МАҶАЛЛАИ «SOCIETY» ДАР БОРАИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар Вена муаррифии шумораи махсуси яке аз нашрияҳои бонуфузи Австрия – «Society», ки ба Ӯзбекистон бахшида шудааст, баргузор шуд.

Маводи маҷалла бо кӯмаку ёрмандии сафорати кишвари мо дар ин давлат, Ассотсиатсияи «Ӯзбекипаксаноат» ва ҳамдастии сармуҳаррири маҷаллаи Society – бренд-сафири сайёҳии Ӯзбекистон дар Австрия Гертруд Таухаммер омода гардидааст.
Дар муаррифии шумораи махсус қариб 400 нафар намояндагони расмӣ, дипломатӣ, ҷамъиятӣ ва аҳли тиҷорату саноати Австрия ширкат ҷустанд. Ба мулоқот ҳамчунин оилаи шоҳони Габсбург – поягузорони давлати Австрия ташриф оварданд. Чорабинӣ аз ҷониби шабакаи телевизионии федеролии ORF – шабакаи телевизионии Society TV ва як қатор РАО чопӣ равшан карда шуд.
Дар доираи муаррифӣ, ки аз самимият саршор буд, нишондани ниҳолҳои тути аз Ӯзбекистон овардашуда мароқангез буд. Ҳамчунин намоиши либосҳои анъанавӣ ва замонавии аз абрешим дӯхташуда, чошнигирии чойтут, ки соли равон дар кишвари мо бори аввал аз рӯйи технологияи инноватсионӣ истеҳсол гардидааст ва дарси маҳорат бино ба омода кардани оши палав ташкил дода шуд. Меҳмонони чорабинӣ ҳамчунин аз шириниҳои анъанавӣ ва меваҳои хушки Ӯзбекистон баҳра бардоштанд.
Фасли шумораи махсуси маҷаллаи «Society», ки «Ӯзбекистон – марвориди Роҳи абрешим» унвон дорад, 20 саҳифаро дар бар мегирад. Дар маводи боб сухан аз ҳолатҳои муҳими Стратегияи рушди кишвар дар солҳои 2017-2021, мероси таърихию фарҳангии халқ, рушди ҷумҳурӣ дар шароити кунунӣ ва иқтидори сайёҳии он ба миён омадааст.
Дар нашрия ҳамчунин суҳбати ҷонишини Сарвазири Ӯзбекистон А.Абдуҳакимов, собиқ ҳокими вилояти Сурхондарё Э.Турдимов, раиси Ассотсиатсияи «Ӯзбекипаксаноат» Б.Шарифов ва кордори муваққатии Ӯзбекистон дар Австрия Ш.Асадов ба хонанда пешниҳод гардидааст.
Бояд гуфт, ки Society дар натиҷаи муттаҳидшавии «Маҷаллаи СММ», ки соли 1945 бо ташаббуси Канслери федоролии Австрия Карл Раннер таъсис ёфтааст ва маҷаллаи «Society», ки соли 1992 Г.Таухаммер созмон дода буд, ба вуҷуд омадааст.
Намояндагони ҷамъиятӣ, давлатӣ ва аҳли тиҷорату саноати Австрия, созмонҳои байналхалқӣ ва корпуси дипломатӣ муштариёни маҷаллаанд. Он бо теъдоди 500 ҳазор нусха интишор меёбад.

ОИ «Дунё».
ВЕНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: