигар низ сазовори таҳсин аст.
 – Аз назари олими мунаққид чӣ мушкилот имрӯз молики аҳамият ҳастанд ва бояд омӯхта шаванд?
 – Ба назари банда мо дар шинохти осори ҳунарии адабӣ дасткӯтоҳиҳо дорем. Нақди адабӣ, пеш аз ҳама, бояд ба ҳунари ин ё он адиб баҳо диҳад, арзиши осори ӯро муайян кунад. Аз ин ҷиҳат масъалаҳои назарии нақд дар рӯзгори мо аҳамияти бештар пайдо карда истодаанд, ки талаби вақт аст.
– Дар бораи рушди шеъри тоҷик дар Ӯзбекистон чандин мақолаи илмӣ ба табъ расидаанд, аммо масъалаи инкишофи насрро то ба ҳол касе аз олимон ҷиддан ба риштаи таҳқиқ накашидааст. Насри муосири тоҷик дар кишвари мо аз назари мунаққиде мисли шумо чӣ бурду бохтҳо дорад? 
– Воқеан ҳам, насри тоҷикии Ӯзбекистон то ҷое аз назари мунаққидон дур мондааст. Ин ҳодиса сабабҳо дорад, ки якеаш нарасидани мунаққидони касбӣ дар ин замина мебошад. Инкишофи насри тоҷикӣ нисбат ба назм дар Ӯзбекистон суст аст. Вале ин маънои онро надорад, ки наср сазовори нақду баррасӣ нест. Дар ин замина, месазад, ки аз фаъолияти қаламкашоне мисли Адаш Истад, Бахтиёр Ҷумъа, Маҳбуба Турсунова, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Ӯктам Иброҳим, Муҳаммад Шодӣ, Шариф Халил, Юнуси Имомназар ёд кунем. 
Баъзе намунаҳои насри тоҷикии кишвар дар тасвири воқеиятҳои таърихӣ ва рӯзмарра фарогирии воқеаву ҳодисаҳо комёбиҳо доранд. Вале вақте дар боби ҳунари тасвиргарӣ сухан ба миён меоварем, норасоиҳо зиёданд. Нависандагон, махсусан, ҷавонон, бояд ба тасвири бадеӣ эътибор диҳанд. Адабиёт, хоҳ назм бошаду хоҳ наср, бо бадеият, бо мавзӯву мундариҷа ва ғояҳои зиндагисоз адабиёт аст, вагарна суханест хушку холӣ.
– Дар замони шӯравӣ илми адабиётшиносии тоҷик бо такя ва баҳрагирӣ аз илми адабиётшиносии рус рӯ ба инкишоф ниҳод. Равобити фарҳангии тоҷику ӯзбек чӣ андоза қодир аст, ки ба инкишофи илми адабиётшиносии тоҷик дар ин сарзамин шароит фароҳам оварад ва баръакс?
 – Имрӯз имконе фароҳам омадааст, ки маҳдудиятҳои касбӣ дар ин замина аз байн раванд. Илм, аз ҷумла нақди адабӣ, маҳдудиятҳои марзиро намеписандад. Мо бояд таҷрибаҳои нақди пешрафтаи дунёро ба кор гирем. Ҳамчунин, робитаҳои судманди адабиву фарҳангии миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон асоси пешрафти ин соҳаро метавонад фароҳам оварад. Таҷрибаи тарафайн дар пешрафти соҳа судманд аст, бояд аз он истифода кард.
– Шумо дар баробари ба анъанаву суннатҳои халқию миллӣ эҳтиром доштан падидаҳои нави замонавиро ҳам таҳаммул мекунед. Ба қавли шоираи маҳбуб Фарзона «Каломам шарқиву фикрам фарангӣ, Аҷибам, куҳнадӯзи навгароям» ...
– Дар ин боб донишманди эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб ишораи баҷое дорад, ки мегӯяд: “На шарқӣ, на ғарбӣ, инсонӣ”. Суннатҳои миллӣ вақте корсозанд, ки ба пешрафт мусоидат кунанд. Дар истифодаи падидаҳои замонӣ низ ҳамин нуктаро бояд ба эътибор гирифт. Ин масъала ҳам ба ҳунар дахл дорад, ҳам ба зиндагии иҷтимоӣ.
– Беҳтарин дастовардҳои шумо дар зиндагӣ кадомҳоянд?
– Орзуҳоям ҷомаи амал пӯшиданд: муваффақиятҳоям дар соҳаи таълиму тарбия, илму маориф дастоварди ман ҳастанд. Фарзандони солеҳ, ки низ дар хидмати мардум ҳастанд, ҳадяи зиндагист барои падар.
– Чӣ чизе дар ҳаётатон барои шумо бохти калон будааст?
 – Хатоҳое, ки дар ҷавонӣ кардам, аз ҷумла, нарасидан ба қадри вақт ва умри даргузар бузургтарин бохти  мананд, ки ҷуброннашавандаанд.
– Барои рӯзҳои оянда чӣ орзую умедҳо дар дил мепарваред?
– Осудагии халқу ободии Ватан ва саодату давлати пирӣ орзуву умеди ҳамешагии ман буду ҳаст.
     
Мусоҳиб 
Дилшоди ФАРҲОДЗОД,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: