МАЙДОНЧАИ БАЧАГОНА ОЁ ЗАРУР АСТ?!

Ё ХУД СИНДРОМИ АЙНАКИ СИЁҲ

Ё ХУД СИНДРОМИ АЙНАКИ СИЁҲ
...ман майдончаи бозии замони бачагии худро ёд мекунам. Вай ба мо барои дарки бачагии ҳақиқӣ кӯмак кардааст, агар яке тасодуфан афтода кам ё беш лат хурад, «ярадор»-ро ҳамроҳ ба хонааш бурда, аҳволро ба падару модараш мефаҳмондем. Вазъу ҳолати волидайнро чандон идрок накарда, боз: «Баромада бозӣ кунем, майлаш?» гӯён дӯсти латхӯрдаи худро аз нав ба майдонча мебаровардем...
Он майдончаҳои бозии бачагона хеле содда ва оддӣ, вале мустаҳкаму боэътимод буданд. Падару модарон ба хаёли худ намеоварданд, ки фарзандонашон дар ин бозигоҳҳо азият мекашанд, ё худ аз он ҳам даҳшатовараш, ба ҳалокат мерасанд.
Сохтмонҳое, ки имрӯз дар мамлакатамон бо суръати баланд идома доранду барои аҳолии аз 7 то 70-солаи мо шароитҳои хуб фароҳам меоваранд, моро гоҳ хурсанд мекунанд ва гоҳ ба андеша кардан водор менамоянд. Барои ба ин хурсандии ман ҳамроҳ шудан метавонед тугмаи хостаи телевизионатонро пахш кунед ё ба ҳавлӣ баромада, исботи онро бо чашмони худ бубинед. Дар ин маврид айнак доштан низ шарт нест.
Аммо чизе, ки касро ба андеша ва гоҳе ба хавотир меовараду аз чашмон бардоштани айнаки сиёҳро тақозо менамояд, ҳолати «нобобу хароб»-и майдончаҳои бачагона аст.
 Дуруст аст, ки намои зоҳирии онҳо замонавӣ ва муҷалло мебошад. Ҷиҳозоти ин майдончаҳо аз конструксияҳои оҳанин иборат буда, ба ҳам пайванд карда шудаанд. Ин аст, ки кӯдакону наврасон аз чунин таҷҳизоти филизотӣ зуд-зуд афтода, зонуҳояшон ҷароҳат мебардорад, дасту пояшон лат мехӯрад ва аз он ҳам бадтар шикаст меёбанд. Бинобар маълумоти духтурони шикастубанд бачагон дар чунин майдончаҳо нисбат ба ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт бештар ҷароҳат мебардоранд.
 Мониторинги ҳуҷҷатҳои қонунгузории ба бунёди майдончаҳои бозӣ ва иншооти варзишии бачагон вобаста дар ин бобат мавҷуд будани норасоиҳоро нишон медиҳад. Бахусус Қарори Девони Вазирони ҷумҳурӣ аз 22 декабри соли 2020 «Дар бораи тасдиқ кардани барномаи чораҳои тӯли солҳои 2011-2015 бунёд ва ташкил кардани майдончаҳои бачагона» (ҳуҷҷат 22 феврали соли 2021 аз эътибор бозмонд), Фармоиши вазири Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (муносибатҳои шуғл ва меҳнат) «Дар бораи тасдиқ кардани қоидаҳои риоя намудан ба бехатарии техникии майдончаҳои бачагона» аз 16 июли соли 2012 барин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ хеле кӯҳна шудаанд ва ба талаби замон ҷавобгӯ нестанд. Бинобар он ки ҳуҷҷатҳои мазкур на ҳамчун барномаи иҷрояшон ҳатмӣ, балки ба сифати тавсия қабул шудаанд, дар ин бобат сухангӯён зиёданд: аз дастуруламалҳои мухталифи экологӣ ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба ободонисозӣ ва нигоҳдории нуқтаҳои аҳолинишин ҳама эътибори худро ба ин нигаронидаанд. Вале низоми назорати сохтану ба истифода супурдани онҳо вуҷуд надорад. Решаи асосии муаммо ба масъалаи дар ин кор кӣ масъул будан мепайвандад. Ҳолатҳои аҷибе рух медиҳанд. Аз чӣ бошад, ки баъди ба истифода супурда шудани чунин иншоот ним сол ё соле пас маълум мешавад, ки аз зери ин майдончаҳо хатти нақли об, симҳои коммуникатсионӣ ва боз кадом як воситаҳои дигар гузаштаанд. Сипас, ҳама ба ҷустуҷӯи «ҷавобгарону масъулон» машғул мешаванд.  Бешубҳа мушкилот (тайи чанд рӯз ё худ сол?!) бартараф карда мешавад, вале пӯшондану маҳкам кардани нақбу чуқурии кофташуда, албатта «аз хотир мебарояд!». Дар натиҷа ин нақб ё худ чуқурӣ боиси пайдо гардидани «ахлотхонаи нав», ё худ ҷойи навбатии «ҷароҳатбардорӣ»-и кӯдакон мешавад.
Маълум аст, ки дар доираи Барномаи давлатии соли 2020 аз ҷониби Вазорати хизмати коммуналии хонаву манзил дар тамоми ҷумҳурӣ 389 адад майдончаи бозии бачагона сохта шудаанд. Вале ман ба «эътимодбахшӣ»-и онҳо шубҳа дорам. Мисоли равшани он ба қарибӣ дар мавзеи «Водник»-и шаҳри Тошканд сарозер шудани устуни арғунчаки бозигоҳ ва дар натиҷаи он  фавтидани кӯдаки ҳаштсола мебошад. Ба падару модар аз он ки фарзандаш бо пойи худ барои бозӣ кардан сиҳҳату саломат ба ҳавлӣ баромадаасту аз он ҷо ҷасади беҷони ӯро ба хона даровардаанд, даҳшатноктар боз чӣ манзарае буда метавонад?
Дар давоми зиндагии худ ман ду бор шоҳиди чунин манзараи нохуш гардидам ва бинобар ин ба ин масъала бо масъулияти ҷиддӣ муносибат менамоям. Ҳангоме ки дар ноҳияи Ҳамза (ҳоло Яшнобод) дар вазифаи муовини ҳоким кор мекардам, хабар доданд, ки духтарчаи сесола дар чуқурии ғулба хобондаи назди кӯдакистон афтода ба ҳалокат расидааст. Аҳволу вазъияти модареро, ки духтари худро сиҳҳату саломат ба кӯдакистон оварда, хотирҷамъ аз паси кор рафтаву ногаҳон ин хабари мудҳишро шунидааст, тасаввур кардан бароям бисёр сангин буд...
Бояд ҳар як шахс ба кори худ ҳамчун мутахассис машғул бошад, вазифаи ба ӯ боэътимод супурдашударо аз таҳти дил иҷро кунад, тавре ки роҳбари давлат мунтазам такрор менамояд, «ҷонсӯз» бошад. Зеро сухан дар бораи фарзандони мо меравад. Фикр мекунам, сиҳҳату саломат ба ҳавлӣ баромадану ҳамон хел солим ба хона баргаштан, дар майдончаҳои бачагона бо завқу шавқ бозӣ кардани кӯдакон бисёр чизро тақозо наменамояд. Танҳо бояд огоҳ, масъулиятшиносу вазифашинос бошем, айнаки сиёҳро аз чашмони худ гирифта, мулоҳиза кунем, ба андеша равем.

Гулрух АГЗАМОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: