«МАХЗАНИ МУҲАББАТ» – ХАЗИНАИ АНДЕШАҲОИ СОЛИМ

Роҳбари Ӯзбекистон дар рафти вохӯрӣ 9 марти соли 2018 ба сарвари Тоҷикистон китобҳои «Махзани муҳаббат» ва «Ҷомӣ ва Навоӣ» (Тошканд, 2018)-ро тӯҳфа кард.

Китоби «Махзани муҳаббат» (Тошканд: «Тасвир», 2018) иборат аз 888 саҳифа дастагули муаттарест, ки аз боғи эҷодиёти шоир, олим ва мутафаккири тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чида шудааст. Дар он намунаҳо аз ғазалҳои орифона ва ошиқонаи шоир, тарҷеъбанд, мураббаъ, қитъа ва рубоиҳо, достонҳои «Юсуф ва Зулайхо», «Хирадномаи Искандарӣ», бобҳо аз маснавии «Силсилат-уз-заҳаб», пандномаи «Баҳористон», асари ирфонии «Найнома», панду ҳикмат ва мактубҳои ӯ ба Алишер Навоӣ ҷой доранд.
Ба «Махзани муҳаббат» роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев таҳти номи «Ситораи дурахшони шеъри классикӣ» сарсухани пурмазмун навиштааст. Ӯ доир ба дӯстиву ҳамкории азаливу абадии халқҳои ӯзбеку тоҷик сухан ронда, таъкид намудааст, ки «вақте аз риштаҳои мустаҳками дӯстии халқҳоямон сухан меравад, бешубҳа, симои ду бузургвор – муносибати самимӣ ва бародаронаи намояндагони забардасти адабиёти шарқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ пеши назар меояд».
Президент ҳамкорӣ, дӯстӣ ва устоду шогирдии ду мутафаккири бузургро бо далелҳои равшан кушода дода, бо мамнуният қайд намудааст, ки «онҳо бо дарду ташвиши халқ зиндагӣ кардан», «дар байни халқҳо барқарор намудани дӯстӣ, якдилӣ ва ҳамҷиҳатиро мазмуни ҳаёти худ донистаанд».
Дар мақола омадааст, ки таҳсили Ҷомӣ дар Самарқанд, солҳои тӯлонӣ дар Тошканд ба сар бурдани ӯ ифодагари меҳру муҳаббати вай ба ин сарзамин мебошад. 
Баъди пешгуфтори пурмазмуни Президент мақолаи олим, тарҷумон ва шоири шинохта Мирзо Кенҷабек таҳти сарлавҳаи «Маҷоз ва ҳақиқати шеърияти Мавлоно Ҷомӣ» дар китоб ҷой гирифтааст, ки дар он доир ба хусусиятҳои ба худ хоси шеърияти мутафаккири бузург сухан меравад.
Қисми асосии маҷмӯа аз ғазалҳо иборат аст. Ин бесабаб нест, чунки се девони Ҷомӣ аз 11 жанри лирикӣ: ғазал, рубоӣ, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, маснавӣ, муаммо, фард... таркиб ёфта, ки онҳо 33 ҳазору 258 мисраъро дар бар мегиранд. 
Маснавӣ, достон, шеърҳои лирикӣ, мисраъҳои интихобшуда, панднома ва мактубҳои маҷмӯаро шоир ва тарҷумонҳо Огаҳӣ, Ғафур Ғулом, Ҳабибӣ, Васфӣ, Чустӣ, Боқир, Анисӣ, Улфат, Шоислом Шомуҳамедов, Сироҷиддин Саййид, Мирзо Кенҷабек, Сулаймон Раҳмон, Ҷонибек Қувноқ, Ҳаёт Неъмат, Хусрав Ҳамидов ва Маҳмуд Ҳасанӣ тарҷума кардаанд. Дар тарҷумаҳо хусусиятҳои бадеиву ғоявии ашъори Ҷомӣ ифода ёфтаанд. 
Ба мунтахабот намунаҳои беҳтарини ашъори Ҷомӣ дохил шудаанд. Инро дар мисоли шеърҳои лирикӣ ва ҳам лирикиву эпикии шоири бузург дидан мумкин аст.
Шоир дар ин ду гуна шеърҳо мавзӯъро ниҳоят васеъ гирифта, дар онҳо нуқтаи назари худро доир ба дӯстӣ, сулҳу салоҳ, ҳаёт ва орзуву умеди халқ, норасоиҳои замона, хусусият ва фазилатҳои инсонӣ, некиву бадӣ, ишқи илоҳӣ ва одобу ахлоқ бо маҳорати баланд ифода намудааст. Гуфтан мумкин аст, ки асоси шеърияти шоирро мавзӯи ишқу муҳаббат  ташкил медиҳад. Муҳаммад Ризо Огаҳӣ (1809-1874) ба сифати шоири зуллисонайн, таърихнигор ва тарҷумони моҳир дар адабиёти классикии ӯзбек мавқеи баландро соҳиб аст. 
Огаҳӣ аз адабиёти тоҷик қариб 20 асари бузургро ба забони ӯзбекӣ бомаҳорат тарҷума карда буд. Яке аз онҳо достони «Юсуф ва Зулайхо» мебошад.
Дар ин достон, ки дар асоси сураи «Юсуф»-и Қуръон офарида шудааст, муҳаббати поку беолоиши инсонӣ бузург дошта шудааст. Ба ифодаи шоир, Юсуф ба туфайли дили пок доштан, босабру бардошт, донишманд ва инсонпарвар буданаш ба эҳтироми бузург сазовор гардида, ҳатто ба дараҷаи вазирӣ расидааст.   
Олим ва академики машҳури тоҷик А. Мирзоев дар мақолаи худ «Образи Алишер Навоӣ дар «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ» иброз доштааст, ки Ҷомӣ дар офаридани тимсоли Юсуф аз фазилатҳои неку наҷиби Навоӣ истифода бурдааст.
Ин асарро, ки салису равон тарҷума шудааст, олими шинохта Нурбой Ҷабборов ба нашр омода намудааст. Дар мунтахабот аз маснавии Ҷомӣ «Силсилат-уз-заҳаб», ки аз се қисм иборат аст, намунаҳо оварда шудаанд ва саропо аз панду ҳикматҳо иборат аст. Онҳоро Васфӣ ва Шоислом Шомуҳамедов тарҷума кардаанд. Онро одобномаи Ҷомӣ низ гуфтан мумкин, зеро Ҷомӣ ба сифати шоири мутафаккир муршиди донишманди тариқати нақшбандия доир ба баланд бардоштани камолоти инсонӣ панду ҳикматҳои зиёде офаридааст.
Дар маҷмӯа намунаҳо аз ҳикматҳои Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти сарлавҳаи «Сатрҳои интихобшуда» низ оварда шудааст. Ҳикматҳо аз тарҷумаҳои Огаҳӣ, Ғафур Ғулом, Ҳабибӣ, Васфӣ, Чустӣ, Улфат, Мирзо Кенҷабек ва Эргаш Очилов интихоб шудаанд.
Пандномаи машҳури Ҷомӣ «Баҳористон» низ дар маҷмӯа ҷой дорад. Панднома аз ҳашт равза (боб) иборат буда, дар он анъанаи падари ахлоқ – Саъдии Шерозӣ идома ёфтааст. Дар асар доир ба ҳаёти шоирони бузург низ маълумотҳо дода шудаанд. 
Дар охири китоб аз мактубҳои Ҷомӣ ба Навоӣ намунаҳо оварда шудаанд. Мактубҳо ҳаҷман кӯтоҳ буда, аз ҷониби баъзе бечораҳол, муҳтоҷ, ҷабрдида, бекас, ғариб ва мусофироне навишта шудаанд, ки ба худи Ҷомӣ муроҷиат кардаанд ва Ҷомӣ барои кӯмак ба онҳо аз шогирди худ илтимос кардааст. 
Хулоса, лозим донистем, ки ба муҳаррири масъул, тарҷумон, олим ва шоир Мирзо Кенҷабек, омодакунандаи нашр Нурбой Ҷаббор, Эргаш Очилов, Сироҷиддин Саййид, Ғайрат Маҷид, ки дар кори мураккаб ва шарафноки мунтахабот саҳм гузоштаанд, миннатдориамонро изҳор намоем.
Маҷмӯаи мазкур, бешак, ба боз ҳам мустаҳкам гардидани дӯстӣ ва робитаҳои адабии халқҳои ӯзбеку тоҷик хидмат мекунад.

Абдусалом АБДУҚОДИРОВ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: