Маҷаллаи «Business Central Asia»-и Ҳиндустон шумораи моҳи январии худро ба интихоботи парлумон, ки дар Ӯзбекистон баргузор шуд, бахшидааст.
Дар маҷалла мақолаҳои коршиносон, гузоришҳои мушоҳидони ҳиндустонӣ, маводи иттилоотие, ки дар бораи ҷараёнҳои ислоҳот дар Ӯзбекистон нақл мекунанд, матолиби таҳлилӣ дар бораи муносибатҳои ӯзбекистониву ҳиндустонӣ интишор гардидаанд.
Чунончи, дар матолиби таҳти унвони «Дар Ӯзбекистон парлумони навро интихоб карданд», аз ҷумла фаъолнокии ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷараёни ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва мубоҳисаҳо таъкид карда мешавад. Ҳодисаи мазкур на фақат аз афзудани нақши расонаҳои ахбори оммавӣ ва васеъ паҳн гаштани шабакаҳои иҷтимоӣ, балки аз ҷумла дар бораи даврони нави ҷараёни демократикунонии ҷомеаи Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад, қайд мегардад дар мақола.
Муаллифи мақолаи «Ӯзбекистон – кишвари зудтағйирёбанда» дар бораи ислоҳоти мамлакат маълумоти муфассал медиҳад. Қайд мегардад, ки тӯли се соли охир дар Ӯзбекистон тағйироти азим амалӣ шуданд, мамлакат ба олам дар боз кард, ҷамъият ва расонаҳои ахбори оммавӣ беш аз пеш ҷонноктар мешаванд.
Дар мавод таҳти унвони «Иқдоми қатъӣ дар ҳамгароии демократӣ ва стратегияи миллии пешрафт» коршиноси машҳури Ҳиндустон, директори Маркази оид ба масъалаҳои амният ва мудофиа Б.Шарма, ки дар интихоботи парлумонӣ ҳамчун мушоҳиди байналхалқӣ ширкат дошт, тавзеҳоти муфассали худро пешниҳод кардааст.
Дар мақолаи «Дӯстлик»: қадами нави шарикии Ҳиндустон ва Ӯзбекистон дар соҳаи амният» ҳолати кунунӣ ва пешомади ҳамкориҳои ду мамлакат дар ҷанбаи амният таҳлил гардидааст.
Дар шумораи махсуси маҷалла матолиби иттилоотӣ дар бораи овоздиҳӣ дар қитъаҳои интихоботии хориҷӣ низ чоп шудаанд.
«Business Central Asia» яке аз нашрияҳои машҳури Ҳиндустон ба шумор меравад, ки ҷараёнҳои ҳамкории Ҳиндустонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равшан менамояд. Маҷалла дар ҳайатҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқие, ки дар Деҳлӣ номнавис шудаанд, вазорат ва идораҳои Ҳиндустон, ҳамчунин дар доираҳои соҳибкорӣ, коршиносиву таҳлилгарӣ ва илмиву академӣ паҳн карда мешавад.
ОИ «Дунё»,
шаҳри Деҳлӣ.