МАЙДОНЧАИ НАВИ ФУТБОЛ

Баробари амалӣ гардидани Барномаи давлатии «Yoshlar — kelajagimiz» дар байни ҷавонон низ соҳибкорон ба майдон баромада, даст ба бунёдкориҳо мезананд.

 Дар маҳаллаи «Чаманзор»-и ноҳияи Пахтакор Даврон Ҳусанов бар ивази воми дорои ҳафтфоизаи бонк майдончаи замонавии футбол бунёд кард.
– Дер боз орзу доштам, ки дар маҳаллаамон ин майдончаро созам, то ки ҳамсолонам вақтҳои холии худро дар ин ҷо гузаронида, бо футбол шуғл варзанд, – мегӯяд тадбиркори ҷавон Даврон Ҳусанов. – Ҷорӣ гардидани Барномаи давлатии «Yoshlar — kelajagimiz» аз якуми июли соли равон ба ман даст дод. Акнун боз баҳри вусъат додани фаъолияти соҳибкории худ азм дорам.


МУСОБИҚАИ РАФИҚОНА

Дар мактаби варзиши бачагону наврасон ва коллеҷи захираҳои олимпии вилояти Ҷиззах дар байни наврасону ҷавонони аз ҳашт то ҳаждаҳсола мусобиқаи рафиқона бинобар шоҳмот баргузор шуд. Дар ин мусобиқаҳо ҳамчунин шоҳмотбозони вилояти Сирдарё низ бомуваффақият иштирок намуданд.
Назар ба гуфти мураббиён, ин вохӯриҳо барои дар чемпионати Ӯзбекистон ва ҷаҳон муносиб иштирок намудани шоҳмотбозони ҷавон ёрӣ мерасонад. Зеро дар байни чил нафар иштирокчиён шоҳмотбозоне ҳастанд, ки ба чемпионати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр (16-23 ноябр) тайёрӣ мебинанд.
Натиҷаҳо нишон дод, ки аз байни духтарбачаҳо Зуҳро Аллахоноваи ҷиззахӣ ва Зебо Абдуллоеваи сирдарёӣ, аз миёни писарбачагон Азизбек Қувватов ҷойҳои аввалро гирифтанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: